Нашрияи Омӯзгор

Хазинаи тиллоии таърихи миллат

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Чунонки маълум аст, имсол дар ҷумҳурӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500-солагии Саразми бостонӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Дар хусуси ин ёдгории таърихӣ асарҳои фаровони тадқиқотӣ, матолибу мақолаҳо аз ҷониби муаррихон ва олимони соҳаҳои гуногун таълиф гардидаву ковишҳои археологӣ аз замони кашфи Саразм то ба имрӯз ҳамчунон идома  ёфта истодааст. Бо қарори Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидани китоби олими пуркор, доктори илмҳои филологӣ Саид Шербоев бо номи «Саразм-оинаи тамаддуни халқи тоҷик» аз ҳамин қабил асарҳо маҳсуб ёфта, таассуроту бардошт ва мушоҳидаю андешаҳои ҷолиби муҳаққиқро тӯли сафари кӯтоҳаш (аз 20 то 25 январи соли 2020) аз мавзеи  таърихии мазкур дар бар гирифтааст. Ба таъкиди С.Шербоев, муҳимият ва аҳамияти ин бозёфти таърихӣ аз  натиҷаҳои ҳафриёти зиёда аз 40 – сола дар Саразми бостон ба даст омадааст. То  бо пешниҳоди Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, бо қарори созмони ЮНЕСКО ба ҳайси Мамнуъгоҳи таърихии бостоншиносӣ эътироф гардидани Саразми куҳан, огоҳию иттилои мардум аз  ин ёдгории қадима хираю норӯшан буд. Дар Саразм таҳқиқоти илмӣ ҳанӯз аз соли 1977 оғоз ёфта, дар муддати 45 рӯз дар 19 мавзеъ, ки дар маҷмӯъ, 1 гектар заминро дар бар гирифтааст, идома меёбад. Аз гуфтаҳои С.Шербоев бармеояд, ки дар масъалаи оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Саразм саҳми сокини деҳаи Авзалии ноҳияи Панҷакент Ашӯралӣ Тайлонов хеле  калон мебошад. Маҳз табари аз мис сохташудае, ки ин мард дарёфта буд, ба ҷустуҷӯҳои бостонию таърихии Саразм ҳусни оғоз бахшид. Таҳти роҳбаладии А.Тайлонов, дуртар аз ҳавлии ӯ базаи археологӣ таъсис дода шуд ва дар мавзеи Саразм он солҳо 40 ёдгории бостонӣ дар-ёфт  карда шуд.

 Дар боби 2-и асар – «Кушоиш»: ҷустуҷӯҳои босубот ва нахустин бозёфтҳо» С.Шербоев дар хусуси тадқиқотҳои баъдина  дар мавзеи Саразм муфассалан маълумот дода, ин равандро  ба соли 1977 мансуб медонад, ки то имрӯз идома ёфта истодааст. Баъд аз баргузор шудани Анҷумани байналхалқӣ дар соли 1982 дар шаҳри Душанбе, соли 1984 экспедитсияи байналхалқии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм таъсис дода шуд, ки зери назорати президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) шодравон, М.Осимӣ корҳои кофтуковиро дар ин самт шурӯъ намуд. С.Шербоев дар хусуси фаъолияти пурбори аъзои экспедитсияи  мазкур ва махсусан, фаъолияти муаррих А.Исҳоқов дар ин мавзеъ хотирнишон месозад, ки «А.Исҳоқов таъкид мекунад, ки ҳангоми соли 1986 қабат ба қабат аз муоина гузаронидани хоки ҳафриёти мазкур деворҳои ду бинои қадимисохт пайдо шудааст. Баъди ба анҷом расидани ковишҳо, мувофиқи талаботи илми бостоншиносӣ барои равшан намудани таркиби хок дар гӯшаи яке аз хонаҳои истиқоматӣ хандақ кофтем. Дар рафти ҳафриёт ба қатори сангҳо дучор шудем, ки онҳо шакли мудаввар дошта, бетартиб, ҳалқамонанд, мисли девор чида шуда буданд. Баъд аз чанд рӯз мо онро пурра кушодем, дохили  девор ба 150 метри мураббаъ баробар буда, масоҳати он  45 метр ва 60-70 см баландӣ дорад».

Дар бобҳои дигари асар аз  раванди идомаи ҳафриёт дар мавзеи Саразм, хулосаҳои нави илмӣ, оид ба санъатҳои ҳунарӣ дар мавзеи зикршуда, муаррифии Саразм ба ҷаҳониён ва омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, ба мавзеи бузурги сайёҳӣ табдил ёфтани он сухан  меравад. Ҳамчунин, С.Шербоев дар боби «Нахусткашшофи Саразм-Абдуллоҷон Исҳоқов» дар бораи фаъолияти илмии муаррихи фидокор, идомадиҳандаи ковишҳои бостонӣ дар мавзеи Саразм А.Исҳоқов маълумоти пурарзиш ироа намудааст. Перомуни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент иттилоъ дода, муаллифи китоб, аз ҷумла, қайд мекунанд,

«Имрӯзҳо дар Панҷакент, дар тамоми ҷамоатҳои он ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ 240 рӯзи корҳои ободониву хуррамгардонӣ эълон шудааст, ки дар ин ҷода аз як гиребон сар баровардани мардуми шариф ва меҳнатдӯсту меҳмоннавози онро метавон дар ҳар сари қадам эҳсос намуд. Мардуми бофазлу хиради шаҳр таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳисси масъулиятшиносии хеш баҳри суботкорона ба анҷом расондани сохтмони иншооти ҷашнӣ ва боз ҳам бештару беҳтар ободу хуррамгардонии ин диёри зебоманзару биҳиштосои хеш камари ҳиммат бастаанд».

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш