Нашрияи Омӯзгор

Сабки шеъри форсӣ – тоҷикиро чандто гӯем?

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 850        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш дар маҳфили адабие, ки дар шакли сабқат сурат гирифту барои ғолибонро баҳогузорӣ ва муайян намудан чанд савол ба миён гузошта шуд, ба «пурсиши» дар назми классикии форс – тоҷик чанд сабк амал кардааст? Аксар ҷавоби якхела гуфтанд, яъне се сабк: туркистонӣ ё хуросонӣ, сабки ироқӣ ва сабки ҳиндӣ (бедилӣ).

Ман ҷавобҳо нопурра гуфта, сабки чорум «сабки бозгашт»-ро ёдрас намудам.

Аҳли маҳфил бо ҳамдигар бо тааҷҷуб нигариста, аз чор тараф ба банда «ҳуҷум» карданд ва талаб намуданд, ки гуфтаҳои хешро исбот намоям. Ба ҳозирин фаҳмондам, ки соли 2006 дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» №4, саҳ 76-84 мақолаи адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода таҳти унвони «Таълими сабки ҳиндӣ дар мактаб» чоп шуда буд. Муаллиф такя ба фармудаҳои Маликушшуаро Баҳор дар шеъри форсӣ – тоҷикӣ истифодаи 4 сабкро нишон дода, пайдоиши сабки чорум ё «сабки бозгашт»-ро дар нимаи аввали асри XVIII ва макони пайдоиши онро Исфаҳон зикр намудааст. Дар мақола исми 12 – 13  шоир зикр ёфтааст, ки чандон симоҳои маъруф нестанд.

Аз ишораи Ҷамолиддин Саидзода бармеояд, ки ин масъала дар китоби М. Баҳор «Сабкшиносӣ» ё таърихи татаввури назми форсӣ (шеърҳо, ҷилди 4) баён ёфтааст. Мутаассифона, ин асар дастрас нашуд.

Муроди мо аз эҷоди ин мақола то чӣ андоза дуруст будан ё набудани ин масъала нест. Ин кори пажӯҳишгарон ё муҳаққиқон мебошад. Аммо донистан мехоҳем, ки аз чопи мақолаи адабиётшинос 14 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ягон китобҳои дарсӣ ё маводи методӣ оид ба сабки чорум ягон ҳарф гуфта нашудааст. Дар китобҳои илмӣ – методӣ оид ба масоили назарияи адабиёт «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ». (Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1966 муаллифон Р.Ҳодизода, М.Шукуров ва Т.Абдуҷабборов, «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (муаллиф Ю. Бобоев, «Ирфон», 1974) ва китобҳои дарсии адабиёт барои синфҳои 9 танҳо се сабк баррасӣ шудааст.

Мо хоҳони онем, ки мураттибони китобҳои дарсӣ, олимон, пажӯҳишгарон фикру андешаҳояшонро оид ба мавҷуд будан ё набудани сабки (услуб) чорум «Бозгашт» иброз доранд. Аммо мо то ҳол дар тааҷҷубем, ки сабкҳои назми форсӣ – тоҷикиро чандто гӯем?

Ҳ. Содиқов,

омӯзгори  мактаби №24, ноҳияи Мастчоҳ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш