Нашрияи Омӯзгор

Мазҳабфурӯшии наҳзатиён

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Ҳақиқате, ки инкор карданаш ғайримумкин аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли 2018 аз фаъолияти тахрибкорона, хиёнат ба давлату миллат ва ҷиноёти сангини роҳбарон ва аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари давлат зимни суханронии ҳикматбори худ бо такя ба далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ ишора бар он доштанд, ки пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.

Пас аз ифшои ин ҳақиқат роҳбарони фирории ҲНИ ва хоҷагонашон ба изтироб афтода, боз як маъракаи иттилоотиро барои инкори ин воқеият ба роҳ монданд. Аз ҷумла, роҳбари ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ М. Кабирӣ аз тариқи сомонаҳои дурӯғпарокану ифротгарои зери назораташ ба ин мавзӯъ пардохта, дар мусоҳибаҳои худ талош намудааст, ки наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода,  шиа шудани онҳоро пинҳон намояд. Вале, тавре дар масали халқӣ мегӯянд: «Офтобро бо доман пӯшондан намешавад».

Албатта, мазҳаби шиаро қабул кардани наҳзатиён дигар бидуни шубҳа аст. Далелҳои бешумор, шоҳидии аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёд исбот мекунанд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби аслии худро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Раванди гароиши наҳзатиҳо ба мазҳаби шиа ҷараёни тӯлонӣ дорад. Ин раванд нахуст аз таваҷҷуҳи роҳбарони ҲНИ ба Инқилоби исломии Эрон оғоз шуда, дар шакли робитаҳои сиёсию вобастагии молиявии онҳо аз доираҳои шиапараст ва зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии Ҷумҳурии Исломии Эрон идома ёфта, дар ниҳоят, ба пайравӣ ва қабули мазҳаби шиа аз тарафи роҳбарони ин ҳизб анҷомид.

Бинобар ин, ҳамчун яке аз шоҳидони бевоситаи раванди шиашавии роҳбарияти ин ҳизб, мехостам чанд далели раднашавандаро дар ин бора пешниҳод намоям. Ин ҷо масъаларо баррасӣ накарда, фақат факту далелҳои ошкорро пешкаш менамоем, то худи хонандаи ҳушманд дар ин маврид хулосаи зарурӣ барорад.

Санадҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аксари роҳбарияти ҲНИ ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз худро муриди роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ дониста, ӯро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Хумайниро ҳамин тавр номида, ба ҷойи Қуръону ҳадис китобҳои мазҳаби шиаро мехонанд. Баъзе роҳбарони наҳзатӣ, аз ҷумла, С.А.Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Саъдиддини Рустам, Бобоҷон Қаюмов ва ғайра дар васфи Хумайнӣ чандин мақолаю  шеъру рубоию достон навиштаанд, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои ҲНИ чун «Наҷот» ва «Сафина» ба таври муназзам чоп шудааст. Дар ин бора ҳар кас метавонад саҳифаҳои ин нашрияҳоро варақ занад. 

Шиорҳо ва даъватҳое, ки пайравони ТТЭ ҲНИ дар митингҳои солҳои 1991-1992 истифода мекарданд, иртиботи қавии наҳзатиҳо бо Эрон ва мазҳаби шиаро нишон медиҳад. Масалан, «Роҳи мо роҳи Алист, бирав, гум шав, коммунист!», «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту!», «Ҳам шиъаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Хумайнӣ», «Аллоҳу Акбар, Хумайнӣ раҳбар!», «Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!» ва монанди инҳо. Афроди огоҳ хуб медонанд, ки шиорҳои наҳзатиҳо такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиаён аст. Фаъолони наҳзатӣ - Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддин ва Саъдиддини Рустам ин шиорҳоро дар майдони Шаҳидон ҳар рӯз бо баландгӯяк мехонданд ва аъзои ҲНИ онро такрор мекарданд. Сабти ин саҳнаҳо барои таърих боқӣ мондааст.

Далели дигаре, ки дараҷаи олии пайравию пойбандии наҳзатиён аз мазҳаби шиаро исбот мекунад, ин аст, ки аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ фарзандони худро бо номи имомони мазҳаби шиа, охундҳои машҳури шиа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Рӯҳуллоҳ, Ҳусайнӣ, Боҳунар, Чамрон, Ҳоирӣ, Заҳро ва ғайраҳо номгузорӣ кардаанд. Масалан, фарзандони худи асосгузори ҲНИ С. А. Нурӣ - Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони роҳбари феълии ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ - Рӯҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси ҲНИ Саидумар Ҳусайнӣ - Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсиддин Саидов - Рӯҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни Инқилоби исломии Эрон аст, ки ба таври анъанавӣ барои тоҷикон хос нест. Илова бар ин, он роҳбарони ҳизби наҳзат, ки дар аввал номҳои хоси аҳли суннат доштанд, пас аз пазируфтани мазҳаби шиа номҳои худро бо номҳои «шиагӣ» иваз карда, ё тахаллусҳои шиагӣ гирифтанд.

Далели дигари гароиши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба мазҳаби шиа дар он аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилот дар мадрасаҳои динии Эрон дарс хонда, мазҳаби шиаро қабул намуданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИ пурра аз тарафи марказҳои мазҳаби шиа таъмин мешуд.

Баъд аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаҳои аъзои ҲНИ бо мазҳаби шиа боз ҳам бештар шуд. То манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзои ин ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои мазҳабии Эрон дарс мехонданд. Аксари онҳо дар шаҳри Қум (маркази оламии мазҳаби шиъа), шаҳри Гургон ва дигар ҷойҳои Эрон таҳсил мекарданд ва ба мазҳаби шиа дохил шуда буданд. Вақте қарор дар бораи баргардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷ қабул шуд, фиристодаҳои наҳзат аз иҷрои он сарпечӣ карда, аз мадрасаҳои Эрон барнагаштанд. Онҳо таҳсили худро то имрӯз ҳам давом дода истодаанд.

Манбаъҳои муътамад тасдиқ мекунанд, ки ҳоло беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзои ҲНИ дар мадрасаҳои динии шаҳри Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд ва ё дар ин кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Эрон зиндагӣ мекунанд. Шояд баъзе аз ин мисолҳоро ба гузашта мансуб донем, аммо имрӯз, яъне пас аз дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИ ва аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон ҳизби экстремистию террористӣ эълон шудани он, боз ҳам зиндагӣ ва таҳсили аъзои оилаи роҳбарон ва пайравони ТТЭ ҲНИ дар марказҳои динии ҶИЭ идома дорад. Рӯйхате, ки дар зер пешниҳод мешавад, на ба гузашта, балки маҳз ба имрӯз, яъне ба миёнаи соли 2018 тааллуқ дорад;

1. Абдуллоева Шаҳриниссо Сабурхоновна, ҳамсари С.А.Нурӣ, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисола, Болошаҳри Теҳрон;

2. Саидов Муҳаммад Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо ҳамсар ва фарзандонаш, истиқоматкунандаи маҳаллаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон; 

3. Саидова Руқия Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1972, бо аъзои оилааш, истиқоматкунандаи маҳаллаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон; 

4. Абдусатторов Абдусамад Ҳакимович, домоди С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо  ҳамсар ва фарзандонаш, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисолаи Болошаҳри Теҳрон;

5. Бобоев Абдусаттор Хоҷаевич, узви раёсати ТТЭ ҲНИ, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон, маҳаллаи Саодатобод, шаҳраки Посоргод, бинои №31; (ба Аврупо рафта меояд)

6. Кабиров Маҳмадсолиҳ Тиллоевич, бародари М.Кабирӣ, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон

7. Гадоев Файзулло Саидович, соли таваллудаш 1986, толибилми риштаи сиёсии Донишгоҳи Ҷомеат-ал-Мустафои шаҳри Қум, бо ҳамсараш Одинаева Бунафша ва фарзандонаш Муҳаммад, Марям, Мустафо ва Райҳона, истиқоматкунандаи шаҳри Қум, писари Саид Иброҳими Назар;

8. Рӯҳуллои Саид, толибилми риштаи сиёсии Донишгоҳи Ҷомеат-ал-Мустафои шаҳри Қум бо ҳамсараш Бобоева Моҳистон ва фарзандонашон Алӣ, Фотима ва Тайиба, писари Саид Иброҳими Назар;

9. Саидов Рӯҳулло Шамсиддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Машҳад, толибилми риштаи пизишкии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, домоди Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва писари Шамсиддини Саид;

10.Саидов Ҳикматуллоҳ Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1982;

11.Саидова Оиша Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1980;

12.Ваҳҳобов Азимҷон Азизович, раиси ҲНИ дар минтақаи Қурғонтеппа,  соли таваллудаш 1976;

13.Фаризаи Шоҳнаим, духтари узви раёсати ҲНИ Кузов Шоҳнаим, соли таваллудаш 1994;

14. Бурҳонов Юнус Аббосович,  идеологи ТЭТ ҲНИ, бо зану фарзандони хурдсолаш дар шаҳри Занҷони вилояти Занҷон зиндагӣ мекунад.

15. Бурҳонов Маҳмуд Аббосович, ширкати хусусии “Бухорои Шариф” - ро дошта, ба тиҷорати хушкмева аз Эрон ба Русия машғул аст. Дар шаҳри Қум, шаҳраки Пардисон, хиёбони Оқо Юсуфӣ, кӯчаи 22, бинои рақами 9 бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад.

16. Бурҳонов Муҳаммадалӣ Юнусович (писари Бурҳонов Ю.А.), муҳассили «Ҷомеат- ул-Мустафо ал-оламия», дар шаҳраки Пардисони Қум зиндагӣ мекунад. Ӯ тарроҳ, таҳиягар ва масъули техникии сомонаи “Кимиёи саодат” аст.

Айни замон ному насаби 328 сокини вилояти Хатлон муайян шудааст, ки дар мадрасаҳои динӣ ва донишгоҳҳои ҶИЭ ба таври ғайриқонунӣ таълим гирифтаанд. Аксари онҳо бевосита дар мадрасаҳои динии шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Хош, Гургон ва Машҳад, ки дар онҳо пурра аз рӯйи мазҳаби шиа дарсҳо ба роҳ монда шудааст, таълим гирифтаанд.

Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни наҳзатиён курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати таълимоти сиёсию мазҳабӣ ташкил мешаванд.

Ҳамзамон, намояндагони хадамоти махсуси ҶИЭ зери пӯшиши кормандони марказҳои мазкур фаъолият бурда, шумораи зиёди ҷавонони ҷумҳуриро ҷалб ва барои таҳсил ба донишкадаву мадрасаҳои ин кишвар равон намудаанд. Фақат дар моҳи сентябр ва октябри соли 2012 ду гурӯҳ иборат аз занону духтарони фаъоли ҷумҳурӣ бо ташаббуси муовини раиси ТТЭ ҲНИ Муҳаммадкарими Орзу ва сардори шуъбаи кор бо занони он Парвина Иброҳимзод аз ҳисоби Ройзании фарҳангии Эрон барои таълим дар курсҳои даҳрӯза ба мадрасаи «Ҷомеат-ул-Мустафо ал-оламия» ва ба шаҳри Теҳрон фиристода шуданд.

Ҳамин тавр, оҳиста - оҳиста ТЭТ ҲНИ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати байналхалқии ташайюъ даромада, ҳатто ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси он М.Кабирӣ дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва ё шиагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад. Он як тарҳи бузурги сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикии Эрон буда, роҳбарии онро собиқ вазири корҳои хориҷии ҶИЭ ва ҳоло мушовири роҳбари мазҳабии Эрон дар масъалаҳои байналхалқӣ, доктор Алиакбари Вилоятӣ ба уҳда дорад. «Бедор кардани мусулмонон» дар ин ташкилот ба маънои бар зидди давлату миллатҳои худашон шӯрондану хезондани мусулмонон дар ҳар кишвари олам аст.

Роҳбари ҲНИ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳонии шиаён шуд. Ин далел ҳам нишон медиҳад, ки роҳбарияти ҲНИ амалан мазҳаби шиаро қабул карда буд, чунки дар ин ҳаракати махфии сиёсии ифротӣ ҳаргиз намояндагони аҳли суннатро қабул намекунанд.

Гароиши ТТЭ  ҲНИ ба мазҳаби шиа дар ин ҳам дида мешавад, ки дар рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта мақолаҳои тарғибкунандаи мазҳаби шиа чоп мешуд. Масалан, рӯзномаи «Наҷот» ҳамаи баромадҳои Оятулло Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эронро чоп мекард ва он дар байни аъзои ТТЭ ҲНИ хонда, чун «паёми валии амри муслимин» таблиғ мешуд.

Марҳилаи дигари раванди шиашавии наҳзатиён дар он ифода мешавад, ки аз солҳои 2000 то имрӯз дар байни аъзои қатории ҳНИ ҳам гароиш ба мазҳаби шиа пурзӯр шуд. Дар ин давра, аз ҷумла, дар деҳаи Кӯли шаҳри Кӯлоб, дар маҳаллаи Хоҷаи Пири шаҳри Истаравшан,  дар қитъаи 2-юми ноҳияи Мастчоҳ, дар маҳаллаҳои 34, 35, 18 - и  шаҳри Хуҷанд даҳҳо оилаи наҳзатиҳо аз мазҳаби ҳанафӣ рӯ тофта, мазҳаби шиаро қабул карданд.

Бо даъвату ташвиқи бевоситаи яке аз роҳбаладони шиашудаи наҳзатӣ М.Раҳимҷонов бо лақаби «Домулло Маъруфҷон», то имрӯз зиёда аз 120 нафар сокини вилояти Суғд, аз ҷумла, аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ ба таври ғайриқонунӣ дар мадрасаи  шаҳри Қуми Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Номбурда дар ин давра тавассути шогирдони худ маводи тарғибкунандаи мазҳаби шиаро дар ҷумҳурӣ паҳн менамояд. Чунончи, соли 2009 сокинони шаҳри Истаравшан Акрам Зиёдуллоев, Увайдулло Хусейнов (бо тахаллуси «Субҳӣ Ҷавҳаризода»), бо истифода аз имкониятҳои сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври пинҳонӣ адабиёти динии «Марворид» ва «ғазза» - ро, ки ба мазҳаби шиа мансуб буда, ғояҳои ҷангҷӯёнаи ҷунбиши «ҳамос» (ҳаракати муқовимати исломии Фаластин) - ро дорад, ворид намуданд.

Шогирди асосӣ ва домоди М.Раҳимҷонов – Юнус Бурҳонов маъруф ба «Сайидюнуси Истаравшанӣ», аз соли 1994 то соли 1999 дар мадрасаи динии шаҳри қум таҳсил карда, мазҳаби шиаро қабул намудааст. Ӯ бо ҳамаи бародарҳо, хоҳарон, фарзандон, хешу таборҳо мувофиқи мазҳаби шиа зиндагӣ карда, тибқи он намоз мехонад. С.Истаравшанӣ ҳоло ҳам дар ҶИЭ истиқомат дошта, бо сарпарастии мақомоти махсуси он сомонаи интернетии «Кимиёи Саодат» - ро таъсис дода, бар зидди давлату миллати Тоҷикистон фаъолият мебарад. 

Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо» - и ин ангуштар дар мазҳаби шиа ин аст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиаён дурӯғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиа аст, ки дар китобҳояшон омадааст. Борҳо дида шудааст, ки роҳбарони шиашудаи ТТЭ ҲНИ ҳам ин қоидаи мазҳаби шиаро бисёр истифода мекунанд. Бо фатвои оятуллоҳои мазҳаби нави худашон нигини ангуштарашонро дарун тоб дода дурӯғ гуфтан мегиранд. Ба касе, ки бошад, ба падар, модар, зан, фарзанд, халқ, дурӯғ гуфтан мегиранд. 

Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии наҳзатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Пас, суханони асосноки Пешвои миллат, мақомот ва уламои исломии Тоҷикистон дар бораи мазҳаби бегонаро қабул кардани пайравони ҳизби наҳзат ҳақиқатест, ки инкори он ҳаргиз имкон надорад.  

Ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам – Абӯ Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад.

Нозим НУРОВ,

ходими калони илмии АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш