Нашрияи Омӯзгор

Арҷгузори сарчашмаи хирад

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Китоб муъҷизаи нодир аст, муъҷизаест, ки метавонад дар гуруснагӣ нон, дар беморӣ дармон, дар зулмот нур ва пас аз марг нишон бошад.

Бо таъкиди ин нукта мехоҳам сухане чанд оид ба ҳаёту фаъолияти шахси китобдӯст, устоди азиз Сафар Шосаидзода бигӯям. Меҳру муҳаббат нисбат ба китоб ӯро ба ДДСҲТ ба номи Мирзо Турсунзода овард Чун ин боргоҳи маърифатро хатм кард, бо маслиҳати ректори донишкада Меҳрубон Назаров ва декани факултаи китобдорӣ Абдураҳим Раҳимов дар факултаи хатмкардааш ба кор шурӯъ намуд.

Солҳои аввали фаъолият нозукиҳои соҳаи китобдориро омӯхта, андешаҳояшро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайваста ба табъ мерасонид. Аз ибтидои солҳои 80-уми асри XX то имрӯз оид ба проблемаҳои муҳимтарини соҳаи китобдорӣ, иттилоотшиносӣ ва фарҳанг беш аз 200 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимӣ таҳия ва чоп намуд.  Аз силсилаи таҳқиқоти олим метавон асарҳоеро дар робита ба масоили навовариҳо дар китобдорӣ, таъсиси Китобхонаи миллӣ, стандартсозии истилоҳоти китобдорӣ, вазъият ва мушкилоти китобхонаҳо дарёфт намуд. Устод соли 1990 рисолаи номзадиро дар самти фаъолияти тарбиявии китобхонаҳо дифоъ намудааст.

Устод Сафар Шосаидзода аввалин маротиба (с.2005) дар китобхонашиносии ватанӣ зарурати таҳияи стандартҳои миллии соҳаи китобдорӣ, библиографишиносӣ, иттилоотшиносӣ, табъу нашр, тавзеҳи китоб ва ба сатҳи стандартҳои байналмилалии созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ИФЛА- Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ, ИСО – Созмони байналмилалӣ оид ба стандартсозӣ мутобиқ гардонидани онҳоро таъкид намуда, аввалин маротиба дар китобхонашиносии миллӣ (2013) дар заминаи аломатҳои типологии – таъйиноти хонандагии китобхонаҳо, таркиби фонди онҳо, тобеият (аз ҷумла тобеияти идоравӣ), моликият, маъмурӣ-ҳудудӣ, принсипи ташкили фаъолияти китобхонаҳо,  мақоми китобхона дар низоми муассисаҳои китобдорӣ китобхонаҳоро тасниф (классификатсия) намуд.  Дар назарияи китобхонашиносии ватанӣ аввалин маротиба тавзеҳоти илмии мафҳумҳои «сиёсати давлатии китобдорӣ» ва  «имплементатсия»-ро ворид кард. Устод яке аз муҳаррирони шинохтаи осори илмӣ ва таълимию методии на танҳо соҳаи китобдорӣ, балки фарҳанг, идоракунии давлатӣ, педагогика ва забоншиносӣ мебошад. Ӯ узви ҳайати таҳририяи асари бисёрҷилдаи энсиклопедии “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” аст. Айни замон номбурда вазифаи муҳаррири масъули маҷаллаи илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Паёми донишкадаи забонҳоро бар дӯш дорад. Силсилаи илмҳои филологӣ, педагогӣ, таърих ва фалсафа”-ро ба уҳда дошта, зери назари ӯ китоби дарсии “Психологияи идоракунӣ” (муаллиф Ҷ. Файзализода), маҷмӯаҳои илмии “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”(ҷилдҳои 2, 3,4, 5) ва шумораи хеле зиёди осори таълимӣ ва таълимию методӣ ба табъ расидааст. Навоварию навгӯиҳояшро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, ӯро ҳамчун сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2006-2014) ба кор даъват намуд. Дар раёсати мазкур ӯ дар таҳияи  7 барномаи давлатии соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг ба сифати яке аз мураттибони асосӣ ширкат варзида, барои дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани аксарияти чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ саҳми босазо гузошт. Сафар Шосаидзода инчунин, дар вазифаҳои мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2016), директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумаи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2016-2018) адои вазифа намудааст. Аз 1 октябри соли  2018 инҷониб, мушовири ректори ДДЗТ ба номи С. Улуғзода мебошад. Сафар Шосаидзода як муддат ба сифати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши МБА-и кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими робитаи китобию китобдорӣ саҳм гузоштааст. Устоди азизи мо бо  нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Хизмати шоиста» гардида, соҳиби рутбаи тахассусии мушовири давлатии дараҷаи 3 мебошад.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ

ва иттилоотшиносии  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш