Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода 6 нафар муҳассили мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстонро, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2019-2020 медали тилло ба даст оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Хатмкунандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Фаромарз Ҷонибеков ва Хосият Шарифова аз самти равияи умумӣ ва Зебохон Сайфиддинова, Сарвиноз Сатторова, Шукрона Раҳматуллоева ва Манучеҳр Набиев аз самти равияи табиӣ - риёзӣ бо нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷамъбасти соли хониши 2019-2020 соҳиби медали тилло ва аттестати аъло гаштанд. Ҳамасола хонандагони муассисаи мазкур дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, номӣ, даставӣ, лоиҳавӣ ва фосилавии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Соли хониши 2019-2020 муҳассилини муассиса дар олимпиадаи фаннӣ дар шаҳри Анталияи давлати Туркия ва олимпиадаи лоиҳавии Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, 11 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд. Ҳамзамон, дар олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ 7 нафар бо гирифтани ҷойҳои намоён ғолиби олимпиада гардиданд.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр