Нашрияи Омӯзгор

Илм баҳрест бекарон

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Рушди иқтисодиёти ҳар як мамлакат аз омилҳои табиӣ вобастагии калон дорад. Аз ҷумла, ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими муосир, ба монанди истеҳсоли сару либос, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ғайраҳо ба ҷорӣ намудани биотехнология сахт алоқаманд аст.

Аз ин рӯ,  моро зарур аст, ки бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ рӯ оварем. Баҳри амалӣ гардидани ин ҳадаф бояд сатҳу сифати таҳсилотро беҳтар намуда, усулҳои нави таълимиро ҷорӣ кунем ва соатҳои дарсиро самаранок истифода барем.  

Дар доираи  Бистсолаи омӯзиш  ва  рушди фанҳои дақиқ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо қабул гардид. Дар ин санад дар марҳалаи аввал таҳия ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021–2025», «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба нақша гирифта шудаанд.

Пешвои миллат дар Рӯзи дониш (17 августи соли равон) зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар давоми солҳои 2020-2040 бидуни кам кардани ҳаҷми фанҳои гуманитарӣ миқдори соатҳои таълимии фанҳои табииву риёзӣ зиёд карда шавад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» яке аз василаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад. Ин озмун боис гардид, ки ҷавонони зиёд ба китобхонаҳое, ки чанд сол пеш миқдори зиёди хонандагонро надида буд, рӯ биёваранд.

Дар даврони Истиқлолият бо мақсади таъмини раванди устувор ва муназзами рушди маориф, беҳдошти сифати таҳсилот, таъмини бемайлони устувори инкишофи сифатан нави соҳа силсилаи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Аз ҷумла, ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба беҳ шудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ташаккули касбияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 

Мо бояд ба истифодаи донишҳо, малакаҳо ва фаҳмиши хонандагон таваҷҷуҳ ва эътибор диҳем, биноан аз омӯзгор то падару модарон, хонандагон дар бораи мафҳуми таҳсил дар замони муосир як нигоҳи тоза дошта бошем. Зеро дар татбиқи босамари ин барномаи бузург имконияти рушду тавсеаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат қарор дорад, чун пешрафти истеҳсолот, саноатикунонии мамлакат, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрофарӣ, рушди меъмории миллӣ ва татбиқи унсурҳои ҷаҳонии сохтмон, маҳз ба тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба замони муосир марбут аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар муассисаи таълимӣ барои хонандагон шароити хуби таълимӣ фароҳам гардида, муассисаҳои ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бунёд шуда истодаанд. Ҳоло дар ҳамаимактабҳо технологияи муосири таълимӣ, аз ҷумла компютер, тахтаиэлектронӣ, проектор ва дигар таҷҳизоти технологӣ мавҷуд аст. Озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ҳам бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида истодаанд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ зиёд шудааст.

Шакарҷон Гадозода,

омӯзгори математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш