Нашрияи Омӯзгор

Дар ҷавоби ғамхориҳо

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар кори он раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Ораш Калонов, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони эҷодкору фаъол иштирок намуданд. Дар машварат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нуриддин Боқиев оид ба фаъолияти соҳаи маориф ва муассисаҳои тобеи он дар соли хониши 2019-2020 ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки ба маблағи умумии зиёд аз 21 млн сомонӣ бунёд гардидани биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаи муосири таълимӣ дар шаҳраки навбунёди Ганҷобод ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ки рӯзҳои таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолият ба истифода дода мешаванд аҳли маорифи ноҳияро водор менамояд, дар ҷавоб чунин ғамхориҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоянд.

Дар анҷоми машварат ба як гурӯҳ кормандони соҳа сипосномаҳои раиси ноҳия, раёсати маорифи вилояти Суғд ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия тақдим карда шуд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш