Нашрияи Омӯзгор

Темур Зулфиқоров: Тамоми одамони рӯйи дунё бо ҳам хешанд

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Ҳаёт ба пайраҳае монанд аст, ки дар он ҳам гул ҳасту ҳам хор ва мо ба самте меравем, ки чашмонамон мебинад, ақламон қабул мекунад…

Ман фикр мекунам, тамоми одамони рӯйи дунё бо ҳам хешанд. Дар коиноти беканор сайёраи Замин ягона хонаест, ки мо дорем. Пас адабиёт бояд омиле бошад, ки ин ақидаро ба оламиён талқин намояд. Яъне, ба ёдашон расонад, ки онҳо бо якдигар ёру ошноянд, хоҳару бародаранд…

Ва боз: Давлатҳои мутараққии дунё технологияи пешрафта доранд. Саноаташон ба дараҷаи олӣ рушд кардааст. Хулласи калом, чизе, ки хоҳем, дар он ҷо ҳаст. Лекин барои шоир дар шаҳрҳои бузурги он давлатҳо фақат як манзара вуҷуд дорад: мошинҳои зиёд, ҳавои пур аз дуди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёна, кӯчаҳои серғавғо. Аммо Душанбеи мо шаҳр не, боғ аст. Ба ҳар гӯшааш, ки наравед, гулистонест барои илҳоми шоир.

Ин гуфтаҳоро нависандаи соҳибистеъдоди русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров зимни як соати мулоқоташ бо мо дар хонаи худ ба забон овард. Ин суханҳо ҳар рӯз дар сари ман - муаллифи ин сатрҳо  мечарханд ва маро ба паҳнои бекарони адабиёту зиндагӣ мекашанд…

3 сол пеш ҳафтавори «Тоҷикистон» шеърҳои маро ба табъ расонд. Дар ин саҳифа хабареро низ ҷой дода буданд бо сарлавҳаи «Китоби нави Темур Зулфиқоров», «Чойхонаи лаби ҷар». Он вақт ман ин хабарро бо шавқ хондам ва ҳатто андеша ҳам надоштам, ки ин адиби сатҳи ҷаҳонӣ рӯзе ба ман мегӯяд: Салом.

Моҳи октябри соли 2019. Дар хона машғули таҳрири шеърҳоям будам. Ин дам устод Фарзона ба ман занг заданд.  Дар ҷараёни гуфтугӯ ман дарёфтам, ки устод маро ба Темур Зулфиқоров муаррифӣ намудаанд ва қарор аст мо бо ҳам суҳбати телефонӣ дош-та бошем.

Ин ҳарфҳоро шунида ҳаяҷонзада шудам: суҳбат бо нависандаи ҷаҳонӣ Темур Зулфиқоров? Ман чунин суҳбатро ҳатто тасаввур карда наметавонистам.

Рӯзи дигар мо бо Темур Зулфиқоров тариқи телефон суҳбат кардем ва он кас маро ба хонаи худ ба шаҳри Душанбе таклиф карданд. Бо хушнудӣ пазируфтам. 3-юми ноябр ман ҳамроҳи падарам меҳмони нависандаи машҳури замон шудем. Шиносоӣ бо чунин шахсият инсонро ифтихорманд месозад. Ман ҳанӯз аз нахустин лаҳзаи дидор ғурур аз мартабаҳои баланд, ифтихор аз китобҳои маъруфро дар Темур Зулфиқоров надидам.

Ба мушоҳида гирифтам, ки то ҳол нисбат ба худ серталаб аст, ҳарчанд 83 сол дорад.

       Аз ном ва шуҳрати ин шахс шояд бисёриҳо чунин хулоса бароранд: Темур Зулфиқоров инсони сарватмандасту либосҳои гаронарзиш ба бар дорад. Вале агар шумо ҳам, хонандаи азиз, ба ҷои ман он ҳама хоксориро медидед, бовар дорам ба ин ақида розӣ намешудед.

Дунёе, ки бо ворид шудан ба хонаи ин шахс сӯям    дарвозаҳояшро кушод, тасвирнашаванда аст.

Одатан ҳангоми ворид шудан ба хонаи шаҳриён  пеши назар ҷевонҳои пур аз зарфҳои қиматбаҳо, қолинҳои пурнақш, дастархони пурнозу неъмат ҷилвагар мешаванд. Тасаввур кунед, чӣ маро интизор буд вақте ба хонаи Темур Зулфикоров даромадам: ҷевонҳои пур аз китоб, ҷоизаҳои гуногун, диплому сертификатҳо, аксҳо бо машҳуртарин шоиру нависандагони ҷаҳон. Чизе, ки бештар диққати маро ба сӯи худ ҷалб кард, мусаввараҳои гирдогирди ҳуҷраи кори устод овезон буд. Сараввал ман андеша кардам, ки шояд ин маҳсули дасти худи Темур Зулфиқоров бошад, зеро ҳуҷрае, ки дар он кор мекард, пур аз мӯқаламу ранги расмкашӣ буд. Лек пасон фаҳмидам, ки ҳамсараш Ирина Дмитриевна рассом будааст.

Ин пораҳо аз гуфтаҳои Темур Зулфиқоров дар он суҳбати яксоата дар хотирам нақш бастанд:

Ман намефаҳмам, барои чӣ сайёҳони Аврупо дар давлатҳои дигар баҳри ҷустуҷӯи  манзараҳои зебо саргардонанд. Охир, ҳамин як Варзоб биҳишти рӯйи замин аст…

Ҳарчанд забони тоҷикиро он қадар хуб намедонаму ба эҷодиёти касе, ки бо ин забон эҷод мекунад, ба ҳайси як адиб баҳо дода наметавонам, вале шоирони тоҷикро зиёд дӯст медорам. Ёдам ҳаст, рӯзе, ки ба маҳфили адабии Лоиқ Шералӣ даъват шуда будам, пас аз ҳар суханронияш аввалин шуда чапак мезадам. Ӯ, ки инро пай  мебурд, гуфт:

-Темури доноро бинед, барои баҳо додан ба суханҳои ман омада, дар қатори аввал нишастааст…

Сарват барои ман арзише надорад, вақте хабарнигорони телевизион наздам барои суҳбат меоянд, баъзан мегӯянд, ки шумо либоси хубтаре надоред, ки ба бар кунед. Охир, ин хел намешавад дар телевизион. Ва ҷавоби ман ба чунин пурсишҳо ҳамеша як аст:-Темури дарвешро чӣ гунае ки ҳаст, қабул фармоед.

Бо вуҷуди он ки эҷодиёти Хайёму Ҳофизро дар асл намехонам, лек тарҷумаи онҳо низ сатрҳоеанд, ки чашмони ман агар ҳазор бор хонанд, ҳазор бор ошиқ мешаванд…

Темур Зулфиқоров аз зумраи инсонҳое ба шумор меравад, ки фарқ намегузоранд шумо 18 - солаед ё 30-сола, 10 сол доред ё 50. Яъне, муносибат ва муоширати ӯ  бо ҳама яксон аст.  Дар ҷараёни суҳбат ва аз китобҳояш возеҳ пай бурдам, ки  этнографияи тоҷикро ниҳоят зиёд дӯст медорад.  Масалан, дар бобати пайдоиши Искандаркӯл омодааст соатҳо бо шумо баҳс кунад. Гуфт:-Ба андешаи ман, адабиёти шифоҳии халқи тоҷик бисёр бой аст. Барои мисол, дар бобати пайдоиши Искандаркӯл метавон романе навишт. Сарзамини тоҷикон шоирхез аст. Тӯли ҳамин қадар солҳои зиндагӣ, эҷод, ҷустуҷӯ ман ҳамеша орзу мекардам, ки дар адабиёти мо Рӯдакии дигар, Робиаи дигар, Фирдавсии дигар пайдо шавад, то шаҳкитоби адабиёти пурифтихори тоҷик бо сафҳаҳои навтару зеботару рангинтар оро ёбад…

Хислати дигари ҳамидаи Темур Зулфиқоров ин аст, ки ҳар қадар, ки гап занед, аз доираи мавзӯъ берун бароед, иштибоҳ кунед, суханатонро намебурд, пас аз ибрози андеша  хатоҳоятонро ончунон мефаҳмонад, ки ҳеҷ намеранҷед.

Ҳини суҳбат ман дар рӯ ба рӯи худ инсонеро медидам, ки муаллифи даҳҳо роману повест, қиссаву ҳикоя ва драма мебошад. Чашмоне, ки бо меҳр ба ҳар амали шумо назорат мебаранд, шоҳиди садҳо маросиму чорабинӣ, озмуну воқеаҳои сатҳи ҷаҳониянд. Лек бо вуҷуди ин, суханҳои зерини устод маро ба ҳайрат оварданд:-Росташро гӯям, ман он қадар хоҳиши иштирок дар озмунҳои адабиро надорам. Тӯли бист сол аст, ки номзадии ман барои ҷоизаи Нобел намегузарад. Лекин аз ин як зарра ҳам ғамгин нестам. Зеро лаҳзае дар сояи чанорҳои Варзоб нишастану тарона навиштан барои ман сад ҷоизаи Нобел аст…

Оламе, ки ҳангоми суҳбат бо ин адиб шуморо дар канор мегирад, маҷбуратон мекунад ба ақидае розӣ шавед, ки ҳоло аз илми ҷаҳонӣ чизе нахондаед. Устод гуфт: -Ҳар як давлат ду боли  рушд дорад: Амрико-Голливуд ва саноат, Фаронса-этикет ва менталитет, Ҳиндустон-фарҳанг ва мусиқии баланд, Тоҷикистон – шеър ва хирад.

…Китобҳои Темур Зулфиқоров маро ба оламе бурданд, ки   ӯ худ тавсиф карда: «Под золотыми куполами, под голубыми небесами».

Раъно Насриддинова,

рӯзноманигор,

шаҳри Панҷакент                                         


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш