Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар Файзобод

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода, директорон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия бинои таълимии муассисаи таҳсилоти умумии №26-и деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки теъдоди хонандагон дар муассисаи таълимӣ 441 нафарро ташкил дода, дар он 20 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Бояд гуфт, ки  бинои қаблии муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Ҳамакнун, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов бинои таълимӣ иборат аз чор синфхона барои 120 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш