Ҳангоми машғулиятҳо аз фанни забони модарӣ дар синфи 3 ман аз усули муносибати босалоҳият ба таълим, ҳамзамон, аз омилҳои дигари тақвиятбахши зеҳни хонандагон истифода мекунам.
Дар ин бобат китоби дарсии «Забони модарӣ» (барои синфи 3, (муаллифони он И.Абдуллоев, З.Абдуллоев, Б.Боронов ва З.Дорғабеков) ба мо ҳамчун воситаи хуби методӣ хидмат мекунад. Дар китоб саволу супоришҳо, луғатҳои душворфаҳм ҷой дода шудаанд. Таърифи калимаҳо тавассути саволгузорӣ пешниҳод гардидааст, ки барои хонанда содаю фаҳмо мебошад.
Қисми дуюми мавзӯъҳои дарсии китоб «Чашма, дарё ва кӯлҳо, Обҳои шифобахши Тоҷикистон. Исм» унвонгузорӣ шуда, дар ин боб ҳикояти «Ду чашма» барои омӯзондан пешниҳод гардидааст. Нахуст сурате дода шудаасту суолҳо дар робита ба ин ба хонандагон ироа гардидааст:
1. Расмро бодиққат аз назар гузаронед. Дар расм киро мебинед? Савол гузоред.
2. Чизҳои дар расм тасвирёфтаро номбар кунед. Ба ашё савол гузоред.
3. Аз рӯйи мазмуни расм ба таври шифоҳӣ ҳикоя кунед.
4. Ашё ва одамони синфро номбар кунед. Онҳо чиро ифода мекунанд? Ба онҳо чӣ гуна савол мегузоред?
Таъриф (қоида): Одамон ба саволи кӣ (киҳо?) ва дигар ашё (чизҳо) ба саволи чӣ (чиҳо?) ҷавоб мешаванд.
Ҳикояти «Ду чашма» ба қалами Абдусалом Деҳотӣ тааллуқ дорад. Дар он дар бораи сафари шоир ба Хоруғ ҳикоят карда мешавад. Тасвири зебоиҳои табиати нодиру нотакрори Помир, хусусан, деҳаи Поршнев, ки дар он ҷо чашмаи Носири Хусрав воқеъ гардидааст, батафсил нишон дода шудааст. Шоир, аз ҷумла, менигорад: «Мо ба ҳавлӣ даромадем, чашма дар миёнҷои ҳавлӣ воқеъ буд. Нақл мекунанд, ки шоири машҳури тоҷик Носири Хусрав ҳамин чашмаро кушода, боиси ободии ин деҳа шуда будааст… Дар ҳавлие, ки чашмаи Шоҳ Носир дар он аст, ғайр аз як-ду дарахт ва як хонача чизи дигаре нест. Он хонача дукони китобфурӯшӣ будааст, ки дар он китобҳои дарсӣ ва асарҳои бадеӣ мавҷуданд. Дар ин ҳавлӣ ҳам чашмаи оби зулол ҷой гирифта будаасту ҳам чашмаи илму маърифат». Баъд аз хондану нақли матн ҳамроҳи хонандагон, аз онҳо пурсида мешавад, ки чаро ҳикоя «Ду чашма» ном гузошта шудааст? Албатта, хонандаи закию доно бо фаросат дармеёбад, ки сабаби чунин унвонгузорӣ он аст, чашмае, ки шоир Абдусалом Деҳотӣ ҳангоми сафари худ (солҳои 60-ум) дидааст, дар чӣ вазъ қарор доштаасту чашмаи ҳозира чӣ гуна тағйиру дигаргун шудааст. Хонандае ин қисми матнро мутолиа мекунад:
«Ҳоло чашмаи Шоҳ Носир ободу зебо шудааст. Муҷассама аз санги мармари сафед сохта шудааст. Ба ҷойи хонача осорхонаи Носири Хусрав бино ёфтааст». Луғатҳо тафсир мешаванд.
Сипас, саволҳо пешниҳод мешаванд. Як савол чунин аст: «Чашмаи илму маърифат» гуфта, нависанда чиро дар назар дорад? Ба хонандагон омӯзгор кумак расонда, мефаҳмонад, ки Носири Хусрав вақте аз дасти рӯҳониёни мутаассиб фирор карда, ба Юмгондараи Помир меояд, дар он ҷо ба таълифи асарҳои илмию фалсафии худ машғул мегардад. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ чашмае кушода, боиси ободии ин минтақа мегардад. Носири Хусрав бо осори назмию насрии худ чашмаи илму маърифатро низ барои ташналабон кушода буд.
Хулоса, мавзӯи мазкур бо ҷолибияту ҷаззобияти худ дорои аҳамияти барҷастаи тарбиявӣ мебошад.
Аслигул МУБОРАКҚАДАМОВА,
омӯзгори мактаби №100,
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр