Нашрияи Омӯзгор

Гулназар Келдӣ

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

 Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 13.07.2020 дар 75-солагӣ  ба сабаби беморӣ аз олам даргузашт.

Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ», нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом расондааст. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома бахшидааст. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст.  Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият пардохтааст.

Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз беш аз чил маҷмӯаи ашъори ӯ  пешкаши дӯстдорони  каломи бадеъ гардидааст, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ»…  аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Гулназар Келдӣ, ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Хотираи неки адиби маъруфи миллат Гулназар ҷовидонист.

Бо сухан кори ялонро кард ӯ

 

Дар сӯги устод Гулназар

Боз як марди бузург аз мо бирафт,

Машъали нурафкани маъво бирафт.

Гарчи буд ӯ номдору шуҳраёр,

Бе шару шӯру сару савдо бирафт.

 

Баски бурд аз байни моён (ҳайф, дард!)

Ин сухангӯйи наҷибу шермард,

Ҳар ватандори баору пурҷигар

Бо аҷал имрӯз бошад дар набард!

 

Аз миён рафту Сурудаш зинда монд,

Гуфтаҳое аз вуҷудаш зинда монд!

Дар ниҳоди тоҷики рӯйи ҷаҳон

Ҳам суруду ҳам дурудаш зинда монд!

 

Бо сухан кори ялонро кард ӯ,

Бо қалам кори синонро кард ӯ!

Офаринаш, дар сафи сулҳофарон

Посдорӣ тоҷиконро кард ӯ!

 

Аз ҷаҳон рафту диёри тоҷикон

Гирадаш андар канори тоҷикон!

Бо чунин фарзанди поки Гулназар

Гул кунад боғи мазори тоҷикон!

 

Ёд бодо шоири ширинзабон,

Шоири нозукбаёни тоҷикон!

Рафт ӯву ёди ӯ поянда бод

Дар ниҳоди тоҷикон то ҷовидон!!

Асрори Сомонӣ

 

Ҷовидонӣ

 

То миллати поки тоҷвар зинда бувад,

То дар сари мо шамсу қамар зинда бувад,

Бо рӯҳи тавонову ба неруи сухан

Дар олами шеър Гулназар зинда бувад.

 

Абдурауф Муродӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш