Соли ҷорӣ аз Инқилоби Бухоро (якуми сентябри 1920) сад сол сипарӣ мешавад. Дар бораи ин рӯйдоди таърихӣ тайи як асре, ки мегузарад, асарҳои зиёди илмӣ, мақолаҳо ва хотираҳо нашр шудааст. Дар ин навиштаҳо аз васфу ташвиқи Инқилоби Бухоро то инкори он афкори зиёди мухталиф ба назар мерасад.
Андешаҳои носолим перомуни ин воқеаи муҳими таърихӣ далолат ба он мекунанд, ки гӯё онро Артиши сурхи инқилобии Россия созмон доду ба пирӯзӣ расонд. Ин назарҳо то кадом дараҷа ҳақиқат доранд, аз рӯйи сарчашмаи асосии таърихӣ- асари пурарзиши устод Садриддин Айнӣ «Таърихи инқилоби Бухоро» мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Инқилоби Бухоро пас аз се соли инқилоби февралии соли 1917 дар Россия ба пирӯзӣ расид. Таконхӯрии зердевори сохти подшоҳии Россия амири Бухоро– Олимхонро ҳушдор надод, вай ҳатто эҳсос нанамуд, ки Бухороро чунин сарнавишт дар пеш аст. Ақидаи лидерҳои болшевикон– Ленин ва Тротский инқилоби ҷаҳонӣ буд. Тарҳрезии болшевикон нахуст пирӯзии инқилоб дар Бухоро ва пасон, доман задани он ба Эрону Ҳиндустон маҳсуб меёфт. Таъсиси ҳизби коммунистии Бухоро дар соли 1918 дар Тошканди ишғолӣ ин ҳадафро дар пай дошт. Дар Бухоро омилҳои инқилоб ба назар расида, ҷавонбухориён, ки пайравони зиёд доштанд, бо коммунистони беруна ва аҳдофи коммунистӣ ошноии комил пайдо намуда, барои вожгун сохтани сохти феодалии Бухоро аз коммунистони Россия ёрӣ ва дастгирии мустақим хостанд.
Рӯзи 1 сентябри соли 1920 қисмҳои пешсафи Артиши Сурх ба шаҳри Бухоро ворид гардиданд. Пайдо шудани тайёраҳои ҷангӣ дар фазои Бухоро ва бомбаборони арку ҷодаҳои шаҳри қадим аз пирӯзии қиёми мардумӣ башорат медод. 2 сентябри соли 1920 шаҳрро Артиши Сурх тасарруф намуд. Амири дарғафлатмонда илоҷро танҳо дар фирор донист ва рӯй ба Бухорои Шарқӣ ниҳод.
Бояд тазаккур дод, ки устод С. Айнӣ, агарчанде он замон дар Самарқанд мезист, аз омодагии ҷавонбухориён ва қисман ҷадидон ба тазоҳуроту инқилоб огоҳӣ дошт. Устод чун шахсияти бедору ислоҳотхоҳ, ба сарнагунии сохти пӯсидаи феодалии Бухоро низ ҳавасманд буд. Мо кӯшишҳои зиёди кумак намудани устод С. Айниро дар он айёми тақдирсоз ба мардуми Бухоро дар мақолаҳои эшон, дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», ки дар Самарқанд ба чоп мерасид, дида метавонем. (Маҷалла ба ҳайси органи Кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд аз 10 апрели соли 1919 то 8 декабри соли 1921 ҳафтае як бор мунтазам нашр мешуд). «Шуълаи инқилоб» ба таври пинҳонӣ, дар аморати Бухоро дастраси мардум мегардид. Бинед, ки дар арафаи инқилоби Бухоро устод Айнӣ барои рӯҳбаланд ва сафарбар кардани мардум суруди таърихии «Марши ҳуррият»-ро дар тазмини оҳанги «Марселёза» дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ба чоп мерасонад.
Пирӯзии Инқилоби Бухоро ва таъсиси Ҷумҳурии Халқии Бухоро дар соли 1920 ба устод Айнӣ илҳом бахшид. Устод нахустин асари таърихии марҳилаи шӯравиро бо номи «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» менависад. Асар бори аввал дар чанд шумораи «Шуълаи инқилоб» чоп мешавад. С. Айнӣ, ки яке аз фаъолони инқилоби Бухоро маҳсуб меёфт, дар фикри он буд, ки доир ба ин рӯйдоди таърихӣ асари мондагоре эҷод намояд.Чунин асарро, чунон ки дар боло ишора намудем, устод дар як муддати кӯтоҳ бо номи «Таърихи инқилоби Бухоро» навишта, барои чоп ба нашриёт мефиристад. Бо кадом сабабҳое дастхати устод дар нашриёт «гум» мешавад. Нависандаи боҳавсала, устод Айнӣ нусхаи ӯзбекии онро тайёр мекунад. Вай бо номи «Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар» охири соли 1920 нашр мегардад. Замони дар ҳаёт будани С. Айнӣ аз ҷониби олими маъруф Раҳим Ҳошим асар ба забони тоҷикӣ бо номи «Таърихи Инқилоби Бухоро» тарҷума шуда, танҳо соли 1987 дастраси хонандаи тоҷик гардид.
Шарҳ бояд дод, ки таъсиси Ҷумҳурии Халқии Бухоро барои худшиносии тоҷикон замина гузошту такондиҳанда буд, пас аз ҳазор сол Бухорои куҳан боз шоҳиди таҳаввули бузурги сиёсӣ гардид, тоҷикон боз бо ифтихори ватандорӣ сар баланд карданд. Дар ин замина, нуктаи дигарро мебояд хотиррасон кард, ки дар таърихи ҳазорсолаи кишвари мо аз рӯи аломати миллӣ ташкил кардани ҳукумат расм набуд. Инро болшевикон бо роҳбарии В.И. Ленин, бори аввал дар барномаи сиёсии худ ворид карданд. Бо ғалабаи Инқилоби Октябр мо-тоҷикон ҳам соҳиби ҷумҳурӣ, пойтахт ва ҳудуди муайяни миллӣ гардидем.
Акнун баёни чанд нуктаро доир ба мазмуну муҳтавои «Таърихи Инқилоби Бухоро» лозим медонем. Бояд тазаккур дод, ки таҳаввули сиёсии Бухороро дар соли 1920 устод Айнӣ бо вуҷуди фикру ақидаҳои мухталиф, қиёми мардумӣ ва инқилоб медонист. Ҳарчанд устод мустақиман дар инқилоб ширкат надошт, аммо ҳиссаи ӯ дар бедории мардум ва аз байн бурдани сохти феодалии Бухоро хеле калон буд. Устод Айнӣ бо мушоҳида ва таҳлили вазъ ин асари таърихиро эҷод кард ва мо бо ифтихори бузург иброз медорем, ки устоди бузургвори мо дар замони нав мактаби нави таърихнигориро асос гузошт. «Таърихи инқилоби Бухоро» бо истифодаи далелҳои зиёди илмӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ эҷод шудааст. Далели хеле муҳими дигаре, ки дар «Таърихи инқилоби Бухоро» мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода шудааст, масъалаи «наву куҳна» мебошад. Амирони манғит мехостанд сохти пӯсидаи феодалӣ дар Бухоро боқӣ бимонад. Онҳо пайдо шудани мактабҳои навро зарба ба дину мазҳаб арзёбӣ карда, мардумро зидди навгониҳои давру замон мешӯрониданд. Агар чунин мактабҳо зиёд мешуданд, обрӯ ва нуфузи мадрасаҳо коста мегардид. Мардум вақфпулӣ ва закоту садақаҳое, ки ба мактабҳои куҳна мебурданд, акнун ба мактабҳои усули нав месупориданд.
Устод Айнӣ ба ҳайси шоҳиди айнии воқеаҳои он давру замон омилҳои берунаи кумакрасони инқилоби Бухороро нишон медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, дар Бухоро нуфуз пайдо кардани ҳукумати подшоҳии Россия мебошад. Русҳо пайти мувофиқ меҷустанд, ки Бухоро дар идоракунии давлат соҳибихтиёрии худро аз даст бидиҳад. Ба ин ҷанги суннӣ ва шиъа дар соли 1910 баҳона ё замина гузошт. Задухӯрдҳои мазҳабиро ҳукумати амирӣ фурӯ нишонида натавонист, маҷбур шуданд аз артиши рус, ки дар шаҳри Тошканд мустақар буд, кумак ва ёрӣ талаб намоянд. Бо фурӯпошии задухӯрди мазҳабӣ ҳукумати Россия мавқеи худро дар Бухоро боз ҳам мустаҳкам намуд. Акнун барои инқилобиёни рус роҳи Бухоро кушода шуд, мактабҳои русӣ барои фарзандони тоҷиру савдогарон таъсис ёфта, мардум тавассути тарҷумонҳо газетаҳои русиро мехонданд ва аз таҳаввулоти ҷаҳон огоҳ мешуданд.
Бояд тазаккур дод, ки устод Айнӣ «Таърихи инқилоби Бухоро»-ро бо таҳлили ақида ва мафкураи маорифпарварӣ ва ҷадидияи марбути он замон ба анҷом мерасонад. Иловатан, устод заминаҳои инқилобро дар Бухоро мукаммал ва аниқ шарҳ дода, ногузирии аз байн рафтани подшоҳони сулолаи Манғитияро нишон медиҳад. Устод Айнӣ ба ҳайси васфкунандаи инқилоб маслиҳату машваратро аз ҳизби коммунисти Бухоро, ки дар Тошканд фаъолият дошт, дареғ намедошт. Аз ин нигоҳ буд, ки устод Айнӣ борҳо ба Тошканд даъват мешавад. Минбаъд устод аз Самарқанд тавассути маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» борҳо ба Бухоро фиристода шуда, маҷалла мақолаҳои нависандаро дар шумораҳои 59 ва 63-и соли 1921 ба чоп мерасонад. Дар солҳои баъдӣ ин устоди бузургвор имкон пайдо мекунад, ки ба зодгоҳи хеш-Бухорои шариф ба ҳайси фарзанди бузурги он, сафарҳо анҷом бидиҳад.
Инак, аз таърихи эҷоди навиштани асари пурарзиши «Таърихи Инқилоби Бухоро» як аср сипарӣ мешавад. Ин рисола ҳеҷ гоҳ мавқеи таърихии худро аз даст надодааст, балки он як марҳилаи эҳёи тоҷиконро дар он солҳои тақдирсоз, дар сарзамини аҷдодии худ нишон медиҳад.
Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов,
дотсенти ДМТ,
Бурҳон Салмон,
муҳаррири маҷаллаи
«Масъалаҳои методикаи таълим»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр