Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар шаҳри Конибодом

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Рӯзи 27 июни соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Бинои нави сеошёнаи мактаб аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писарону духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад.  Бино барои 1320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона таҳният гуфтанд ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии илмҳои замонавӣ комёбиҳо орзу намуданд.

Prezident.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш