Нашрияи Омӯзгор

Хонед, аҷиб аст!

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Туҳфаи баъд аз марг

Энтони ном шаҳрванди  Амрико бо меҳмоннавозӣ ва инсондӯстии худ ном бароварда буд. Мӯйсафеди 85 – сола дар охирин лаҳзаҳои умраш низ ба наздикон хубӣ карданӣ шуда, пеш аз марг рақамҳои гуногунро такрор кард. Фарзандони назди болини падар ҷамъомада  ин рақамҳоро ҳамчун суханҳои пешазмаргии падар барои худ навишта гирифтанд.

Баъд  аз ба хок супоридани Энтони писари калонияш лотерея хариду онро бо рақамҳои номбаркардаи падар пур кард. Чанд рӯз баъд тавассути телевизион бурди бозиро намоиш  доданд, ки лотереяи мӯйсафед бисту се ҳазору панҷсад доллари амрикоӣ бурд карда буд.

 

Қабилае ҳаст, ки…

Қабилаи коровайҳо қариб ҳазор нафарро дар бар мегирад. Ин қабила то солҳои 90 – уми асри 20 ба касе маълум набуд. Сайёҳон қабиларо тасодуфан дар ҷангалзори Гвинеяи Нав пайдо карданд. Бошишгоҳи онҳоро аз чор тараф  ҷангали анбӯҳ  иҳота мекунад ва шеваи зиндагии ин қабила маймунҳоро ба хотир меорад. Аъзои қабила бо асбобҳои оҳанӣ шинос нестанд ва ҳоло ҳам табарҳои сангин, найзаю хаданги чӯбинро истифода мебаранду кордҳои худро аз устухон месозанд. Хонаҳои катакмонанди худро онҳо дар болои дарахтон месозанд ва деворҳои онҳо аз шоху барг иборатанд. Мардону занон ва бачаҳои хурд бо фаро расидани торикӣ чолокона ҷойи худро ишғол мекунанд ва то субҳ аз «болохона» - и худ поён намеоянд.

Як сабаби дер ошкор шудани ин қабила шояд он бошад, ки онҳо мардуми сафедпӯстро қувваи бадӣ ва вайронкунандаи низоми рӯзгори осудаи худ меҳисобанд ва аз мулоқот бо сафедпӯстон мегурезанд. Аҳли ин  қабила аз барг сигор сохта, дуд доданро дӯст медоранд.

 

Мори дусараву чорчашма

Чандест, ки олимони  испанӣ сари бозёфти як фермери оликантӣ майна об мекунанд. Ин хоҷагидор аз майдони кишташ мори 20 - сантиметраеро дошт, ки ду сару чор чашм дорад. Ҳар кадоме аз сарҳо мустақиланд ва ҳатто, вақти хӯрокхӯрӣ барои луқма байни ҳам хархаша мекунанд. Аз хурдии синну соли онҳо (9 – моҳа) ҷинсияташонро муайян карда наметавонанд. Ҳаракати хазандаҳо зери назорати доимисту умед доранд, аз ин «муъҷиза» насле гиранд. Олимон тадқиқ мекунанд, ки ин хазандаи хилофи қоидаи табиат бадунёомада камбудии генетикист ё чизи дигар.  

 

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш