Назира Султонова хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2000 дар мактаби №5-и шаҳри Душанбе ҳам мудирии китобхонаи мактабиро ба уҳда дораду ҳам ба хонандагон аз фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ дарс мегӯяд.
Пешбурди ду ихтисос барои Назирабонуи омӯзгор душворӣ намеорад. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба хондани шеъру ҳикояву роману повестҳои нависандагони тоҷику рус шавқу рағбати зиёде дошт.
Имрӯз ҳам толори китобхонаи мактаб ба саъй ва кӯшишҳои Назира Султонова серхонанда аст. Таҷлили ботантанаи ҳар як санаи таърихӣ дар нақшаи чорабиниҳояш қайд шудаанд. Хонандагони боистеъдодро ҷамъ меораду ба ҳар кадоме мувофиқи қобилияташ мавзӯъ медиҳад.
Дар таҷлили Рӯзи Парчам Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба ҷамъомади хонандагон даъват шуда буд. Ба ин муносибат муаллими мусиқӣ Фирӯз Ҳалимов шеъри шоирро бахшида ба Парчам ба оҳанг даровард ва хонандагон онро бо маҳорати баланд сароиданд. Камол Насрулло чанд шеъри худро қироат кард.
Таассуроти аз ҳама бештарро ба аъзои китобхона мулоқот бо муаллифи Суруди миллӣ Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар Келдӣ гузошт. Хонандагон бо кунҷковии зиёд аз устод таърихи эҷоди Суруди миллии Тоҷикистон, муаллифи оҳанги он Сулаймон Юдаковро пурсиданд. Шоир ба ҳар як саволи онҳо муфассал ҷавоб гуфту дар навбати худ чанд шеъри навашро қироат намуд.
Назира Султонова дар мактаб анъанаи Шоҳномахонию Маснавихониро ҷорӣ намудааст.
Тавре Назира Султонова иброз дошт, ҳоло дар хазинаи китобхона 6000 нусха китоб мавҷуд аст, ки аксари онҳо бачагона ҳастанд. Туфайли ҳамкорӣ бо Оҷонсии амрикоии USAID китобхона соҳиби 2000 нусха китоби бачагона гардид, ки аксари онҳо осори адибони Тоҷикистону Русия ва Ғарб мебошанд. Саъю талошҳои муаллима имкон додааст, ки ҳоло сафи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон ба 1800 нафар расидааст. 20 нафар омӯзгор низ узви доимии китобхона ҳастаяш.
Барои саҳмгузориаш дар ин чорабиниҳо ва ишғоли ҷойи намоён дар Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби бачагону наврасон Назира Султонова бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Садбарг Муминова,
омӯзгори мактаби №5-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр