Дар кишварамон солҳои охир теъдоди муассисаҳои томактабӣ пайваста меафзояд, ки ин раванди хеле манфиатовар ва омили муҳими раҳнамоии ҷиддии насли наврас мебошад.
Ҳавасмандии волидон ба боғчаю кӯдакистонҳо бештар мегардад, ки ин, албатта, натиҷаи фаъолияти шоистаи муассисаҳои томактабӣ мебошад. Кӯдакистон ҳамчун муассисаи таълимию тарбиявӣ кормандони гуногунро фаро мегирад, вале симои асосӣ ин ҷо мураббиёнанд. Фаъолияти мураббӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи ӯ ва одоби муоширату сухангӯияш омилҳои муҳим дар пешрафти кори кӯдакистонҳо ва афзудани нуфузу эътибори онҳо ба шумор мераванд. Дар кӯдакистонҳо марҳила ба марҳила сафи мураббиёни ихтисосманду дар пешаи худ мумтоз меафзояд ва ҳоло вазифа гузошта шудааст, ки дар наздиктарин солҳо дар тамоми кӯдакистонҳо танҳо мураббиёни таҳсилдида ва соҳибмаҳорат бояд фаъолият дошта бошанд.
Такмили ихтисоси мураббиён ва робитаи байниҳамдигарию худомӯзии онҳо бояд пурсамару ҷиддӣ ҷараён ёбанд. Мураббиён ва кулли кормандони кӯдакистонҳо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд, ки бо гавҳари ҷомеа, ояндасозони Ватан – кӯдакон сарукор доранд.
Барои мураббии муваффақу ҳақиқӣ ва маҳбубу писандида шудан ҳар як мураббиро мебояд, ки кӯдакро аз ҳар ҷиҳат хуб биомӯзад, ҷаҳони ботинию зоҳирии ӯро, муҳити ӯро, одату шавқу ҳаваси ӯро, қобилияти маънавию ҷисмонии ӯро хуб бидонад… Бо кӯдак «забон ёфтан», дили ӯро ба даст овардан, маънии ҳар сухану амалашро дуруст дарк кардану фаҳмидан кори осон нест. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ин маънӣ фармудааст:
Чун сару кори ту бо кӯдак фитод,
Пас забони кӯдакӣ бояд кушод.
Аз ин рӯ, мураббӣ бояд бештар аз ҳама аз фанҳои педагогика, психология ва физиология огаҳии кофӣ дошта бошад. Ин ҳолат кафолатбахши комёбии ҳар як мураббӣ буда метавонад. Дар таълиму тарбияи кӯдакон ба кадом масоил бештар диққат бояд дод? Чӣ бояд кард, ки инкишфи ҷисмонию маънавии онҳо аз оғоз дуруст ҷараён ёбад?
Ин маврид бояд дар назар дошт, ки олимони соҳаи педагогика дар раванди таълиму тарбия ба тарбия афзалият бахшидаанд. Муҳимтарин заминаҳо, бунёди одоби ҳар фард бо тарбияи ӯ дар овони кӯдакӣ гузошта мешавад. Кӯдакон табиатан хеле ҳассос ва мушоҳидакоранд, махсусан, тақлидро дӯст медоранд. Вобаста ба ин мураббӣ бояд ҳамавақт дониставу санҷида амал намояд, сухан гӯяд. Дар тарбияи кӯдакон бештар аз нақши ибрат, тақлид, сухан, адабиёти бадеӣ (афсона ва шеър), китоб, филмҳои бачагона, намоишҳои саҳнавӣ… истифода намудан натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Дар чунин ҳолат хурдтаракон ҳам тарбия мегиранд ва ҳам дониш меомӯзанд.
Муҳим аст, ки кӯдакон аз оғоз ба шарофати фаъолияти мураббиашон ба китоб меҳр пайдо кунанд. Барои ин аз китобҳои бачагонаи шавқовару дорои суратҳои ранга истифода бояд кард. Кӯдакон ба шеъру афсона бештар рағбат доранд. Бо шавқу завқ шеър азёд мекунанду афсона мешунаванд ва ба рафтору гуфтори қаҳрамонони асарҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Махсусан, китобчаҳо дар бораи ҳайвоноту парандаҳо ба онҳо мақбуланд. Ин маврид маҳорати афсонагӯиву шеърхонии мураббӣ аҳамияти махсус дорад. Хушбахтона, солҳои охир дар Тоҷикистон китобҳои бачагонаи суратдору шавқовар ба дараҷаи кофӣ ба нашр мерасанд. Роҳбарони кӯдакистонҳо бояд барои харидорӣ кардану дастраси мураббиён намудани ин китобчаҳо тадбирҷӯӣ намоянд. Шеърҳоро аз ёд кардан, мазмуни афсонаву ҳикоятҳоро бозгӯӣ намудан, дар асоси сужа ва мундариҷаи асарҳо нақшҳо офаридан ва амсоли инҳо муҳаббати кӯдаконро ба китобу китобхонӣ дучанд меафзояд. Зимни машғулиятҳо бо кӯдакон, ҳамчунин, ба тарбияи зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар… диққат бояд дод. Тарбияи ҷисмонӣ низ як ҷузъи муҳими фаъолияти мураббӣ бо кӯдакон аст, зеро бисёр хуб таъкид кардаанд, ки рӯҳи солим дар ҷисми солим аст.
Кӯдакон дар саргаҳи роҳи дарозу пуршебу фарози зиндагӣ қарор доранд. Барои он ки дар ин роҳ раҳнаварди муваффақ бошанд, кӯдакистонҳо ва мураббиён нақши муҳим мебозанд. Бо як сухан, кӯдакистонҳо пойдевори бинои таълиму тарбияи насли ояндасозро мегузоранд ва ин ҳам масъулият асту ҳам ифтихор.
Фарида Арабова,
мураббии кӯдакистони №7-и
шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр