Нашрияи Омӯзгор

Бозӣ дарсро ҷолиб мекунад

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Истифодаи бозӣ, машғулиятҳои фароғатӣ дар лаҳзаҳои мухталифи дарс яке аз ҷузъиёти усулҳои фаъоли таълим ба ҳисоб меравад. Бозӣ машғулияти асосии бача ба ҳисоб рафта, ба инкишофи ҷисмонӣ ва тафаккури вай ёрӣ мерасонад. Он бояд тавре  ташкил  карда шавад, ки диққати аҳли синфро ҷалб намояд.

Кӯшиш бояд кард, ки дар бозӣ хонандагони сустхон низ иштирок карда, ба ин восита савияи сухандонӣ ва суханварии худро инкишоф диҳанд. Аз сӯйи дигар, онҳо лаҳзае истироҳат карда, ба азхудкунии мавзӯи навбатӣ омода мешаванд. Омӯзгор метавонад, ки дар ҳамаи синфҳо ба мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва қобилияти дарсазхудкунии хонандагон  бозиҳои мухталифро ташкил намояд. Ҳар як бозӣ бояд ном дошта бошад. Барои мисол бозиҳои фароғатӣ вобаста ба ҳолати рӯҳии хонандагон интихоб ва номгузорӣ мешаванд. Омӯзгор ҳолати хастагии хонандагонро пай бурда, метавонад дар муддати 5-6 дақиқа бозиҳои таълимиро ба роҳ монад.

Яке аз чунин бозиҳо, ки ман дар синф гузаронидам, «Шахси ба дил наздик» ном дорад. Аввал аз хонандагон пурсида мешавад, ки шахси ба дил наздики онҳо кист? Маъмулан, қариб ҳама бо як овоз вожаи гӯшнавози модарро ба забон  меоранд. Аҳли синф дар васфи модар суханони некашонро иброз медоранд. Ин бозӣ қобилияти фикрронӣ ва сухангӯии хонандагон ва муҳаббату эҳтироми онҳоро нисбат ба модар инкишоф медиҳад. Шогирдон  суханони бузургонро дар шакли  мисраъ, байт,  шеър, рубоӣ, ғазал, гуфторҳои халқии медонистаашонро дар ситоиши зан – модар иброз медоранд.

Бозии дигар «Худатро шинохтӣ?»  ном дорад. Тартиби бозӣ чунин аст: омӯзгор хонандаеро ба назди тахтаи синф даъват карда, аз дигарон хоҳиш менамояд, ки сифатҳои хуби ӯро номбар намоянд. Онҳо  бо навбат (то 3 – 4 нафар) сифатҳои хуби ҳамсинфашонро, ба мисли «Нигина  духтари фаъоли синфи мост. Вай поквиҷдону масъулиятшинос ва аълохон аст. Китобҳои зиёдеро мутолиа кардааст. Вай хушсухан ва дар корҳои  ҷамъиятӣ низ фаъол мебошад» иброз медоранд.  Дар охир омӯзгор аз Нигина мепурсад, ки ҳангоми шунидани суханони гуворо худро чӣ гуна эҳсос намуд. Оё ҳамаи сифатҳи дар ҳаққи ӯ гуфташуда дурустанд?

Бозиҳои дигар «Кӣ хуб менависад?», «Иншои кӣ беҳтар?», «Зодрӯз муборак!» ном доранд. Масалан, шарти бозии «Кӣ хуб менависад?» ин тавр буда метавонад: Омӯзгор вожаҳои падар, модар, Ватан, истиқлолият… - ро дар тахтаи синф  навишта, аз хонандагон хоҳиш менамояд, ки дар васфи онҳо шеър хонанд. Ба ҳамин монанд, омӯзгори фаъол бозиҳои гуногун ташкил карда, барои омӯзиши мавзӯи нав онҳоро омода месозад. Ин аст моҳияти асосии бозӣ дар дарс.

 

Ҳабиба БОБИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ             


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш