Нашрияи Омӯзгор

Истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсӣ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Дар китобҳои дарсӣ аз истилоҳоте истифода бояд бурд, ки маъноро саҳеҳу равшан баён намоянд.

Истилоҳоти дақиқ интихобшуда муҳтавои фанро барои хонандагон дастрас менамояд. Агар истилоҳот мувофиқу фаҳмо набошад, дарки пурраи таърифу қоидаҳо душвор мегардад.

Дуруст аст, ки дар тӯли беш аз 70 сол олимон роҷеъ ба таҳия ва роҳҳои сохтани истилоҳоти забоншиносӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.

Дар ин самт таҳқиқоти анҷомдодаи олимон  - Сайфиддин Назарзода, Султон Ҳасани Мирзо ва чанде дигарон шоистаи таҳсин аст.

Ба ҳамагон равшан аст, ки пас аз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштани ҷумҳурӣ дар истифодаи забони тоҷикӣ тамоилҳои мусбат рух доданд, ки муҳимтаринашон ба назари мо, инҳоанд:

Дар мавқеи асосӣ – забони давлатӣ қарор гирифтани забони тоҷикӣ, нашру дастраси омма гаштани осори адибони пешин – мероси адабии оламшумули ниёгон ва боз гаштани роҳҳои муносибати маданию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамзабон, наздик гаштан ба ҳамзабонон ва ғайраҳо мебошанд. Табиист, ки таҳаввулу тағйироти дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рухдода дар истифодаи истилоҳот бе таъсир намемонад. Дар ин асно як марҳилаи кӯтоҳе дар корбурди истилоҳҳо худсариҳо (харҷу марҷ) роҳ ёфтанд.

Ба хотири ин ки пеши роҳи чунин ҳолат гирифта шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дод. Кумитаи мазкур баъзе корҳоро дар ин самт анҷом дод. Вале ҳанӯз ҳам истифодаи гуногуннавъии истилоҳҳо вуҷуд дорад. Ва ин гуногунандешию бенизомӣ дар истилоҳот ба китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагони мактабҳои миёна таъсири манфӣ расонидаанд. Ин беназмӣ  дар он зоҳир мегардад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ як мафҳумро бо чанд ном ва дар шаклҳои гуногун истифода кардаанд. Иддае аз муаллифони китобҳои дарсии забони тоҷикӣ талош кардаанд, ки аз истифодаи истилоҳоти байналмилалӣ қатъан худдорӣ намоянд ва аз ин рӯ, тамоми истилоҳотро тоҷикӣ гардонидаанд. Гурӯҳи дуюм аз шакли дигари кор истифода кардаанд: аввал истилоҳи байналмилалиро корбаст карда, дар қавс шакли тоҷикиашро  ва ё баръакс, аввал тоҷикӣ ва дар қавс шакли байналмилалиро овардаанд. Гурӯҳи севум гоҳо мафҳумҳои байналмилалӣ ва гоҳо шакли тоҷикиро ба таври омехта истифода кардаанд. Ба масъалаи чӣ андоза фаро гирифтани моҳияти мафҳум эътибор надодаанд. Масалан, фонетика  - овошиносӣ, синтаксис – наҳв, орфоэпия – тарзи дурусти  талаффуз кардани овозҳо. Дар натиҷа дар китобҳои дарсии забони тоҷикии мактабӣ ба чанд ном истифода бурдани як истилоҳ роиҷ гашт. Баъзе муаллифон шояд «худнамоӣ»  зоҳир карда, истилоҳҳое сохтаанд ва дар китобҳо корбаст намудаанд, ки собиқа надоранд. Агар ба таври хулоса гӯем,  китоби дарсии мактабӣ ба майдони мусобиқаи истилоҳсозӣ табдил ёфт. Корҳое дар ин замина аз тарафи баъзе муаллифон анҷом дода шуданд, ки дар ягон чаҳорчӯбаи талаботи дидактикӣ намеғунҷанд.

Дар ин кор на танҳо назариётчиён, балки методистони дар ҳайати таҳрири барномаи таълим ширкатдошта  низ «ҳисса» гузоштанд.

Ҳанӯз солҳои 1950-ум яке аз методистони машҳури замони Шӯравӣ Н. С. Поздняков дар  «Методика преподавания русского языка» (М. 1952) оид ба омӯзиши таърифу қоидаҳои грамматикӣ дар асоси озмоиши гузаронидааш талаботи зерин гузошта буд: якум, бошуурона фаҳмидани муҳтавои таъриф; дувум, мустаҳкам дар хотир гирифтани онҳо; севум, маҳорати зуд ва ҳадафмандона истифода бурдани маълумоти бадастоварда дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии худ.

Муаллифони китоби дарсии мактабӣ зимни таълифи китоби дарсӣ бояд пешниҳоди падари кибернетика Н. Винерро, ки дар асари хеш оид ба ҳаёт ва осори илмиаш баён доштааст, ба ҳисоб гиранд. Ӯ менависад: «… ман ҳамеша кӯшиш намудам, дар ҳар ҷое, ки имкон буд, аз  истифодаи истилоҳоти илмӣ гурез карда, андешаҳои худро бо забони оммафаҳм баён намоям. Иҷрои чунин вазифа барои ҳар як муаллиф мактаби хеле хуб мебошад». Ҳамин тариқ, пас аз тарҳрезии китоби дарсӣ, сохтору муҳтавои онро муқаррар намуда, ҳадафи маҳдудсозӣ, ихтисор карданро дар ҳолатҳои имконпазир ва ба мақсад мувофиқ дар мадди назар доштан шарт аст.

Аз ҷумла, истилоҳ – рамзи  мафҳуми забоншиносӣ буда, амалан дар китоби дарсӣ бефоида аст, агар моҳияти он ба тарзи лозима шарҳ дода нашуда бошад.

Дар ҳақиқат, ба сабаби дар таълифи китобҳои дарсии забони тоҷикии мактабӣ ҷалб карда  шудани «назариётчиён» - и соҳаи илми забон дар ин маводи асосии таълим, яъне дар муҳтавои таҳсилот харҷу марҷи зиёде рух додааст, ки яке аз онҳо ворид гаштани истилоҳоти зиёди забоншиносӣ мебошад, ки барои хонандагони мактабӣ ҳеҷ аҳамияти амалӣ надоранд. Аксари он истилоҳотро на танҳо хонандагон, балки худи омӯзгорон намедонанд. Яъне дар таълифи китоб аксари муаллифон ягон талаботи педагогию психологӣ ва принсипҳои дидактикиро ба ҳисоб нагирифтаанд, зеро намедонанд. Мазмуни таҳсилоти мактабиро аз мактаби олӣ фарқ накардаанд.  Яке аз методистони машҳури рус, академик Т. В. Текучев дар «Методика русского языка в средней школе» (М. 1980) менависад: «Ҳеҷ зарурате нест, ки зимни омӯзиши таркиби калима дар синфи 5 истилоҳи «флексия» истифода карда шавад, бо вуҷуди он ки аз нуқтаи назари илмӣ он нисбат ба истилоҳи «бандак» хеле дақиқ аст ё истифодаи чунин мафҳумҳо ба монанди «категорияи грамматикӣ», «синтагма» ва монанди инҳо». (саҳ. 46 - 47).

Мутолиаи китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои 5-11 нишон дод, ки тартиби корбуди истилоҳоти фаннӣ дар онҳо комилан нодуруст буда, ба низом даровардани тартибу тарзи истифода амри қонунист. Зеро аз рӯйи принсипҳои таълим дар чунин шакл пешниҳод кардани истилоҳоти фаннӣ ба фоидаи таълиму хонандаҳо набуда, балки таълимро душвору хонандагонро ба роҳгумӣ мебарад.

Ҳоло бубинем, ки истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11 дар чӣ шаклу тартиб истифода шудаанд.

• Истилоҳот гоҳо дар аввал  бо овардани муродифи байналмилалӣ  ва тоҷикиаш дар қавс ва ё баръакс – дар аввал тоҷикӣ ва дар қавс шакли байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан, таҳлили сарфӣ (морфологӣ) – синфи 7, саҳ. 63; таъбирҳо (фразеологизмҳо) – синфи 7, саҳ. 97; овошиносӣ (фонетика) – синфи 10, саҳ. 3; фонетика (савтиёт) – синфи 9,  саҳ. 7; синоним (муродиф) – с. 9, саҳ. 9; морфология (сарф) – синфи  9, саҳ.10; синтаксис (наҳв) – синфи 9, саҳ. 11; муродиф (синоним – синфи 5 саҳ. 131; ҳодисаҳои фонетикӣ – синфи 5, саҳ 42; овошиносӣ (фонетика)- синфи 10, саҳ.3 ва ғайраҳо.

• Барои ифодаи  як истилоҳ ду - се шакл (варианти истилоҳот) истифода шудааст. Масалан, муқобилмаъно- синфи 9; зидмаъно – синфи 5, саҳ. 137; мутазод, антоним – синфи 11, саҳ. 39; зидмаъно ё антоним – синфи 11, саҳ.39; ҳамгуна (омоним) – синфи 5, саҳ. 139; омоним (ҳамшакл) – синфи  9, саҳ. 8; калимаҳои мутародиф (ҳаммаъно), сермаъно, мутаҷонис (ҳамҷинс ва ҳамагуна) ва мутазод (зидмаъно) –ро муайян кунед – синфи 6, саҳ. 30; омоним (ҳамгуна) – синфи 11, саҳ. 24; таҷнис – синфи 6, саҳ. 244; талаффуз – синфи 5, саҳ 66; талаффузи сареҳ (орфоэпия) – синфи 11, саҳ. 5; орфоэпия (беғалат талаффуз кардани овозҳою калимаҳо) – синфи 11, саҳ. 7; ҷонишини суолӣ – синфи. 6, саҳ. 164; ҷонишини саволӣ – синфи 6, саҳ. 159; ҷумлаи саволӣ – синфи 8, саҳ. 42; лексика – синфи.11, саҳ. 15; калима – синфи 5, саҳ.128; калима (луғат) – синфи 9, саҳ. 151; вожашиносӣ – синфи 11, саҳ. 3 ва  ғайраҳо.

• Ба сабаби дарк накардани моҳият ва маънии истилоҳот ва ба ҳисоб нагирифтани принсипҳои таълим  бемавқеъ ва нодуруст кор бурдани мафҳумҳои илмӣ. Манбаи ин иштибоҳ, ба назари мо, «Барномаи забони тоҷикӣ барои синфҳои V–XI нашри соли 2006» мебошад. Зеро  таҳриргарони барнома ва гурӯҳи коршиносон ин вожаҳо – истилоҳотро дар барнома ворид сохтаанд, ки саҳеҳ нест. Дар барномаҳои нашрҳои соли 1994, 2001 ва 2002 ин ғалат дида намешавад. Воҳидҳои фразеологӣ (Барномаи забони тоҷикии нашри 2006, саҳ. 12, 16); воҳидҳои туфайлӣ ва истисноӣ – синфи 9, саҳ. 17; воҳидҳои хулосакунанда – синфи 9, саҳ 18; воҳидҳои соҳаҳои туфайлӣ – синфи 8, саҳ. 16.

(Давом дорад)

 

Саидамир Аминов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш