Нашрияи Омӯзгор

То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Нахусткомёбии ҳар шахс дар зиндагии фаъолона мақоми шоиста ва роҳу равиши сазовори худро дарёфтан аст. Зиндагиро маҳз ҳадафи муайян доштан барои инсонҳо пурмаънию  файзбахш мекунад. Танҳо барои худ зистан, танҳо барои хушбахтии худ талош варзидан зиндагӣ нест, балки як ҳастии даргузари беасар аст.

Ин маъноро инсони шариф ва омӯзгори мумтоз Ибодулло Азимов аз оғози ҳаёти мустақилонааш ба сифати таълимгари насли наврас хубу амиқ дарк кардаву дар ин замина дар ҷодаҳои зиндагӣ талош варзидааст. Чун соли 1978 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бомуваффақият хатм карду дипломи омӯзгори математикаю физикаро ба даст овард, ин ҳикмати волои Афлотуни ҳамадон дар хотираш рӯшан шуд:

«Зиндагонӣ кӯтоҳ аст, фақат кори нек ва  хидмат ба мардум онро дароз мекунад». «Дар куҷо кор кардан мехоҳед?» - ба ин  суоли роҳбарияти донишгоҳ  омӯзгори ҷавон бадоҳатан посух дод: «Дар ҳар ҷое, ки зарур донед». Ва ӯ роҳхати Вазорати маориф дар даст озими  шаҳри Норак шуду дар мактаби рақами 88 оғози фаъолият намуд. Аз нахустсоли омӯзгориаш бо азму талошу иродатмандӣ ва бо ташаббускорию навовариаш собит кард, ки ҳаргиз омӯзгори «тасодуфию қаторию муқаррарӣ» нест, ояндаи хуб дорад. Ибодулло Азимов минбаъд бо даъвати роҳбарияти мактабҳо, бинобар табдили макони зист ва омилҳои дигар дар чанде аз таълимгоҳҳои шаҳри Ваҳдат кор кард ва таҷрибаашро ғанӣ гардонду маҳораташро сайқал бахшид. Соле чанд дар омӯзишгоҳи касбии техникии рақами 45 низ фаъолият дошт. Пасон боз ҳам бо даъвати масъулини соҳаи маориф ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе омад ва беш аз даҳ сол дар омӯзишгоҳи рақами 33 ва дар таълимгоҳҳои рақамҳои 74, 40 ва 42 ҳамчун омӯзгор аз фанҳои математикаю физика ва технологияи  информатсионӣ дарс гуфт. Дар машваратҳои аҳли маорифи пойтахт ӯро дар шумори устодони варзидаву тозакор ном мебурданд ва омӯзгорони дигарро ҳидоят менамуданд, ки ба дарсҳои ин муаллими соҳибмаҳорат ширкат варзанд, таҷриба омӯзанд, донишу малакаашонро такмил бахшанд. Ибодулло  Азимов борҳо бо хоҳиши  роҳбарияти шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамоишҳои илмию методии аҳли маориф ва аз ҷумла, омӯзгорони фанҳои дақиқ аз таҷрибаи худ суханронӣ карда, дар гиреҳкушоии баъзе аз мушкилоти таълими  фанҳои математикаю физика ҳиссагузорӣ намудааст. Тартиби кор ва ҳуҷчатгузории ин омӯзгори варзида низ барои бисёр ҷавономӯзгорон манбаи омӯзишу пайравӣ гардида буд. Боз ҳам бо тақозои қисмат Ибодулло Азимов ба  шаҳри Ваҳдат баргашт ва дар мактаби зодгоҳаш деҳаи Сӯфиён (таълимгоҳи рақами 104) дар вазифаи  директор  кор кард…

Ҳамакнун чилу ду сол мешавад, ки  Ибодулло Азимов шуғли омӯзгорӣ дорад ва ҳоло ҳам аз арсаи маориф канор нарафтаасту дар яке аз таълимгоҳҳои дурдасти шаҳри Ваҳдат – мактаби рақами 87 кор мекунад. Масъулини шуъбаи маорифи шаҳр мегӯянд, ки дар ин синну сол дур аз аҳли оила дар як мактаби оғӯши кӯҳсор кор кардани омӯзгороне чун Ибодулло Азимов намунаи барҷастаи садоқат ба пеша, муҳаббат ба таълиму тарбия ва масъулият нисбат ба фардои насли наврас мебошад. Бигзор, ҷавонон аз ин гуна омӯзгорон дарси матонату устуворӣ ва маорифпарварӣ биомӯзанд. Устод Ибодулло Азимов рӯзгори осоишта, хонаву дари обод, зану фарзандони солеҳ дорад ва дигар ба чизе эҳтиёҷаш намондааст ва аз тарафи дигар, метавонад осуда дар мактаби зодгоҳаш, назди аҳли оилаву хешовандон ба омӯзгорӣ машғул шавад, вале одати деринааш барҷо монда; дар он ҷое кор мекунад, ки буданаш заруртар асту ба ӯ эҳтиёҷ доранд. Ҳоло дар бисёр таълимгоҳҳои деҳоти дурдаст костагии сафи омӯзгорони фанҳои дақиқ ба мушоҳида мерасад, ин фанҳоро омӯзгорони ғайриихтисос дарс медиҳанд. Яқин, яке аз сабабҳои эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф низ вазъи мазкур аст…

Устод Ибодулло Азимов инсони наҷиб ва хушмуомилаю зиндадил аст. Ӯ аз пешаи пазируфтааш ҳамеша изҳори ифтихормандӣ мекунад ва такрор ба такрор қотеъона изҳор медорад, ки «то ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст». Дар ҷавоб ба суоли «шумо кай ба истироҳат машғул мешавед?» чунин мегӯяд: - Чун аз ҳар дарсам қаноатманд мешавам, чун аз омодагии шогирдон ба дарсҳову ҷавобҳои комилашон мешукуфам, чун бо дӯстони донишварам суҳбатҳои озод меороям, чун китоби хуберо мутолиа мекунам, чун суруди бамаъние мешунавам… истироҳат мекунам, тамоми ҳастиамро эҳсоси гарму гуворое фаро мегирад, дилам мешукуфад. Баъзан шеъру мақола ҳам менависам, ки низ бароям як навъ фароғат аст. (Ва чопи қисме аз онҳоро дар нашрияҳо дида, ҳаловат мебарам).

…Устод Ибодулло Азимов боз ҳам озими роҳ аст. Рӯзи истироҳат ба зодгоҳаш ба дидорбинии аҳли оилааш омада буд, ҳоло ба коргоҳаш - ба мактаби рақами 87 бармегардад. Он ҷо шогирдони азизаш ӯро интизоранд.

М. Абдурауф,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш