Нашрияи Омӯзгор

Санҷиши дониш

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Илми педагогика барои санҷидани дониши хонандагон ва дараҷаи азхудкунии мавзӯъҳо роҳу василаҳои гуногунро муайян кардааст. Таъкид мешавад, ки пурсиш бояд ба тариқи рангину ҷолиб татбиқ гардад.

Пурсиши якранг ва анъанавӣ барои хонандагон дилбазан мешавад, майли онҳоро  ба ҷавобдиҳӣ коста мекунад. Савол ба хонанда ҳангоми пурсиш (мувофиқ ба супориши додашуда, вазифаи хонагӣ, бардошт аз мавзӯи нав…) бояд саҳеҳу возеҳ, кӯтоҳу фаҳмо ва ҷолиб бошад. Дар зарурат шарҳ додани савол раво дониста мешавад. Маъмултарин усули пурсиш дар дарсҳо саволу ҷавоби омӯзгор бо хонанда эътироф шудааст.

Аксаран хонандаро дар назди тахтаи синф даъват карда, чанд савол медиҳанд. Кӯшиш бояд кард, ки чунин тарзи пурсиши маъмулӣ камтар истифода шавад.

Дар замони мо омӯзгорони варзида аз намудҳои дигари пурсиш: пурсиш ба воситаи варақаҳо, пурсиш ба воситаи тахтаи электронӣ, пурсиш ба воситаи расмҳои сужадор, пурсиш ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ… васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, санҷиши дараҷаи иҷрои ин ё он супориши додашуда тавассути ташкили саволу ҷавоб байни худи хонандагон низ ба роҳ монда мешавад.

Чандест, ки санҷиш ба василаи саволҳои тестӣ маъмул гаштааст. Саволҳои тестӣ одатан аз се-чор адад бештар пешниҳод мешаванд. Хонандагон ҷавобҳои дурустро аз замимаи тестҳо интихоб намуда, ба саволҳо ҷавоб мегӯянд. Саволҳои тестӣ хонандагонро ба ҳушёрию зиракӣ, андешаю мулоҳиза, ба таҳрик овардани зеҳну хотир водор менамоянд. Дар ин замина онҳо донишҳои қаблан азхуднамудаашонро ба ёд меоранд, ки ин як навъ такрори мавзӯъ ҳам буда метавонад. Санҷиши тестӣ аз он ҷиҳат низ манфиатнок аст, ки вақти дарсро сарфа мекунад ва барои лаҳзаи асосии дарс – баёни мавзӯи нав имконоти бештар фароҳам меоварад.

Дар дарсҳои забони англисӣ пурсиш аҳамияти бештаре дорад ва воситаи асосии саривақт санҷидани дониши хонандагон маҳсуб меёбад. Ман мекӯшам, ки дар машғулиятҳои худ бо шогирдон аз тамоми навъҳои пурсиш, махсусан, аз пурсиши тестӣ бамавриду пурсамар истифода намоям. Албатта, барои ин ҳар омӯзгорро лозим меояд, ки ба дарсҳо омодагии ҷиддӣ дошта бошад.

Биройба РАҲМОНОВА,

омӯзгори забони англисии

мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш