Нашрияи Омӯзгор

Талабот ба касбҳои коргарӣ меафзояд

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади шинос гардидан аз фаъолияти   литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе бо директори он Саидмурод Шарифов ҳамсуҳбат шудем.

Дар давоми соли таҳсили сипаригашта дар литсейи касбии техникии сохтмони  шаҳри Душанбе ҷиҳати такмили сатҳу сифати таълиму  тарбияи шогирдон – ҳунармандони оянда корҳои зиёдеро ба субут расонид, - гуфт   директор. – Беҳгардонии муносибати коллективи муҳандисию омӯзгорӣ нисбат ба вазифаҳои ишғолгардида,  пайваста боло бурдани иштироки хонандагон, аҳамияти ҷиддӣ додан ба  ҳолати озмоишгоҳҳову кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимию парки автомобилӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот аз ҷумлаи иқдомҳои зарурӣ дар ин самт мебошад.

Имсол чорсад нафар литсейро хатм намуданд. Маъмурият барои фаъолияти минбаъдаи шогирдон бетаваҷҷуҳӣ  зоҳир накарда,  масъалаи ба ҷойи кор таъмин намудани онҳоро низ то ҷой ҳал менамояд. Яъне, кӯшиш  мешавад,  ки   хонандагон ҳангоми таҳсил бо корхонаҳои давлатӣ шартномаҳои дутарафа баста, ҷиҳати  ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаро гирифтани онҳо ва ҳамзамон,  қабул намудан ба кор аз рӯйи ихтисосҳои омӯхтаашон мусоидат намояд. Базаҳои асосии таҷрибаомӯзии хонандагон барои гурӯҳҳои сохтмонӣ ҶСК «Строител»,  ҶСШК «Хонасоз»  ва барои  гурӯҳҳои техникӣ ҶСК «Сомон – сервис», ҶСК «Автосервис – Вайс», базаи автомобилии ВКД ҶТ, «Помир - Лада», «СТО – 61», ҶСК «Ремстройдормаш» ва дигар корхонаҳои хурду калони давлатӣ, хусусии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар онҳо хонандагон таҷрибаи истеҳсолӣ омӯхта, қисман ба кор қабул карда мешаванд.

Айни замон дар коллеҷ  хонандагон аз рӯйи ихтисосҳои челонгари таъмири  автомобил, гаҷкорӣ, кандакорӣ дар чӯб, системаи компютерӣ ва интернет – технология, ҳисобдор (бо донистани компютер), кафшергари газию барқӣ, монтёри барқӣ  касбу ҳунар меомӯзанд. Шогирдон бештар ихтисосҳои кандакориву гаҷкорӣ, кафшергарӣ  ва монтёри барқро интихоб менамоянд. Бар замми ин, литсей бо назардошти талаботи  замон мувофиқ ба ихтисоси  нав –   барқчии қисмҳои барқии автомобил  хонандагонро қабул  мекунад. Бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан дар хобгоҳи хонандагон бо Бонки Рушди Осиёӣ шартнома баста шудааст. Ин ташкилот аллакай 28 ҳуҷраро ба таври комил таъмир намуда, бо тамоми ҷиҳозаш ба маъмурияти литсей супоридааст.

- Мо, - гуфт директори литсей Саидмурод Шарифов, -  ҳамкориро бо Бонки  Рушди Осиёӣ  идома медиҳем. Дар моҳи октябр бонки мазкур ваъда додааст, ки моро бо 22 адад компютери дигар таъмин намояд. Бо иқдоми онҳо фарши  шаш  синфхона  азнавсозӣ шуда, сафолакпӯшии саҳни ҳавлӣ ва ду роҳрави литсей ба охир расид.

Теъдоди китобҳои китобхонаамонро мунтазам такмил медиҳем. Ҳоло   7011 китоби чопӣ ва 2761 адад китоби электронӣ дар ихтиёри кормандон ва хонандагони литсей қарор дорад. Аз ин 397 китоб бо забони тоҷикӣ буда, тахассусиянд. Дар баробари  ин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таълимӣ - методии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як силсила китобҳо харидорӣ шуданд.

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисоси кандакорӣ бештар гардид. Таҳти роҳбарии устоҳои таълими истеҳсолии литсей Файзалӣ ва Мурод Умаровҳо хонандагон сохтани ашёи зарурии рӯзгорро аз чӯб (табақу чумча, нонпар, лавҳ, дару тиреза) меомӯзанд. Барои машғулиятҳои амалӣ ҳафт устохонаи таълимӣ бо тамоми шароит муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва роҳнамоии касбӣ сол то сол шумораи довталабон аз хатмкардаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ ба литсей зиёд гардида истодааст. Имсол 90 хонанда ба таври ройгон курсҳои кӯтоҳмуддат ( семоҳа) - и «Гаҷкории ҷузъҳои меъморӣ» ва 15 нафар курси якмоҳаи «Дуредгарӣ» - ро хатм намуданд. 

Дар ояндаи наздик ба роҳ мондани таълими касбу ихтисосҳои ба талаботи замон мувофиқ, аз қабили «Ороишгари сохтмон»  ва «Рангуборчӣ» дар назар дошта шудааст. Маъмурияти литсей ба беҳтару хубтар ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ намудани касбҳо диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. 

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш