Илҳом аз ҳамин ном шеъри Абдурауф Муродӣ
Вақти он аст, ки мо шоду ғазалхон бошем,
Шод аз бахти наку, гардиши даврон бошем.
Вақти он аст зи худ кинаварӣ дур кунем,
Гӯш бар панди наку, панди ниёгон бошем.
Вақти он аст, ки аз ғайрпарастӣ бираҳем,
Меҳргону Садаро тоза нигаҳбон бошем.
Вақти он аст, ки аз хешпарастӣ гузарем,
Рӯ ба мардони Худо, ҳазрати Инсон бошем.
Вақти он аст, ки киште бикунем аз сари сол,
На ки аз ғофилиҳо сахт пушаймон бошем.
Вақти он аст, ки кишвар ҳама обод кунем,
Ки ба паҳнои ҷаҳон қиссаву дастон бошем.
Мирзосаид Муъминов,
омӯзгори мактаби №25-и шаҳри Хуҷанд,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр