Нашрияи Омӯзгор

Андешаҳои ҳакимона аз гулбоғи чаҳор нобиға

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Имрӯз дар кишварамон ба таълиф ва омӯзишу мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва оммавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Тайи солҳои охир  дар ин замина асарҳои зиёде рӯйи чоп омадаанд. Китоби тозанашри «Бузургон чӣ мегӯянд?», ки Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон аз силсилаи «Ҷаҳони андеша» (китоби 1) бо таҳияву танзим, тавзеҳ ва таҳрири умумии номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода ба чоп расондааст, аз ҳамин қабил таълифот маҳсуб меёбад.

Китоби мазкур фарогири андешаҳои ҳикматбору олии чаҳор тан шахсияти бузурги  адаби ҷаҳон – Иоҳанн Волфганг Гёте,  Ҷорҷ Бернард Шоу, Ҳерман Ҳессе ва Ҷорҷ Оруэлл мебошад. Дар муқаддимаи китоб, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» Ш. Шокирзода зикр намудааст: «Дар адабиёти форсу тоҷик панд, андарз ва сухани пурҳикмат гуфтан таърихи дерина дорад ва агар бигӯем, ки асли бунёди онро ҳикмату андеша ташкил медиҳад, газоф нагуфтаем. Қобили тазаккур аст, ки дар кишварҳои мухталифи дунё ҳамасола даҳҳо ҷилд китоб ва гулчини андешаҳои ҳикматбори бузургони илму адабу фарҳанги ҷаҳонӣ дар забони асли муаллиф ва тарҷума бо теъдоди муносиб чоп мешаванд».

Шоистаи таъкид аст, ки донишманди пуркор  Ш. Шокирзода пеш аз овардани суханҳои омӯзандаи бузургони илму адаб, ба таври фишурда, вале таҳқиқи ҳамаҷониба  маълумоти ҷолибро дар бораи ин шахсиятҳо пешниҳоди хонанда мекунад. Матолиби мазкур, аз як тараф, маълумоти арзишманди илмиро дар бораи ин бузургон дар бар гирифта бошад, аз ҷониби дигар, ба таври шоиста фаъолияти ҳамаҷонибаи эҷодиву зиндагии онҳоро муаррифӣ мекунад ва гумон мекунам, ки барои хонандаи тоҷик сухани нав аст. Ҳамчунин, суханҳои кӯтоҳи ҳикматбори ин чор шахсияти бузурги ҷаҳонӣ аз рӯйи мавзӯю муҳтаво тасниф шудааст, ки ин кори хонандаро осон мекунад. Нахуст бо номи «Пири Ғарб, дилдодаи Шарқ» перомуни фаъолият ва эҷодиёти  шоир, нависанда, драматург, муҳаққиқ ва сиёсатмадори олмонӣ, мазҳари «асри тиллоӣ»-и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони бузурги фарҳанги асрҳои XVIII ва XIX –и Аврупо ва яке аз афроди барҷастаи адабиёти ҷаҳон Иоҳанн Волфганг Гёте (1749-1833) маълумот оварда шуда, дар зимн андешаҳои тиллоии ин нобиғаи илму адаб пешниҳод гардидааст. Ба таъкиди мавсуф, Гёте перомуни ҷабҳаҳои мухталифи рӯзгори инсон  осори зиёди реалистӣ, романтикӣ,  классикӣ  ва рамзӣ (символикӣ)-е дар камоли беназири нависандагӣ таълиф намудааст, ки ба иттифоқи назари муҳаққиқон, аз ҷумлаи падидаҳои беназири адабиёти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар зер аз ин суханони ҳикматбор намунаҳо меорем:

Инсонҳои бисёре фикр мекунанд он чиро таҷриба мекунанд, фаҳмидаанд.

***

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.

***

Зиндагӣ  ба мо меомӯзад, ки бар хештан ва дигарон камтар сахт бигирем.

***

Ҳар чӣ падид меояд, арзишманд аст, зеро нобуд хоҳад шуд.

***

Агар инсонҳо бад бошанд, ҳеҷ эҳсосе ҷуз лаззат аз ранҷи дигарон надоранд.

***

Танҳо донистан кофӣ нест, бояд донистаҳоро ба кор баст.  Танҳо хостан кофӣ нест, бояд даст ба кор шуд.

***

Шояд мешуд кӯдакони боодобро ба дунё овард, ба шарти он ки падару модар ҳам боодоб мебуданд.

Сипас, таҳти унвони «Муруре бар зиндагӣ ва осори Бернард Шоу» симои дурахшони драмаи Англия, устоди таълифи мазҳакаи аср ва мунаққиди иҷтимоӣ, ки соли 1856 дар шаҳри Дублини Ирландия ба дунё омадааст ва соли 1960 дар наваду чорсолагӣ дар Эйот-Сент-Лоренс (шоҳигарии Ҳертфордшир) даргузаштааст, маълумоти мухтасар оварда мешавад. Дар китоб зикр шудааст, ки Шоу аз ҷумлаи нависандагоне буд, ки метавонист ҳар ду рӯйи сиккаро бубинад ва мехост чизҳои такондиҳандае бигӯяд, то мардумро ба андешидан водор кунад; аз ин рӯ, намоишномаҳояш саршор аз ҷунбишҳову ангезаҳои рӯҳи инсонӣ буданд. Ӯ дар зиндагӣ ҳамвора андешаҳои навине дошт ва ҳаргиз дар пайи пазируфтану қарор гирифтан дар қолабҳои маъмулӣ набуд. Таври мисол, ин андешаҳои Б. Шоу ҷолиб аст:

Агар инсон доиман дар пайи ёфтани дӯстони беҳтар бошад, ба рушду пешрафт расидааст.

***

Дӯсти воқеӣ ҳеҷ гоҳ садди роҳат намешавад, магар он ки дар ҳоли суқут бошӣ.

***

Дӯстӣ як рӯҳ аст, сокин дар ду тан.

***

Бояд аз касоне, ки боиси хушҳолии мо мешаванд, қадрдонӣ кунем, онҳо чун боғбонҳои дилрабо ҳастанд, ки боиси шукуфоии рӯҳи мо мешаванд.

***

Чи қадар хандаовар, вале матлуб аст, ки ошиқи ҷавонтар аз худат бошӣ. Ҳама бояд инро таҷриба кунанд.

***

Андак афроде ҳастанд, ки соле ду ё се бор фикр мекунанд. Ман бо як ё ду бор фикр кардан дар ҳафта барои худам эътибори  ҷаҳонӣ касб кардаам.

***

Дар ҷавонӣ мутаваҷҷеҳ шудам, ки қисмати аъзами корҳоям бо шикаст мувоҷеҳ мешавад. Бинобар ин, кору талошамро даҳ баробар намудам.

***

Инсон метавонад ба баландтарин қуллаҳо бирасад,  вале муддати тӯлонӣ наметавонад он ҷо бимонад.

***

Як хонаводаи хушбахт чизе ҷуз  як биҳишти зудрас нест.

Дар қисмати баъдӣ, зери унвони  «Муфассири буҳронҳои ҷаҳонӣ» перомуни фаъолияти эҷодии Ҳерман Ҳессе (1877-1963), нависандаи бузурги Олмон маълумоти хронологӣ оварда шудааст. Зикр гардидааст, ки зиндагии пурфарозу нишеби Ҳессе таъсири амиқе ба осораш барҷо ниҳода ва ин таъсирро дар тамоми эҷодиёташ метавон мушоҳида кард. Аз «Зери чарх» то «Гурги биёбон» тамоми навиштаҳои Ҳессе бозгӯи буҳронҳои ҷаҳон дар он давра аст. Ин гуфтаҳо аз кӯлбори боғановати ӯстанд:

Воломартабагии инсон танҳо бо ҳадафҳои дастнаёфтанӣ мушаххас мешавад.

***

Вақте бидонӣ, ки дар мубориза намебарӣ, зиндагиат  ҳам беҳудаву аблаҳона нахоҳад буд.

***

Сулҳу оромиш вуҷуд дорад, аммо на он оромиш, ки пайваста дар вуҷуди мо бошад, балки он оромише, ки ҳаргиз моро тарк намегӯяд.

***

Ҳеч эҳсосеро сабук машмор, ҳеч эҳсосе беарзиш нест. Ҳамаи эҳсосот, ҳатто нафрат, ҳасрат, ҳасодат ва сангдилӣ ҳам  зебост.

***

Зиндагии мо лабрез аз эҳсосҳои ҳақирона, зебову шукӯҳманд аст ва агар ба ҳар як ситаме раво кунем, ситораеро хомӯш кардаем.

***

Шуҷоат мардро қавӣ мекунад, пофишорӣ лаззатбахш аст ва шикебоӣ оромиш мебахшад.

Дар қисмати охири китоби маврид назар бо номи «Холиқи осори зиддиормонӣ» дар бораи  Эрик Артур Блэр бо номи мустаори Ҷорҷ Оруэлл (1903 – 1950), нависанда шоир, рӯзноманигор ва мунаққиди англис, дуюмин фарзанди як хонаводаи англисӣ-ҳиндӣ сухан меравад. Дар китоб зикр шудааст, ки Ҷорҷ Оруэлл аз зумраи насли адибонест, ки бовар доштанд, адабиёт ҳаёти инсонҳоро дигаргун карда метавонад.  Эҳсоси пуршӯри адолати иҷтимоӣ вежагиҳои хоси шахсияти эҷодии ӯ буд ва ҳамвора таъкид мекард, ки ҳунарманд на фақат метавонад, балки бояд бо сиёсат дахолат намояд. Ҷорҷ Оруэлл дар сиёсат истилоҳи «ҷанги сард»-ро ҷорӣ намуд, ки минбаъд он ба таври васеъ истифода мешавад.

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи  зиндагӣ шодӣ аст.

***

Зиндагии заношӯиро се нафар комил мекунад, на ду нафар.

***

Ишқро дар  қалби худ нигаҳ дор, чун зиндагӣ бидуни ишқ ҳамчун боғи беофтобест бо гулҳои пажмурда.

***

Дар зиндагӣ танҳо ду фоҷиа вуҷуд дорад: яке ба даст наовардани чизест, ки шахс хоҳони он мебошад ва дигарӣ ба даст овардани он аст.

***

Дар ҷавонӣ хиёл мекардам, ки пул муҳимтарин чизи зиндагӣ аст. Ҳоло, ки пир шудаам, яқин дорам, ки ҳамин тавр аст.

***

Дуруст аст, ки тануманду фарбеҳ ҳастам, вале вуҷуди лоғаре дорам.  Зоти ҳар фарди фарбеҳ лоғару заиф аст.

***

Бадбин касест, ки қимати ҳама чизро медонад, вале арзиши ҳеҷ чизро намедонад.

Дарвоқеъ, китоби мазкур як донишномаи мухтасар дар бораи чор тан адиби барҷастаи ҷаҳонӣ буда, аз як ҷониб, маълумоти фишурда ва муфидро перомуни эҷодиёти ин нобиғагон дар бар гирифта бошад, аз тарафи дигар, андешаҳои мондагори эшонро, ки баргирифта аз асарҳояшон мебошаду ба хонандагон ғизои маънавӣ мебахшад ва дар  рушду тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо таъсири амиқ мегузорад, дар худ ҷой додааст.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш