Нашрияи Омӯзгор

Шоираи ширинбаён – модари қаҳрамон

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Таърих гувоҳ аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон, ходими барҷастаи ҳизбию давлатӣ, академик, олими сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаҳои таърих ва ховаршиносӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва илму адаби кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми беандоза бузург гузоштааст.

Ин абармард шахси нотакрорест, ки ба таърихи ниёгон, забону адабиёти тоҷик, фарҳанги бостони халқамон эҳтироми хосса гузошта, бо таълифи шоҳасари дуҷилдаи «Тоҷикон» миллати куҳанбунёдамонро ба оламиён муаррифӣ намудааст.

Тавре ки таърихнигори барҷаста Усмонҷон Ғаффоров дар китоби «Равшангари таърих» ишора менамояд, дар саводомӯзӣ, донишандӯзӣ ва ташаккулёбии олами маънавии Бобоҷони наврасу ҷавон саҳми модараш Розия Озод бағоят калон аст.

Розия Озод кист? Чӣ рӯзгоре дошт? Ҳамчун шоира дар адабиёт чӣ нақше гузоштааст?

Розия Ғафурова 18 январи соли 1893 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар оилаи косиби камбағал ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ ба мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, дар мактаби куҳна саводи ибтидоӣ бароварда, баъдан ба таври мустақилона ба омӯзиши илму дониш машғул шудааст.

Розияи ҷавон пас аз баҳравар гардидан аз илму дониш, худаш бо заҳматҳои зиёд бо мақсади хушбахту саодатманд гардидани насли наврас мактаб кушода, ба бачагони маҳалла хондану навиштанро меомӯзонад.

Академик Б. Ғафуров он давраро дар як мақолаи худ, ки дар маҷаллаи «Огонёк» соли 1969 ба табъ расидааст, чунин ёдовар мешавад:

«Дар қишлоқ 10 – 12 одами саводнок буд. Он ҳам аз байни қариб 3 ҳазор аҳолӣ! Рости гап, дар қишлоқи мо мактабе буд. Вале он мактаб амалан донише намедод. Як мулло дарс медод. Тамоми таълим аз ҳар рӯз тутивор ҳифз кардан ва гаштаю баргашта такрор намудани «Қуръон» иборат буд ва худи талабагон ҳам маъною мазмуни онро намефаҳмиданд.

…Ман хушбахт будам, ки дар хона аз модари босаводи худ аввалин ҳарф, аввалин одоб ва аввалин ҳикматҳои классикони худро омӯхтам».

Аз гуфтаҳои аллома бармеояд, ки ӯ олиҳимматӣ, накукорӣ, ҳурмати волидону калонсолонро маҳз аз модари маърифатпарвараш, ки аз ашъори шоирони классики тоҷику форс ва ӯзбек шеърҳои зиёдеро ҳифз намуда буд, омӯхтааст. Аз хурдӣ соҳиби зеҳни тез, ақли расо ва ба китобхонӣ завқи баланд доштани Розия Озодро хоҳари Б. Ғафуров – Тоҷинисо Ғафурова (собиқадори радио ва матбуот) низ таъкид кардааст.

Баъдан бо таъсири ашъори шоирони бузурги тоҷику форс Розия  Озод ба шеъргӯӣ оғоз кард. Вале ашъори ӯ дар матбуот ё дар шакли китоби алоҳида ба нашр нарасидаанд.

Розия Озод ҳамроҳи писари калонии худ Бобоҷон Ғафуров дар солҳои мудҳиши ҷанг чун шоира бо ашъори ватандӯстона баромад кард. Дар ин давра Розия Озод ба синни 50 расида, таҷрибаи ғании зиндагӣ ва эҷодӣ андухта буд. Нахустин маҷмӯаи ашъори шоира соли 1944 бо унвони «Муҳаббат ба Ватан» аз чоп баромад. Муҳарририи ин маҷмӯаро шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба уҳда гирифта, ба маҷмӯа сарсухани пурмуҳтавое навишт.

Адабиётшиноси маъруф И. С. Брагинский эҷодиёти давраи ҷангии Розия Озодро таҳлил карда, чунин баҳогузорӣ кардааст: «Аз ашъори солҳои ҷангии Розия Озод овози форами пиразани қиссагӯ, ки аз кӯдакӣ дар дил ҷой шудааст, садо медод. Гӯё қиссагӯ образи Заҳҳоки морон ва ва баҳодуронеро, ки ӯро мағлуб кардаанд, зинда мекунад. Ин образҳо  ва номҳои азизи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофизро намоён ба воқеияти имрӯза меомӯзад, бо эҳсосот ва рӯҳияи ҳозира вобаста мекунад.»

Розия Озод дар солҳои баъдиҷангӣ низ маҳорати эҷодии худро сайқал дода, як силсила шеърҳои мувофиқ ба авзои давру замонро эҷод кардааст. Ашъори дар ин давра таълифнамудаи шоира дар маҷмӯаҳои «Гулистони ишқ» (соли 1946), «Аз водиҳои тиллоӣ» (соли 1948), «Иқбол» (1951), «Зинда бод сулҳ» (1954) гирд оварда шудаанд.

Пас аз вафоти шоира китобҳои зеринаш рӯйи чоп омадаанд: «Шеърҳои мунтахаб» (1957) «Мунтахабот» (соли 1959), «Орзуи ман» (соли 1962).

Ду маҷмӯаи ашъори Розия Озод ва шеърҳои ҷудогонааш ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мавзӯъҳои асосии ашъори Розия Озодро муҳаббат ба Ватан, васфи меҳнати осоишта, ҳаёти босаодати занону духтарон ва зебоиҳои диёр, сулҳ, мубориза алайҳи ҷангҷӯён ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.

 

Рустам Мукаррамов,

омӯзгори гимназияи ба номи Абулфазли Балъамии

шаҳри Ваҳдат 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш