18.08.2020 узви вобастаи АМИТ Тошбой Бобоев аз олам даргузашт. Ӯ 20 декабри 1942 дар оилаи омӯзгор ва собиқадори маорифи ҶШС Тоҷикистон Бобо Раҳимов, дар деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1963 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва пасон шуъбаи аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС-ро (1968) хатм кардааст.
Тошбой Бобоев соли 1970 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони дотсентӣ ва соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Тошбой Бобоев дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1963), ходими хурди илмӣ (1969), ходими калони илмӣ (1972), сардори бахши илмӣ-таҳқиқотии УДТ (1974), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1978; 1991—2010) ва дотсент (1989) кор кардааст.
Профессор Тошбой Бобоев яке аз асосгузорони равияи ҷадиди илм — «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бардоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Тошбой Бобоев машғули тадқиқотҳое будааст, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут (Россия) мавриди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд. Бобоев муаллифи як монография, беш аз 150 мақолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 29 воситаи таълимӣ ва 10 дастури методӣ буда, барои ихтирооти нав соҳиби 9 шаҳодатнома шудааст. Ӯ, инчунин, раиси Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва узви таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллӣ» буд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр