- Ваҳдат аст, ки имрӯз моро дар тамоми дунё мешиносанду Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва дорои тамаддуни ғанӣ эътироф намудаанд, – иброз дошт Шаҳриёр Назаров - раиси иттифоқи касабаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм дар ҳамоиши идона бахшида ба 21-умин солгарди таҷлили Ваҳдати миллӣ, ки дар толори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ рӯзи 26 июни соли равон баргузор гардид. Дар чорабинии идона мутахассиси шуъбаи таълими марказ Насиба Сафарова, ҳуқуқшиноси марказ Лола Ҳодиева, устодон Сафар Сатторов ва Шералӣ Ашӯралиев суханронӣ намуда, аз рӯзҳои вазнин ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуданд ва бузургиву аҳамияти ин ҷашни миллиро тавсиф намуданд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
мутахассиси Маркази
матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр