Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи гигиенӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Муаллим, омӯзгор ва тарбиятгар нафарест, ки тамоми ҳастии худро ба шогирдонаш мебахшад. Ҳар як омӯзгор дар раванди таҳсил ба саломатии хонандагон диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳангоми омӯзиши фанни табиатшиносӣ омӯзгор ба хонандагон чӣ тавр мӯътадил нигоҳдоштани ҳарорати доимии бадани инсон, онро аз хунукӣ, борон, барф, шамол, шуои офтоб, чангу хок, ифлосшавӣ муҳофизат намудан ва ғайраҳоро меомӯзонад.

Либоси хонандагон бояд ба фасли сол, боду ҳаво синну сол, ҷинс ва қаду қомати онҳо мувофиқ бошад.

Ҳарорати мутаъдили бадани одами солим ба 36,6 дараҷа рост меояд. Бояд ҳар як хонанда ба воситаи ҳароратсанҷи тиббӣ аз уҳдаи санҷидани ҳарорати бадани худ барояд. Инчунин хонандагон сатҳи зарурии ҳавои синфхона, чанд дарсадро ташкил додани ҳарорати дарсгоҳ  истифодабарии асбоби рутубат ё ҳароратсанҷро донанд.

Чунонки маълум аст, бисёре аз бемориҳо вобаста ба фаслҳои гуногуни сол хурӯҷ мекунанд. Масалан, бемориҳое, ки ба воситаи об бештар ба организми инсонҳо мегузаранд, дар фаслҳои баҳору тобистон, аз нӯшидани оби ноҷӯшонида сар мезананд. Дар фаслҳои гармо ҳама вақт аз оби ҷӯшонида бояд истифода бурд, меваҳоро ҳама вақт шуста бояд истеъмол намуд. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бештар бемории зуком авҷ мегирад. Барои он ки одамон ба ин беморӣ гирифтор нашаванд, либосҳояшонро бояд вобаста ба мавсими сол пӯшанд. Вируси бемории зуком тамоми фасли сол гардиш мекунад, аммо дар фасли тобистон аз сабаби гармии зиёд камтар таъсир мерасонад.

Ба қоидаҳои нигоҳубини бемор риоя кардан зарур аст. Ҳавои хонаеро, ки дар он бемор хобидааст, тез – тез тоза карда, як метр дуртар аз бемор истода бо ӯ гуфтугӯ кардан лозим аст.Шахсе,ки беморро нигоҳубин мекунад, бояд даҳону бинии худро бо докаи сеқабата маҳкам кунад. Аксар вақт кӯдакон ба бемории зуком гирифтор мешаванд, чунки ҷисми онҳо нозук ва ҳасос мебошад.

Ба таври ҳамешагӣ ба хонандагон дар бораи чӣ тавр тамошо кардани барномаҳои телевизионӣ маълумот додан лозим аст. Реҷаи тамошои барномаҳо бояд ба синну солашон мувофиқат дошта бошад. Масофаи байни телевизор ва тамошобинон набояд аз 4-5 метр камтар бошад. Агар вақти тамошои телевизион аз як соат зиёд тӯл кашад, ҳатман аз тамошои он муваққатан даст кашида, 15 -20 дақиқа дар ҳавои тоза сайругашт ва истироҳат кардан лозим аст. Ҳангоми кор бо компютер пас аз ҳар як соати корӣ, 5-10 дақиқа ё пас аз ду соати корӣ 15 -20 дақиқа истироҳат кардан лозим аст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва роҳбарони синфҳо вазифадор карда шудаанд,ки дар дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба Барномаи тарзи ҳаёти солим дар бораи тозагии сару либос, тозагии бадан, тоза нигоҳдоштани синфхона, бо худ доштани рӯймолчаи кисагӣ, рост нишастан дар курсиҳои талабагӣ, гаштугузор накардан дар ҷойҳои ифлос ва хӯрдани хӯрокҳои серғизо суҳбатҳо биороянд.

Наврасон бояд донанд, ки тозагӣ гарави саломатист. Ҳар як наврас бояд тарбияи хуби гигиенӣ дошта бошад.

 

Шаҳноза Мирова,

омӯзгори мактаби №31-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш