Нашрияи Омӯзгор

Боз дар хусуси об

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Сергейзертарин ҷойи дунё боғи миллии Йеллоустон мебошад, ки масоҳаташ 8990 километри мураббаъ аст. Ин боғ  қариб 200 гейзер дошта, дар ИМА (Америкаи Шимолӣ) воқеъ гардидааст.

***

Сарзамине, ки аз ҳама бештар оби артезианӣ дорад, ҳавзаи калони артезианӣ, воқеъ дар Австралия аст. Ҳавза 1735298  километри  мураббаъ  масоҳат дошта, дар он ҷо қариб 3000 чоҳи табиии артезианӣ мавҷуд аст.

***

Масоҳати аз ҳама калони  яхпӯши баҳрӣ уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ буда, тақрибан ба 12 600 000 километри мураббаъ баробар аст. Ғафсии ях, ки зимистон ба вуҷуд меояд, ба 2 – 3 метр мерасад. Ғафсии ях дар баъзе ҷойҳо ба даҳҳо метр мерасад.   

Фароҳамсоз

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш