Нашрияи Омӯзгор

Афтодарӯҳ набояд буд

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Соли нави таҳсил, ки имсол дар ҷумҳуриамон ба таври ғайримуқаррарӣ 17 август оғоз ёфт, махсусиятҳои худро дорост ва ин махсусиятҳо, пеш аз ҳама, ба пайдоишу густариши бемории сироятии Covid-19 (коронавирус) иртиботманданд.

Аз «Тавсияҳои умумӣ  барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (Covid-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ шудаву ба нашр расидааст, бори дигар метавон амиқ эҳсос ва дарк кард, ки ин беморӣ то кадом дараҷа ҷиддиву хатарзост. Қоидаву  тадбирҳое, ки дар ин санади дастурӣ таъкид ва пешниҳод шудаанд, ҳама манфиатовару пешгирикунандаанд ва риояи қатъии онҳо дар тамоми таълимгоҳҳо бояд роҳандозӣ карда шавад.

Маълум, ки бемории хатаровари коронавирус дар охири соли гузашта дар кишвари Чин ба таври ногаҳонӣ сар зада, дар андак муддат қариб саросари ҷаҳонро фаро гирифт ва дар як қатор мамлакатҳо сабабгори марҳумиятҳо ва фоҷеаҳо  гардид. Оламиён пеши ин вабои ҳамагир дар таҳлука монданд ва аксар ба доми ваҳму тарс гирифтор шуданд. Кovid-19  боиси заиф гаштан ва ҳатто муддате аз кор мондани ташкилоту коргоҳҳо шуд, иқтисодиётро фалаҷ намуд, робитаи байни давлатҳоро гусаста кард ва боиси  афзудани  сафи бекорон дар тамоми олам гардид. Теъдоди мубталоёни коронавирус дар қисмате аз кишварҳо ҳадди даҳҳо милёнро убур кард ва мутаассифона, одамони зиёде дар ҷаҳон аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Пайдоиш ва  доманпаҳнкунии бемории Covid-19 тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ, муносибату муоширату иртиботи аҳли башарро дигар кард ва чунонки гуфта шуд, дар масоили равобити иҷтимоию иқтисодӣ зарари ҳангуфт ба пай овард. Маҳдудсозии робитаҳо вазъи мардумро вобаста ба иқтисодиёту иҷтимоиёт гаронтар  сохт, ба рӯҳияи ҳамагон таъсири манфӣ гузошт. Бино ба пешгӯии Сандуқи байналмилалии пул ва Созмони ҷаҳонии савдо бар асари бемории коронавирус  рукуди иқтисодиёти ҷаҳон се фоизро ташкил хоҳад дод ва зарари молиявӣ метавонад аз ҳадди нуҳ триллион доллари ИМА боло равад. Зарари молиявӣ танҳо аз ҳисоби маҳдудияти ҳаракати нақлиёти заминию ҳавоию обӣ ба миллиардҳо доллар мерасад. Вале аз ҳама гаронтар зарари маънавист. Бемории мазкур оммаи васеи ҷаҳонро дар ҳолати ноумедӣ, тарсу воҳима гузошт ва аз ҳамдигар дур кард. Аз нигоҳи омилҳои табиию биологӣ ин вазъ хеле ташвишовару нигаронкунанда аст, боиси костагии рӯҳияи мардум мегардад. Аз ин ҷост, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон масъулин, пеш аз ҳама, бар он кӯшиданд, ки одамонро ором кунанд, таскин бахшанд ва рӯҳбаланд созанду ба муборизаи аҳлона бар муқобили ин вабои тозападид ҳидоят намоянд.

Мутаассифона, нафаси номубораки ин бемории сироятӣ ба Тоҷикистони азизи мо ҳам расид ва охири моҳи апрели соли равон мавҷудияти он дар Тоҷикистон расман эълон шуд. Дар мо низ дар ибтидо мардум як дараҷа ба таҳлукаву воҳима гирифтор шуданд, вале тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат боиси ба эътидол омадани вазъи маънавии ҳамагон гардиданд.

Бо  ибтикори мардумпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷумҳурӣ ситоди махсуси мубориза бо паҳншавии бемории сироятии Covid-19 таъсис дода шуд, ки он то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар натиҷаи силсилаи тадбирҳои судманде, ки аз ҷониби Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ андешида шуданд, ин беморӣ дар Ватани маҳбуби мо чандон фаъол шуда натавонист, ки ҳамагон аз ин шукргузорем. Ҳоло дар мамлакат шиддати беморӣ хеле коҳиш ёфтааст, вале ҳамеша дар назар бояд дошт, ки он ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст ва хатари мубталои коронавирус шудан боз ҳам таҳдидгари мост. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд ҳамешаву ҳама ҷо ҳушёру бедор бошем, ба қоидаҳои муқарраршудаи гигиению тиббӣ риоя намоем, худу дигаронро дар хатар нагузорем. Махсусан, дар таълимгоҳҳо, ки акнун саршор аз хонандагону омӯзгорон шудаанд, бояд ҷиддиву дониста рафтор кард ва аз ҷумла, тавсияҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро, ки дар аввал ёдовар шудем, қотеъона риоя бояд намуд. Вобаста ба ин, дар соли нави таҳсил мо, омӯзгорон, масъулияти бештар ба дӯш дорем.

Мунаввара Насриддинова,

омӯзгори биологияи

мактаби №82-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш