Нашрияи Омӯзгор

Такмили ихтисос: вазъи фарогирии шунавандагон ташвишовар аст

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сол то сол сатҳу сифати нав касб мекунад. Тибқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус, давоми моҳи январи соли равон дар ҷумҳурӣ 179 курси баландбардории маҳорати касбӣ бо фарогирии 4767 нафар омӯзгору кормандони соҳаи маориф гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар донишкада барои хоҳишмандон 18 курси омӯзишӣ – 13 курси забони англисӣ бо фарогирии 143 нафар, курси технологияи иттилоотӣ бо фарогирии 13 нафар ва ғайра ташкил карда шудааст.

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия давоми моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ курси бозомӯзӣ барои омӯзгорони забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи таълимии 500-соата гузаронида шуд. Мусаллам аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми кишвар аз 15.01.2018, №96 ташкилу баргузории курсҳои омӯзишии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои омӯзгорони фанҳои табиӣ  ва технологияи иттилоотии ҷумҳурӣ дар доираи ҳамкориҳо бо «Барномаи дастгирии таҳсилоти  босифат»-и Иттиҳоди Аврупо дар 3 марҳала ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби МД ДҶТИБКСМ 592 курси омӯзишӣ бо фарогирии 22547 нафар шунаванда ташкил ва баргузор карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 614 курси баландбардории маҳорати касбӣ бо фарогирии 14982 нафар ва 110 курси омӯзишии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо ҷалби 2316 нафар дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и  ЮСАИД гузаронида шуд, ки 1316 курсро бо фарогирии 39902 нафар дар бар гирифтааст. Ба хотири муайян намудани сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос дар раванди машғулиятҳои омӯзгорон дар курсҳои мазкур  мунтазам мониторингҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ баррасӣ карда мешавад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории Шӯрои олимони муассиса мониторинги сифати таълим дар 19 курси такмили ихтисос гузаронида шуд, ки 326 шунавандаро дар бар мегирифт. Дар филиали донишкада дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 154 курси такмили ихтисос баргузор шудааст, ки дар онҳо 3880 нафар шунаванда ширкат намудааст. Дар филиали муассиса дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бошад, 230 курси такмили ихтисос ва омӯзишӣ гузаронида шудааст, ки дар ин курсҳо 6448 нафар такмили маҳорати касбӣ намудаанд. Дар 9 семинари махсуси  филиал 247 нафар омӯзгор ва корманди соҳа иштирок кардааст. Дар 6 ҷаласаи шӯрои илмӣ – методии филиали донишкада дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 30 масъала баррасӣ гардида, инчунин, 392 курси такмили ихтисос бо фарогирии 12152 нафар шунаванда баргузор гардидааст. Таҳлили иҷрои нақшаи фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос нишон медиҳад, ки масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар масъалаи таъмини шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос бемасъулиятӣ зоҳир намуда, нақшаи фарогирӣ ба курсҳои номбурдаро иҷро накардаанд. Аз ҷумла, нақшаи мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нисмсолаи аввал ҳамагӣ 89 фоизро ташкил додаасту халос. Мувофиқи нақша аз ноҳияҳои Файзобод бояд 140 нафар дар курсҳои такмили ихтисос иштирок мекарданд. Аммо аз ин теъдод 123 нафар ба КТИ фаро гирифта шудаанд, ки ин 87, 8 фоизро ташкил медиҳад. Аз шаҳри Роғун аз 95 нафар шунаванда ҳамагӣ 44 шунаванда, навоҳии Нуробод аз 97 нафар 82 шунаванда (84, 5%), Сангвор аз 87 нафар шунаванда 61 нафар (70%), аз Рашт аз 161 нафар 106 шунаванда (65, 8%), аз Тоҷикобод аз 98 нафар 39 шунаванда (39, 7%) ва аз Лахш аз 128 нафар 74 шунаванда (74%) иштирок кардаанд, ки ин дар умум аз 2478 нафар устодону омӯзгорон ба КТИ тибқи нақша фаро гирифта мешуда 2204 нафарро  дар бар гирифтааст. Вазъи ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намудани шунавандагон дар филиалҳои ДҶТИБКСМ дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд низ нигаронкунанда мебошад. Иштироки устодону омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос дар марҳилаи якум (аз 01.06 то 15.06.2018) низ ташвишовар аст. Боиси нигаронист, ки аз 14 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз 175 нафар дар маҷмӯъ, танҳо 131 нафар шунаванда ба КТИ фаро гирифта шудаанд. Дар марҳилаи дуюм (аз 18.06 то 30.06.2018) аз 14 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз 125 нафар 108 шунаванда ба КТИ фаро гирифта шудаанд. Дар ин марҳила низ аз шаҳру навоҳии Роғун, Сангвор ягон нафар дар курсҳои такмили ихтисос иштирок накардаанд. Аз Рашт аз 8 нафар 2 шунаванда, аз Тоҷикобод аз 5 нафар 2 шунаванда ва аз Лахш аз 6 нафар 4 шунаванда ба  КТИ ҷалб гардидаанд, ки ин аз бепарвоиву фориғболии масъулон ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои зикр-шуда дарак медиҳад.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи фарогирии шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи тахассус, пеш аз ҳама саҳлангорӣ ва бемасъулиятии масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин, ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ барои сафархарҷии шунавандагон аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сабаби он гардид, ки бисёре аз шунавандагон аз иштирок дар курсҳои бозомӯзӣ даст кашиданд. Дар нимсолаи дуюми соли равон бояд дар асоси нақша аз шаҳри Турсунзода 282 нафар, ноҳияи Шаҳринав 157 нафар, шаҳри Ҳисор 262 нафар, ноҳияҳои Варзоб 89 нафар, Рӯдакӣ 278 нафар, Файзобод 115 нафар, Нуробод 76 нафар, Сангвор 55 нафар, Рашт 124 нафар, Тоҷикобод 79 нафар, Лахш 89 нафар ва шаҳрҳои Ваҳдат 234 нафар, Роғун 60 нафар шунаванда ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Аммо вазъи иштироки устодону омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос дар нимсолаи аввал бозгӯйи он аст, ки роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Файзобод ва чанди дигар ба масъалаи номбурда «аз паси панҷа» нигариста, дар ҳалли мусбати проблемаи баамаломада бепарвоии комил зоҳир менамоянд. Аз оғози соли равон бо мақсади рафъи камбудиҳо ва иҷрои нақшаи фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос раёсати ДҶТИБКСМ чораҳои мушаххас андешида, ба ҳама раисони шаҳру ноҳияҳо ва раёсату шуъбаҳои маориф мактуби расмӣ ирсол намуда, аз масъулин тақозо кард, ки ҷалби шунавандаҳоро дар курсҳо таъмин намоянд. Ҳамчунин, мушкили дигар, ки нарасидани кадрҳои баландихтисоси дараҷаи илмидошта буд, бо талошҳои пайгиронаи раёсати донишкада ҳалли худро ёфт. Ҳайати омӯзгорони кафедраҳо бо дотсент ва профессорҳо пурра гардидааст.

 

Имомназар Холназаров,

омӯзгори калони кафедраи

 иқтисод ва идора дар соҳаи

 маорифи МД ДҶТИБКСМ,

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш