Нашрияи Омӯзгор

Таърихнигори пуркор

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Нақши муҳит дар ташаккули ҳар фардро донишмандону пажӯҳишгарони илмҳои педагогикаю психология борҳо таъкиду собит кардаанд. Воқеан ҳам, нахустомиле, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи кас мешавад, ба кас таъсиргузор мегардад, муҳит аст.

Аввалин  маълумотро инсон оид ба ҳастии ашё маҳз тавассути муҳити хеш ва мавҷудоти он ба даст меоварад. Масалан, оне, ки дар муҳити кӯҳсор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, пеш аз ҳама, оид ба кӯҳу доманкӯҳҳо, дарахтону сангзору чашмасорҳо тасаввурот пайдо мекунад. Ҳикмати «Аз биёбонгард напурсанд, ки дарё чист» ба ҳамин нуқта ишорат мекунад. Таъкиди дигар: албатта, оне, ки дар деҳоти атрофи кӯҳи Хӯҷамуъмин ба камол расидааст, дар бораи намак аз хурдӣ бисёр мешунаваду маълумот ҳосил мекунад.

Қаҳрамони мақолаи мо олими варзида Ҳабибулло Тоатов дар деҳаи Заврони шаҳри Панҷакент ба дунё омадаасту давраи кӯдакию наврасии худро ин ҷо паси сар кардааст. Маълум, ки Панҷакент аз шаҳрҳои бостонии кишвари маҳбубамон буда, мавзеъҳои Панҷакенти куҳна ва Саразми он шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва таваҷҷуҳи олимони зиёдеро ҷалб намудаанд. Аз тарафи дигар, ин диёри бостонӣ ҳамчун маъвои илму адаб, шеъру сухани воло низ шуҳратёр мебошад.

Ин гуна муҳит, албатта, ба Ҳабибуллои наврас бетаъсир буда наметавонист. Муҳити мазкур созгор ба он гардид, ки ӯ ба таъриху адабиёт ҳамбастагӣ, меҳру таваҷҷуҳ пайдо намояд. Дар мактаб аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло дошт, аммо муҳаббаташ, эътибораш ба таъриху адабиёт бештар буд. Ҳанӯз дар паси партаи мактабӣ  дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ, дар бораи таърихи Панҷакент илова ба китобҳои дарсӣ асарҳо дастрас ва мутолиа менамуд, ба зиёрати мавзеъҳои таърихии диёр мерафт, мутолиаи адабиёт оид ба таърихро (аз ҷумла, асарҳои бадеии таърихиро) дӯст медошт.

«Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод Айнӣ, пораҳо аз «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Афсонаи Аспанзод»-и Клара Моисееваро такрор ба такрор мутолиа мекард. Ба ин гуна, ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил мекард, ки ба хулосаи қатъӣ расида буд; дар оянда ба омӯзиши амиқи таърих машғул шудан. Ин буд, ки пас аз хатми мактаб дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) идомаи таҳсил намуду ин боргоҳи бонуфузи маърифатро бо дипломи аъло ба итмом расонд. Устодон даъваташ карданд, ки дар донишкада ба кор монаду чун донишу фаҳмишу истеъдоди комил дорад, ҳам ба омӯзгорию ҳам ба пажӯҳиш машғул шавад. Ин даъватро Ҳабибулло Тоатов бо қаноатимандӣ пазируфт ва дар факултаи хатмкардааш ба фаъолият пардохт. Ӯ мақоли «Умре бизӣ, умре биомӯз»-ро чун маромномаи зиндагиаш пазируфт ва дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ доираи омӯзишашро боз ҳам вусъат бахшид ва ҳамчунин, бо азму иродаи қавӣ ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул шуда, рисолаи илмӣ навишт ва онро бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илми таърих гардид. Бо гузашти солҳо обрӯю эҳтиромаш байни ҳамкорону олимон ва донишҷӯён зиёд шуд, дар сафи беҳтарин устодони мактаби олӣ ҷой гирифт. Солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири кафедраи таърихи ҲКИШ, мудири кафедраи таърихи дунёи кадим, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, ноиби декан, декани факултаи таърих фаъолият дошт. Ду маротиба дар  Донишгоҳи давлатии Тошканд ва боз ду маротибаи дигар дар Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М.Ломоносов такмили ихтисос кард ва зимнан, бо сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ошно шуду бо маъруфтарин олимони таърихшинос суҳбатҳои судманд орост, табодули таҷриба кард. Солҳои охир устод Ҳабибулло Тоатов дар ДДҲБСТ, ки аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар мебошад, кор мекунад ва ба донишҷӯён аз таърих дарс мегӯяд. Ӯ дар заминаи таҳқиқоту андӯхтаҳову баррасиҳояш як силсила асарҳои пурмуҳтаво офаридааст, ки аз ин ҷумла китобҳояш «Таърихи умумии давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи дунёи қадим» (дар ду ҷилд), «Хатлон дар масири таърих» (бо ҳаммуаллифӣ), «Рушди маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 70-уми асри XX», «Таърихи Юнони қадим»-ро метавон номбар кард, ки ҳар яке сафҳаи тозаеянд дар илми таърихнигории тоҷик.

Дотсент Ҳабибулло Тоатов муаллифи беш аз 350 мақолаи илмию методӣ ва илмию оммавӣ буда, барандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Б.Ғафуров гардидааст ва бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» мукофотонида шудааст. Зери роҳбарии ин олими номвар 9 нафар пажӯҳишгари ҷавон рисолаи илмӣ ҳимоя кардаанд.

Устод Ҳабибулло Тоатов аз  таблиғгарону тавзеҳгарони фаъоли сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва оид ба китобҳои зиёди Сарвари кишвар бо ширкати шогирдонаш конфронсу маҳфилҳои муассиру фарогир созмон додааст.

Бисёр рамзист, ки устоди арҷманди мо Ҳабибулло Тоатов 70-умин солгарди умри пурбаракати хешро дар соли таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ (ӯ дар ин мавзӯъ низ чандин мақола навиштаву машғулиятҳои махсус баргузор намудааст) истиқбол мегирад. Барояш рӯзгорони пурбарор ва комёбиҳои навин таманно дорем.

 

Абдуҳафиз Абдуқодиров,

номзади имли таърих,

Аълочии маориф

ва илми ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш