Нашрияи Омӯзгор

Таълим бояд муассир бошад

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Масъалаи алоқамандӣ ва ҳамгироии таълим дар мактаби миёна ниҳоят муҳим аст. Ин навъи таълим аз истифодаи равобити байнифаннии анъанавӣ фарқ мекунад. Масъалаи таҳлил дар ҷараёни  методи таълимии мазкур гуногун мебошад. Рӯ овардан ба таълими ҳамгиро бесабаб нест. Яке аз чунин навҷӯиҳо дар роҳи самаранок намудани таълими ибтидоӣ ҳамгиро гардидани фанҳои бо ҳам наздик дар соҳаи риёзӣ мебошад. Масалан, фанҳои математика, физика, химия, геометрия, технологияи иттилоотӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Истифодаю роҳандозии ин усули таълимӣ метавонад дараҷаи маърифат ва маънавияти хонандагонро афзун гардонад, ба рушду инкишофи тафаккури онҳо мусоидат намояд ва ба вазъи мусоиди таълими салоҳиятнок замина гузорад.

Барои дарк кардани мазмуну муҳтавои ҳар дарс, дар хамгиро сохтани фанҳои табиӣ - риёзӣ аз муаллим ҷустуҷӯйи роҳу усулҳои нав тақозо карда мешавад. Тавассути технологияи муосир ташкил кардани корҳои мустақилона дар низоми таълими фанни матемтика ҳам ба салоҳи кор аст.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки такя намудан танҳо ба китоби дарсӣ ва ё фаҳмонидани мавзӯи наву пурсиши вазифаи хонагӣ хонандаи замони муосирро қонеъ гардонида наметавонад. Ӯ аз ин дарсҳо дилгир мешавад ва мавзӯъҳоро бо дили нохоҳам ҷавоб медиҳад. Омӯзгор вазифадор аст, ки барои бедор намудани завқи хонанда аз метод ва усулҳои фаъоли таълим, инчунин, маводи дидактикӣ васеъ истифода барад.

Ҳангоми иҷрои кори мустақилона омӯзгор ба хонанда дар бораи ин ё он мавзӯъ набояд ахбори пурра диҳад, чунки пас аз дастрасии маълумоту иттилооти пурра ва зарурӣ, шогирдон барои дарёфти маълумот дигар ҳавсала намекунанд ва танбал мешаванд.

Истифодаи корҳои мустақилона ва дарсҳои амалӣ дар таълими  математика барои донишандӯзии хонандагон нақши муҳим дорад. Фаъолияти самараноки кори мустақилонаи хонанда бояд зери назорати омӯзгор қарор дошта бошад. Иҷрои корҳои мустақилона дониши андӯхтаи хонандаро мустаҳкам намуда, ҳисси кунҷковӣ, мушоҳидакорӣ ва таҳқиқро тақвият медиҳад, инчунин, дар онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ ва эҷодкориро бедор намояд.

Ҳамин тавр, тавассути гузаронидани машғулиятҳои беруназсинфӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, дарсҳои кушод, машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона хонанда ба дунёи рангини фанни математика ворид шуда, ин фанро бештар аз худ мекунад.

 

Лола САТТОРОВА,

омӯзгори математикаи

мактаби  №11,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш