Нашрияи Омӯзгор

Шинохти масъулият, салоҳият ва маърифат

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касби пуршарафу пурифтихор аст. Солҳои зиёдест, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошам ва рисолати худро дар шинохти эҳсоси масъулият, мебинам.

Вақте нафаре аз шогирдон ба ҳадди камол мерасад, олим, нависанда ва ё ходими барҷастаи давлатӣ мешавад, хоҳу нохоҳ аҳли ҷомеа аз омӯзгори нахустини ӯ, ки ба вай ҳарфу ҳиҷо омӯхтааст, бо ифодаи халқ, дар хондану навиштан дасти ӯро рост кардааст, пурсон мешаванд. Албатта, ӯ бо ифтихор  ному насаби омӯзгори нахустинашро ба забон меоварад.

Мусаллам аст, ки муаллими синфҳои ибтидоӣ нахуст бояд масъулиятшинос бошад, зеро  вай ҳамеша дар пиндору гуфтору рафтори хеш симои инсонеро ба шогирдонаш менамояд, ки ибратомӯз бошад. Сода ва фаҳмо карда гӯем, аз нохун то мӯйи сараш бояд намунаи зебоӣ, ҳарфу ҳиҷояш ширину дилрабо, мазмуни дарсаш фаҳмо бошад, зеро шогирдони хурдсол тақлидро дӯст медоранд. Аз ин рӯ,  фақат усули неку писандида бояд асоси тақлидкорӣ қарор дода шавад. Ҳангоме ки дар хона волидон ва хоҳару бародарони калонии онҳо аз чигунагии дарс ва масъулияти омӯзгор пурсон мешаванд, онҳо бо муҳаббати беандоза, ихлосу эътимод аз хурдтарин ҷузъиёти тарзи муносибати муаллимашон нақл мекунанд. Азбаски хотираи кӯдакон тозаву беолоиш аст, монанди оина тамоми ҳаракату амали омӯзгорро беғалат акс менамоянд. 

Муаллими синфҳои ибтидоӣ дар доираи фаъолияташ дорои салоҳиятҳое мебошад, ки онҳоро ҳамчун қоида ва қонуни илми педагогика ҳатман бояд риоя намояд. Калимаи салоҳият арабӣ буда, шакли аслиаш, яъне салоҳ, маънои некӣ, накукорӣ, фоида, нафъро дорад ва ибораи салоҳ диданро доноён «росту дуруст ва нек дидан, дуруст ҳисоб кардан» талқин кардаанд. 

Калимаи салоҳият дар луғат ба маънии шоистагӣ, қобилият ва лаёқат омадааст. Муаллими синфҳои ибтидоӣ дар ҳамаи мавридҳо, гоҳ дар синф, ҳангоми дарс, гоҳ берун аз синфу берун аз мактаб, ба таври ҳамешагӣ бояд барои шогирдаш шоистаи ибрат бошад, яъне ҳамон ҳунареро, ки дар ҷараёни кори таълими тарбия ба хонандагон меомӯзад, дар лаҳзаҳои дигари ғайридарсӣ низ бояд дар ҳамон сатҳу сифат нишон дода тавонад.  Амсоли гардиш дар кӯча, суҳбат бо шиносон, бозии шоҳмот, муносибат ба муҳити зист, ҳатто тарзи хӯрдани ғизо ва ғайра. Вай бояд фаромӯш накунад, ки шогирдаш ӯро дар ҳама ҷо назорат мекунад ва ҳамеша хоҳони он аст, ки аз устодаш амалӣ некеро омӯзад.

Маърифатнокии муаллими синфҳои ибтидоӣ аз чӣ иборат аст? Чунон  ки маънии ин истилоҳ тақозо менамояд, соҳиби илму дониш будан аст. Муаллим, новобаста аз он ки аз кадом фан дарс мегӯяд, асоси илмии онро бояд ба дараҷаи хуб донад. Ин хусусияти таълим тақозо менамояд, ки муаллим бояд пайваста барои такмили ихтисос ва воситаҳои навтарини таълим кӯшиш намояд, то сатҳу сифати дарсаш навоварона бошад.

Муаллими синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни омӯзиши илму маърифат аввалин нафаре мебошад, ки ҳиссиёти омӯзиш ва ҳаваси кӯшиши хурдсолонро дар ин росто бедор менамояд, онҳоро ба пайроҳаи дуруст ҳидоят менамояд. 

Аз таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти худ дар синфҳои ибтидоӣ чунин хулоса баровардам, ки шинохти масъулият, донистани салоҳият ва кӯшиши доимӣ барои баланд бардоштани маърифати насли наврас нақши бағоят калон дорад

 

Маҳина Расулова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш