Нашрияи Омӯзгор

Мукофот ба ғолибони олимпиада

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар толори Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии  ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид.

Дар машварат вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти соҳаи маориф дар вилоят, сатҳи таълиму тарбия ва масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Диловар Қодирзода ва Зайнура Азимӣ ба толибилмон - ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуданд

Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳозиринро бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли таҳсили 2019 – 2020, барору камбудиҳои фаъолияти ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимии вилоят муфассал ошно сохт.

Зикр  гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019 15 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба даври ниҳоии озмун барои дарёфти медалҳои тиллою нуқра ва 6 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд. Илова бар ин, соли панҷум аст, ки муаллимону мураббиёни навовару ташаббускори вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол” ва “Мураббияи сол” ғолиб меоянд.

Дилафрӯз Умарзода, омӯзгори забони англисии литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон - 2019», Розия Нурматова – мудири муассисаи томактабии №15-и шаҳри Конибодом, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019», Муродбек Шарифов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №111-и шаҳри Панҷакент ба музокира баромада, оид ба дастовардҳои соҳаи маориф андешаҳои худро баён доштанд. Дар  охир муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода роҷеъ ба дастовард ва вазифаҳои минбаъдаи маорифчиёни вилояти Суғд ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия муфассал андешаҳои худро баён дошт.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш