Дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи “Вазъи татбиқи муносибати босалоҳият дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ” конфронс баргузор гардид. Ирина Каримова-ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ҳамоиш дарёфти роҳу усулҳои муосири таълим дар раванди таълим ва вусъат бахшидани фаъолияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои “Банақшагирии дарс ва муайян намудани салоҳиятҳои фаннӣ дар таълими фанни география”, “Ташаккули салоҳиятҳои хонандагон дар таълими мавзӯи “Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ (дар синфи 11)”, “Махсусияти ташкили муносибати босалоҳият дар дарсҳои адабиёти тоҷик”, “Хусусиятҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни “Алифбои ниёгон” ва ғайра шунида шудаву мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр