Ба машқҳои инкишофи нутқи бачагон аз хурдсолии онҳо машғул шудан ба мақсад мувофиқ аст, зеро аксарияти бачаҳо ҳангоми тарбия гирифтан дар кӯдакистонҳо ба дуруст ва нодуруст талаффуз кардани овозҳо дучор мешаванд.
Агар нутқи кӯдак бурро набошаду ӯ овозҳоро дуруст талаффуз карда натавонад, мураббия ё муаллима бо роҳи машқҳои пай дар пай онро ислоҳ мекунад. Барои ин маҷмӯи талаффузҳое мавҷуданд, ки онҳо ба инкишофи узвҳои нутқи кӯдак ёрӣ мерасонанд.
Ҳангоми кор дурустии талаффуз санҷида мешавад, ки дар ин бора илми логопедия маълумоти пурра медиҳад. Ба ин маъно, машқ кардани талаффузи овозҳои садоноку ҳамсадо аҳамияти калон дорад.
Машқро аз овозҳои садонок оғоз карда, талаффузи онҳоро инкишоф додан мувофиқи мақсад аст. Чунки дар вақти талаффузи садонокҳо ҷараёни ҳавое, ки аз шушҳо мебарояд, садопардаҳоро ба ҷунбиш дароварда, садо ҳосил мекунад. Ғайр аз ин, ҳангоми талаффузи садонокҳо тамоми аъзои нутқ иштирокчии фаъол мебошанд, аммо ҳангоми талаффузи ҳамсадоҳо бошад, фаъолият танҳо дар ҷои ташкил ёфтани монеаҳо дида мешавад.
Баъд аз ба пуррагӣ аз худ кардани тарзи талаффузи садонокҳо ба машқи талаффузи ҳамсадоҳо оғоз кардан зарур аст. Барои машқ кардани талаффузи ҳамсадоҳо, ҳамсадоҳоро бо ҷуфтҳояшон, яъне овозҳои беҷаранг ва ҷарангдор гирифтан лозим аст.
Масалан: п-б, в-ф, к-г, д-т, м-н, р-л, с-з, ш-ж, ш-ч ва ғайра. Овозҳои мазкур ин тавр талаффуз карда мешаванд; пи, пэ, па, по, пу; би, бэ, ба, бо, бу ва монанди инҳо.
Ҳамсадоҳо бо садонокҳо бояд пурқувваттар талаффуз карда шаванд ва ҳангоми кор бо овозҳои нутқ мумкин аст, калимаҳое тартиб дода шаванд, ки дар онҳо овозҳои мазкур иштирок дошта бошанд. Масалан, ба ҳарфи «Б»: боғ, бор, боз, об, оббоз, оббо, бобо ва монанди инҳо.
Дар сурати муътадил гаштани талаффузи нутқ, мумкин аст калимаҳоро ба таври шифоҳӣ талаффуз карда, ба ҷудо кардани овозҳои садоноки зададор эътибор дода шавад, зеро чунин овозҳо дар калимасозӣ аҳамияти махсус доранд. Овозҳои садоноки заданок бояд дароз, кашишнок ва баланд талаффуз карда шаванд.
Зада дар забони тоҷикӣ қуввагӣ аст. Овози заданок нисбат ба овози муқаррарӣ қувватноктар талаффуз мешавад. Дар забони тоҷикӣ ҷои зада дар калимаҳо устувор буда, онҳо дар аввал ва охир меоянд. Бинобар ин, машқро аз калимаҳое, ки садоноки заданок дар аввал омадааст, оғоз кардан беҳтар аст. Баъд аз он ки бачаҳо садонокҳои заданоки аввали калимаро ҷудо карда тавонистанд, ба машқи талаффузи калимаҳое, ки зада дар ҳиҷои охир омадааст, гузаштан лозим аст.
Муаллима дар машғу-лиятҳои худ метавонад бо бачаҳо калимасозиро машқ кунад. Дар тараққии нутқи хонанда (кӯдак) кор бо калимаҳо хеле зарур ва фоиданок аст, зеро ки хонандагони калилзабон ва нутқашон рушд накарда ҳангоми гуфтугӯ бештар ба интихоби калимаю ибора ва ба маврид кор фармудани он душворӣ мекашанд. Бинобар ин, онҳо фикри худро дуруст баён карда натавониста, канда – канда гап мезананд.
Кор бо калимаҳо ба бачаҳо имконият медиҳад, ки захираи луғавияшонро бой намуда, нутқи худро инкишоф диҳанд. Ба мақсади такмил ва рушд додани нутқи даҳонии бачаҳои 6,7 ва 8-сола ва бой намудани захираи луғавии онҳо мумкин аст бозиҳои махсус ташкил карда шаванд.
Санам НАЗАРОВА,
омӯзгори гимназияи №1-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр