Нашрияи Омӯзгор

Шароити мусоид барои таълим

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

- Соли таҳсили 2020 – 2021 ба коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 412 нафар донишҷӯ тибқи низоми тестӣ қабул гардид. Шумораи умумии донишандӯзони коллеҷи мазкур 1479 нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо 221 нафар омӯзгор  таълим медиҳанд,  - гуфт Зулфия Ҳасанова, муовини директор оид ба корҳои таълимии коллеҷ.

Бинои таълимии коллеҷи мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар он 23 синфхона мавҷуд аст.

Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии ноҳия, дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдошти вогишиносӣ, дармонгоҳ ва дар умум, 13 ҳуҷра ҳамчун синфхонаи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин синфхонаҳо дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд. 

Заррина Рустамова, муовини директор оид ба тарбия, изҳор дошт, ки дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори тиббӣ – ташхисӣ, кори момодоягӣ ва кори фармасевтӣ мавҷуд мебошанд. Боиси  хурсандист, ки дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шудааст. Коллеҷ дорои 43 адад компютер, 26 адад тахтаи электронӣ ва видеопроектор мебошад.

Соли ҷорӣ 19 нафар омӯзгори ҷавону ихтисосманд ба кор қабул гардиданд. Барои баланд бардоштани донишу малакаи тахассусӣ 12 нафар корманди муассиса аз курсҳои тахмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд.

 

Омӯзиш аз рӯйи 16 ихтисос

Литсейи касбӣ-техникии  саноатӣ- кишоварзии ноҳияи Ёвонро то имрӯз зиёда аз 12 ҳазор нафар хатм намуданд ва дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Литсей дорои ду бинои таълимӣ, толори варзишӣ, ошхона, хобгоҳ ва як бино барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ мебошад.

Дилором Асоева, муовини директори литсейи мазкур изҳор дошт, ки 16 ихтисоси гуногун ба хонандагон омӯзонида мешаванд. Ихтисосҳои тракторчӣ – мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ – ронандаи дараҷаи «С», дуредгар, кафшергари газӣ – барқӣ, дӯзанда, челонгарӣ таъмири автомобил-ронандаи дараҷаи «С» ва амсоли дар колллеҷ омӯзонида мешаванд. Дар муассиса 5 устохонаи таълимӣ мавҷуд мебошад: кафшергарӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, коркарди дару тирезаҳои пластикӣ ва устохонаи таълимии тракторчӣ устоҳои таълимӣ – истеҳсолӣ.

 

С. АЗИЗӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш