Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурсамари донишгоҳ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар тайёр намудани мутахассисони варзида барои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузорад. ҳамасола ин муассисаи олиро садҳо нафар хатм менамоянд ва баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон фаъолияти пурсамар менамоянд. Вобаста ба омодагии ин муассиса ба соли нави хониш  ва самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ бо ректори он, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт:

- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар вилояти Хатлон яке аз  калонтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат маҳсуб меёбад. Баробари ба таътили тобистона баромадани донишҷӯён дар   донишгоҳ корҳои таъмирию тармимӣ ва кабудизоркунӣ оғоз гардида, то ба имрӯз идома доранд. То ин дам тамоми биноҳои таълимии факултаҳои донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, дар 12 факултаи донишгоҳ дарахтони ҳамешасабз ва  10 000 бех гулу гулбуттаи ороишӣ шинонида шудааст. Донишгоҳ ба соли нави таҳсил 2020-2021 комилан омода аст.  

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба  номи Носири Хусрав дорои 10 бинои таълимӣ, 312 адад ҳуҷраи корию таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ,  озмоишгоҳҳо,  2 толори варзишӣ, 2 майдонча ва як  маҷмааи варзишӣ бо шумули майдони варзишии замонавӣ дар минтақаи «Дӯстии халқҳо» бо фарогирии 4000 ҷойи нишаст мебошад. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар синфхонаҳои донишгоҳ беш аз 70 адад проектор насб ва бо дастгирии Вазорати молияи ҷумҳурӣ 3 адад озмоишгоҳи таълимӣ таъсис дода шудааст.

Ин масъала пайваста зери назорати ҷиддӣ ва пайгирии раёсати донишгоҳ қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки донишгоҳ бо мактабҳои вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  шартномаи тарафайнро ба имзо расонида, дар асоси он раванди ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагонро ба роҳ мондааст. Соли 2020 донишгоҳро 1577 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки аз 486 нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ, 353 нафар ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар донишгоҳ корҳои зиёди ташкилӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо гузаронида шуд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои мазкур пайваста семинар-машваратҳо бо намояндагони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор мешаванд. Инчунин, вохӯрии ректори донишгоҳ бо кормандону донишҷӯён дар мавзӯи «Коррупсия - амали номатлуби ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он омилҳои сар задани амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар тамоми роҳравҳои донишгоҳ шиору овезаҳо таҳти рубрикаи  «Муқовимат бо коррупсия аз ту вобаста аст» насб гардидаанд, ки дар пешгирии ин раванди номатлуб нақши муассир мебозанд.

 Барои бо ҷойи хоб таъмин намудани донишҷӯён як бинои чорошёнаи хобгоҳ мавриди истифода қарор дорад. Хобгоҳ дорои 520 ҷой буда, истиқомат дар он  барои ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳи 2-юм ройгон аст. Дар ошёнаҳои он барои дастрасӣ доштани донишҷӯён бо хӯроки гарм ошхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ омода гардидааст.

Дар назди даромадгоҳҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав нуқтаҳои назоратии тиббӣ  ташкил карда шуда, табибон тавассути ҳароратсанҷҳои электронӣ ҳарорати бадани донишҷӯёну омӯзгорон ва шаҳрвандонеро, ки вориди донишгоҳ мешаванд, месанҷанд. Риояи фосилаи  иҷтимоӣ, пӯшидани ниқобҳои санитарӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ пайваста аз ҷониби шахсони мутасаддӣ назорат карда мешавад.  Тамоми гирду атрофи донишгоҳ мунтазам тавассути маҳлулҳои зиддивирусӣ безарар гардонида мешаванд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо оғози соли нави таҳсил тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таълим амалӣ намояд. Бо ин мақсад, айни замон дар бунгоҳи тиббии донишгоҳ беш аз 4000 ниқоби тиббӣ, ки дар маркази касбомӯзии назди факултаи технология омода шудааст, нигоҳ дошта мешаванд ва ба донишҷӯён ройгон тақсим карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯз мушкилоти муассиса, кофӣ набудани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ дар донишгоҳ аст, вале бо  сохта шудани  бинои асосии донишгоҳ, ки санги асоси он моҳи июли соли 2017  аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, воқеъ дар мавзеи собиқ коллеҷи омӯзгории донишгоҳ гузошта шуда буд, рафъ хоҳад шуд. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқшуда, ин иншоот иборат аз як бинои 11-ошёна ва ду бинои 7-ошёна ба нақша гирифта шуда, маблағи  ин иншоот қариб сад миллион сомониро  ташкил медиҳад, ки имрӯзҳо сохтмони пойдевори он идома дорад.

Раёсати донишгоҳ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ амалӣ намудани як қатор корҳоро дар нақша дорад. Аз ҷумла, раҳбарияти муассиса ба таъсис додани Шӯроҳои диссертатсионӣ дар донишгоҳ, муҳайё намудани пойгоҳи мукаммали моддиву техникӣ чораандешӣ хоҳад намуд. Дар оянда сифати таълиму тарбияро дар донишгоҳ  беҳтар намуда, барои донишандӯзии донишҷӯён шароити мусоидро фароҳам меорем. Ҳамчунин, донишгоҳ минбаъд низ ба масъалаи такмили ихтисоси устодон диққати ҷиддӣ зоҳир хоҳад намуд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва марказҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дарёфти грантҳо дар доираи Барномаи рушд барои солҳои 2020-2021 яке аз вазифаҳои муҳими минбаъдаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.

 

Таснифи 

С. Азизӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш