Нашрияи Омӯзгор

Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» ба адиби тоҷик

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Аз 19 то 20-уми июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми XIII-и зиёиёни эҷодкор ва илмиии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он дар радифи дигар меҳмонон аз кишварҳои ИДМ намояндагони адабиёту фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Сараввал, иштирокдорони форум аз намоишгоҳи асарҳои рассомӣ, ки ба 20-солагии шаҳри Остона ва Соли фарҳанг дар кишварҳои ИДМ бахшида шуда буд, дидан ба амал оварданд. Сипас, маросими тантанавии бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод»  мукофотонидани як идда зиёиён-адибон, олимон, мусиқишиносон аз кишварҳои ИДМ сурат гирифт. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим бо ин ҷоизаи олӣ қадрдонӣ гардид. Инчунин, чанде аз намояндагони кишварҳои ИДМ бо ин ҷоизаи байналмилалӣ сазовор дониста шуданд. Баъдан, дар доираи баррасию муҳокимаҳо дар мавзӯи «Муколамаҳои фарҳангӣ дар ИДМ-имконоти нав баҳри рушду пешрафти фарҳангу илм ва маориф» суханрониҳои меҳмонон шунида шуд. Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни баромади худ изҳор дошт, ки робитаҳои фарҳангию адабӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф тайи солҳои охир байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ мустаҳкам гардида, вусъати тоза меёбанд. Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар гурӯҳи баррасикунандаи мавзӯи «Гуманистикунонии маориф: таърих ва дурнамо» ширкат варзида, суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар меҳвари рушди гуманистии шахсият дар афкори мутафаккирон ва маорифпарварони форсу тоҷик такомули ахлоқию интелектуалии фард қарор гирифтааст, ки дар асоси он робитаҳои гуногунҷабҳаи инсон бо олами атроф нуҳуфтааст. Дар хатми суханрониаш Ирина Каримова пешниҳоди худро дар масъалаи ба нашр расонидани Хрестоматияи адабиёти кишварҳои ИДМ ба самъи ҳозирон расонд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокдорони форум бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш