Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз мақоми Камоли Хуҷандӣ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

21 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ бахшида ба 700-умин солгарди суханвари бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Камоли Хуҷандӣ (1318-1400) конфронси илмӣ таҳти унвони «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро ноиби Президенти АМИТ М.Н. Абдураҳмон ифтитоҳ бахшид. Доктори илми филология Б. Мақсудов дар мавзӯи «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ», номзади илми филология Б. Забеҳулло дар хусуси «Нусхаҳои хаттии осори Камоли Хуҷандӣ дар ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ», адабиётшинос А. Раҳмонфар аз «Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар Камолшиносӣ», номзади илми филология С. Ализода дар атрофи «Татаббуоти Камоли Хуҷандӣ» маърӯза карданд. Ҳамчунин, дар конфронс сардори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ (дар шаҳри Хуҷанд) Б. Раҳматзод, докторони илми филология А. Сатторзода, М. Маҳмудиён, О. Хоҷамуродов, номзадони илми филология Б. Шарифзода, А. Муҳаммадӣ ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Муҳибулло Юсуфзод,

лаборанти калони Маркази мероси

хаттии назди раёсати АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш