Нашрияи Омӯзгор

Тақдими либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар назди Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маросими расмии ярмарка-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш баргузор гардид.

Дар ярмарка корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳ-соли либосҳои мактабӣ, соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ, асбобу анҷоми мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро барои шаҳрвандон нисбат ба бозор 10-20 фисад арзонтар пешниҳод намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо маҳсулоти ярмарка-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш назди ҷамъомадагон сухан ронда, аз ҷумла, қайд кард, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди онҳо тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Ин буд, ки муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар ҳамкорӣ бо 9 коргоҳи дӯзандагии шаҳр  шартномаҳои дутарафа ба имзо расонидаанд.

Сипас, аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба миқдори 150 адад либоси мактабӣ ба кӯдакони камбизоат ва ятим тақдим карда шуд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш