Аз субҳи барвақт ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо омодагии сатҳи баланд Рӯзи донишро истиқбол намуданд. Тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои барҳавои донишгоҳ, бо риояи тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории Сovid - 19 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.
Зикр гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.
Пас аз тамошои дастҷамъона ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳор намуданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш баён гардид, равона карда, мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир тарбия менамоянд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр