Нашрияи Омӯзгор

Аз хишти аввал то фатҳи қулла

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо сармутахассиси АТТ, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев

– Ҳоло дар байни мардум чунин андеша бартарӣ дорад, ки сатҳу сифати таҳсилот, чи дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷавобгӯйи талабот нест, устодони донишгоҳҳо низ гуноҳи асосиро ба мактабҳои миёна бор мекунанд. Дар ин масъала шумо чӣ андеша доред?

– Сатҳи донишу малакаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар маҷмӯъ он қадар бад нест, тавре ки аксарият чунин мепиндоранд. Дар ҳамаи кишварҳо аълохонон мутаносибан ҳиссаи ночизро ташкил мекунанд. Дар замони Шӯравӣ ҳам дар ҳар як синф ду-се аълохон буду бас. Сатҳи дониши аксари хонандагон миёна буду миёна боқӣ мемонад. Аз ҷониби дигар, сол то сол шумораи хонандагоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ  пирӯзӣ ба даст меоранд, рӯ ба афзоиш аст. Мушкили мо дар он аст, ки дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ хеле осон шудааст. Беҳтарин хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар низ дохил мешаванд (дар ҳудуди бештар аз 7 000 нафар дар як сол), ки ҳангоми муайян намудани сатҳи дониши хатмкунандагон дар умум ба ҳисоб гирифта намешаванд.

– Бо ин андеша метавон қисман розӣ шуд, ки дар ҳар давру замон ва дар ҳар шароит пешқадамон ҳам мешаванду сустхонон ҳам. Аммо, ба ҳар ҳол, сабаб чист, ки сатҳи дониши баъзе аз донишҷӯён ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест?

– Таҳсилот имрӯз ба як навъи хизматрасонӣ табдил ёфтааст. Дар ин маврид ба назар гирифтани таносуби талаботу пешниҳод хеле муҳим аст. Табиист, ки талабот ба мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёни касбӣ (литсейҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо) нисбат ба таҳсилоти олӣ ба маротиб бештар аст. Таносуби кормандон дар ҳамаи корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ инро собит месозад. Аммо дар ҷумҳурии мо, агар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳудуди тақрибан 100 000 толибилм таҳсил кунанд, дар зинаи таҳсилоти олӣ шумораи донишҷӯён бештар аз 210 000-ро ташкил медиҳад. Бояд баръакс бошад! Дар он сурат хоҳем дид, ки ба донишгоҳҳо бештар довталабони шоиста дохил мешаванд. Мо, аз он ки ҳар кас ҳуқуқи таҳсил дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла, таҳсилоти олиро дорад, сӯиистифода мекунем, аз паси миқдор бар зарари сифат меравем Фаромӯш мекунем, ки “дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор аст”. Таҳсил ва интихоби касб бояд аз рӯйи шавқу ҳавас бошад

– Магар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки беҳтаринҳо вориди донишгоҳҳо шаванд? Оё метавон чунин вазъро тағйир дод ва магар ин имконпазир аст?

–   Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз беҳтарин дастовардҳои низоми таҳсилот дар даврони муосир аст. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки имтиҳонҳо ба тариқи шаффоф сурат мегиранд, хароҷоти зиёде, ки довталабони солҳои пеш доштанд, ба маротиб кам шудааст, имконияти интихоби якчанд донишгоҳу донишкада фароҳам омадааст. Вале дар ин масъала низ норасоиҳо ба назар мерасанд. Мо низоми дохилшавиро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тағйир додем, аммо низоми таҳсилоти миёнаи умумиро ҳоло ба он мутобиқ насохтаем. Пеш аз ҳама, тарзи имтиҳонсупорӣ дар ин ду зина яксон нест. Сониян, натиҷаи таҳсили хонанда дар муассисаи таҳсилоти умумӣ аслан ба назар гирифта намешавад. Хонандаи синфи 11, ки самти таҳсилоти олии худро муайян кардааст, аллакай медонад, ки аз рӯйи кластер аз кадом фанҳо имтиҳон месупорад. Бинобар ин, ӯ фақат ба омӯзиши ҳамин фанҳо таваҷҷуҳ мекунад, бовар дорад, ки аз фанҳои дигар ҳатман як “се” мегирад, баҳоҳои фанҳои дигар барояш арзише надорад. Имрӯз, дар натиҷаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ, аттестатсияи давлатии хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ (имтиҳонҳои давлатии хатм) ба як чизи нолозим, сирф формалӣ табдил ёфтааст, зеро натиҷаҳои он дар ҳеҷ куҷо ба назар гирифта намешавад, аммо вақту маблағ беҳуда сарф мешавад, ба хонандагон фишори иловагии равонӣ мерасад. Маҳз ба ҳисоб нагирифтани натиҷаҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ обрӯи омӯзгорро коҳиш додааст, муносибати хонанда, махсусан, хатмкунандаро ба таҳсил дигаргун сохтааст. Аз ҷониби дигар, Маркази миллии тестӣ побанди нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ гардидааст ва ба хотири таъмин намудани нақшаи қабул маҷбур аст, ки нишондиҳандаҳои холи гузаришро коҳиш диҳад.

– Вобаста ба эълони “Бистсолаи  омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” кадом роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму омӯзишро дар ин риштаҳо метавон пешниҳод кард? 

-  Пеш аз ҳама, чунин пиндоштан, ки дар доираи татбиқи ин дастури Пешвои миллат ҳама хонандагон донандагони хуби ин фанҳо мегарданд, хатои маҳз аст. Табиатан хонандагон танҳо ба як гурӯҳи илму ҳунар ҳавасманд мешаванд. Ман аслан бовар надорам, ки ҳар сол садҳо нафар (гирандагони медали тилло) ҳамаи барномаҳои таълимиро дар сатҳи олӣ аз худ карда тавонанд. Шояд дар ҷаҳон 4-5 нафар вундеркинде пайдо шаванд, ки аз уҳдаи ҳазми ҳамаи барномаҳои мактабӣ бароянд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти расмӣ аз ҳамон соли таъсиси имтиҳоноти ягонаи давлатӣ (ЕГЭ, Федератсияи Россия) то имрӯз танҳо панҷ нафар тавонистаанд, ки соҳиби ҳадди аксари холҳои хатмкунӣ (400 хол) шаванд. Мо, бешак, “қаҳрамонсозӣ” мекунем, гузашт мекунем.

Муҳим он аст, ки ба ҳамон гурӯҳи хонандагоне, ки дар ҳақиқат, истеъдоди хуби азхудкунии ин фанҳоро доранд, шароити хуб фароҳам оварем. Ин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар зинаи сеюм (синфҳои 10-11) аз рӯйи равия фаъолият кунанд. Он гоҳ чунин хонандагони боистеъдод дар муассисаҳои равияи табиатшиносӣ ё фанҳои дақиқ гирди ҳам меоянд, шароит ҳам мешавад, рақобат ҳам, сифат ҳам.

Зимнан, мехоҳам аз таҷрибаи Япония, ки худам шоҳиди он будам, дар ин маврид чанд сухан гӯям. Дар Япония муассисаҳои таълимии синфҳои боло (10-12) ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз рӯйи равия фаъолият намуда, ҳадафашон омода сохтани хонандагон барои таҳсил дар донишгоҳҳо аст; 2) Муассисаҳои касбӣ-техникӣ, ки дар онҳо фақат касбу ҳунарҳои гуногун омӯзонида мешавад ва хонандагон пас аз хатми он соҳиби дипломе шуда, мустақиман ба бозори меҳнат ворид мешаванд; 3) Муассисаҳои таълимии омехта ё муштарак, ки дар онҳо ҳам барномаи таълими таҳсилоти умумӣ ва ҳам касбу ҳунарҳои гуногун таълим дода мешаванд. Гурӯҳи сеюми муассисаҳои таълимӣ барои онҳоест, ки ҳанӯз касбу ихтисоси муайян интихоб накардаанд. Ба андешаи ман, ин беҳтарин тамсила (модел) барои гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола буда метавонад.

Масъалаи хеле муҳими дигар, ки ба баланд бардоштани сифат алоқаманд аст, он аст, ки мактабу муаллимро бояд ба ҳоли худ гузорем. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ яке аз педагогҳои машҳур В.А.Сухомлинский гуфта буд:

“Арзишмандтарин чизе, ки муаллим дорад, вақт аст. На он вақте, ки ӯ бо шогирдонаш сарф мекунад, балки вақте, ки дар ихтиёри худ дорад, то тавонад фаъолияти худашро таҳлил кунад ва дар заминаи он худро такмил диҳад”. Сарбориҳои иловагие, ки имрӯз омӯзгорони мо доранд, чунин имкониятро фароҳам намесозанд.

–          Албатта, ин ҳама андешаҳои шахсии шумо буда, ҳадафи он дар ниҳояти кор, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони оянда аст. Пас, саволе ба миён меояд, ки сатҳи омодагии мутахассисро чӣ тавр муайян кунем?

–          Муҳимтарин омил он аст, ки ҳуҷҷати расмӣ сатҳи маҳорату салоҳиятҳои мутахассисро пурра инъикос кунад. Баҳои мусбат дар аттестат имрӯз, мутаассифона, чунин маъно надорад, ки хатмкунанда ҳамаи барномаи таълими таҳсилоти миёнаро азхуд кардааст, доштани диплом низ ҳанӯз маънои мутахассиси хуб буданро надорад. Ба андешаи ман, шояд 20%-и баҳоҳои қаноатбахш дар дафтарҳои синфӣ, табелҳои пешрафт, имтиҳонҳо ва аттестатҳо аслан ғайриқаноатбахш бошанд. Ин ҷо омӯзгор гунаҳкор нест, балки низом мукаммал нест, чунки барои гирифтани аттестат аз ҳамаи фанҳо баҳои мусбат, ақаллан баҳои қаноатбахш доштан талаб карда мешавад. Ин чиз омӯзгорон ва маъмурияти муассисаро маҷбур мекунад, ки дуро ба се табдил диҳанд. Чаро мо аз баҳои ғайриқаноатбахш аз ин ё он фан ҳазар мекунем? Чаро фикр намекунем, ки баҳои “ду”-ро маҷбуран ба “се” табдил додан ба онҳое, ки баҳои “се”-яшон ҳақиқист, таъсири сахти равонӣ мерасонад? Магар ман қобилияти азхуд кардани химияро надошта бошам, ин фоҷиа аст?  Ҳаргиз! Ин чунин маъно дорад, ки ман қобилияти пизишк шудан надорам, аммо метавонам дар дигар ришта истеъдоди худро нишон дода, дар ҷомеа ҷойи шоистаи худро пайдо кунам.  Бояд таъкид кард, ки вазифаи давлат фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳсилот барои ҳама, аз ҷумла, таҳсилоти ройгон дар муассисаҳои давлатӣ аст. Аммо давлат уҳдадор нест, ки ҳама аълохон бошанд, ин табиатан ғайриимкон аст. Аз ин ҷо, агар хоҳем, ки аттестат сатҳи ҳақиқии дониши хатмкунандаро инъикос кунад, бояд иҷозат диҳем, ки дар мавридҳои муайян истилоҳи “иштирок кард”-ро ба ҷойи баҳои сеи дурӯғин истифода кунем. Яъне, хонанда дар баробари дигарон дар ин дарсҳо ҳам иштирок кардааст, вале истеъдоди азхуд кардани онро надорад.

Бо дипломи муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад. Дар аксар кишварҳо кордеҳон ҳангоми ба кор қабул кардан, дар баробари талаб кардани ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби мутахассис, имтиҳону санҷишҳои иловагӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҳадафи он тасдиқи сатҳи донишу салоҳиятҳои мутахассис аст. Яъне, доштани диплом фақат имкон медиҳад, ки мутахассис дар озмуни ба кор қабул кардан иштирок кунад.

– Имрӯз низоми тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба кадом навовариҳо ниёз дорад?

– Муассисаи таҳсилоти олӣ бояд хидматгузори бозори меҳнат бошад. Ба ибораи дигар, барномаҳои таълим, махсусан, дар бахшҳои 3 ва 4 (ихтисосӣ) хеле чандир (тағйирпазир) бошанд. Истеҳсолот дар замони иқтисоди рақамӣ бо суръати хеле баланд инкишоф меёбад, аз ин рӯ, сатҳи тайёр кардани мутахассис ҳамеша аз он қафо мемонад. Роҳи муфид дар он аст, ки вобаста ба талаботи наву воқеии бозори меҳнат барномаҳои таълим низ ҳамеша дар таҳаввулот бошанд, фаъолияти амалӣ-таҷрибавӣ (бигзор донишҷӯ се рӯз дар донишгоҳ бошаду се рӯзи дигар дар ихтиёри кордеҳи оянда) бештар бошад. Барои ин ки як барномаи нави таълимро ҷорӣ кунем, аз рӯзи таҳияи он аз ҷониби мутахассисон то рӯзи тасдиқи он аз ҷониби мақомоти дахлдор камаш як сол сипарӣ мешавад. Вақте онро татбиқ кардан мехоҳем, мебинем, ки аллакай талабот ба ин ихтисос ба таҳаввулот дучор шудааст. Рушди босуръати бозори хусусии таҳсилот (марказҳои омӯзиши забонҳо, ихтисосҳои алоҳида, барномаҳои компютерӣ ва ғайра) худ баёнгари он аст, ки таҳсилоти олӣ талаботи ҳақиқии мутахассисро пурра қонеъ гардонида наметавонад. Азбаски истеҳсолот бо суръати баланд рушд мекунад, салоҳиятҳои мутахассиси оянда нисбат ба донишҳояш бартарӣ пайдо мекунад. Осонтар карда гӯем, беҳтар аст, ки ба мутахассис салоҳиятҳои мустақилона кор кардану омӯхтанро бояд рушд диҳем, то ки дар вазъияти воқеӣ худаш тавонад бо андешидан донишу малакаҳои навро азхуд ва қарори мушаххас қабул карда тавонад. Дар шароити кунунӣ на он шахсе бурд мекунад, ки аз ҳама қавитар бошад, ё аз ҳама донотар, балки шахсе, ки ба ҷаҳони мутағаййир (тағйирёбанда) худро беҳтар мутобиқ сохта тавонад.

Мусоҳиб

Шодӣ Раҷабзод,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш