Нашрияи Омӯзгор

Ҳамеша тозаю озода бошед!

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Агар тарбияро ба кохи муҳташаме нисбат диҳем, пас дар синфҳои ибтидоӣ пойдевори ин кох гузошта мешавад. Ин маъниро педагогҳои машҳур борҳо таъкид кардаанд. Ба ин васила, пеш аз ҳама, то кадом дараҷа муҳим будани тарбия дар зинаи аввали таҳсилот ишора карда мешавад.

Илова ба тадбиру воситаҳои махсус (дарси тарбиявӣ, суҳбату вохӯриҳо…) тарбия дар синфҳои ибтидоӣ тавассути ҳар дарси омӯзгор (новобаста аз фанни таълимӣ) ба роҳ монда мешавад. Яъне, ба ифодаи маъмул, ҳар дарс ҷанбаи тарбиявӣ дорад. Маълум, ки тарбия ба бахшҳои гуногун ҷудо мешавад. Тарбияи саломатӣ (тандурустӣ)-и хонандагон низ як бахши муҳими тарбия маҳсуб меёбад. Ин бахши тарбия дар замони мо дар иртибот ба тағйирёбии иқлим, афзудани дараҷаи ифлосшавии ҳаво, таъсири шадид ба табиат, рушди босуръати технология ва амсоли инҳо ба таваҷҷуҳи бештари омӯзгорон эҳтиёҷ пайдо кардааст. Дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд тадбирҳои зеринро вобаста ба тарбияи саломатии (солимии) шогирдон амалӣ намоянд.

Қаблан ба шогирдон бояд доир ба саломатӣ ва аҳамияти он дар ҳаёти инсон маълумот дод ва ин маълумот бояд таъсиргузор, ҷолибу шавқовар ва фаҳмо бошад. Хонандагон бояд бовар ҳосил намоянд, ки солимии ҳар шахс, пеш аз ҳама, ба худи ӯ вобаста аст. Кас агар қоидаву шартҳои муайянро иҷро ва риоя накунад, ба бемориҳои гуногун дучор меояд ва аз дарсҳо низ қафо мемонад. Дар урфият «ақли солим дар тани солим» гуфтаанд. Барои дар таҳсил муваффақ шудан сиҳату саломат будани хонанда низ аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ба шогирдон бояд дар бораи гигиенаи шахсӣ маълумот ироа кард. Ҷисми инсон бояд ҳамеша тозаю озода бошад. Ҳар рӯз чандин маротиба бояд дасту рӯйро шуст, ҳар субҳу шом бояд дандонҳоро тоза кард. либоси хонанда бояд тозаю озода бошад. Эътибор бояд дод, ки нохуни дасту пойҳо дароз нашаванд, мӯи сарро низ мунтазам ба тартиб бояд овард. Бо худ ҳамеша дастпоккунаки кисагӣ доштан ҳатмист.

Барои тақвиятбахшӣ ба тарбияи саломатии хонандагон истифода аз адабиёти бадеӣ – шеъру ҳикоя, панду ҳикмат, чистону зарбулмасалҳо низ манфиатовар хоҳад буд. Адабиёти тоҷик аз ин ҷиҳат ғановатманду рангин аст. Чунончи, Камолиддини Биноӣ дар мазаммати пурхӯрӣ, ки яке аз одатҳои ношоистаи одамон мебошанду дар байни кӯдакон низ ҷой дорад, чунин гуфтааст:

Тандурустӣ агар ҳавас бошад,

Андаке аз таом бас бошад.

Дар ситоиши варзиш, ки бунёди солимист, Алишери Навоӣ фармудааст:

Чу варзиш нест, бас мушкил

бувад кор,

Чу варзиш шуд, набошад кор

душвор.

Дар адабиёти бачагонаи тоҷик ҳикояҳои зиёде ҳастанд, ки ситоиши наврасони тозаю озодаро мекунанд ва баръакс касони ифлостабиату «чиркинхӯҷа»-ро маҳкуму масхара менамоянд. Аз ин гуна ҳикояҳо дар дарсҳо истифода бурдану мувофиқи мазмуни онҳо бо ширкати хонандагон саҳначаҳои мухтасар (дар ҳаҷми 3-4 дақиқа) оростан амали хеле муассиру натиҷабахш хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар давоми дарсҳо (забони тоҷикӣ, хониш) ташкил намудани чанд лаҳзаи саволу ҷавоб оид ба қоидаҳои солимӣ, навиштани иншо (дар ҳаҷми 3-4 ҷумла) дар мавзӯи «Тозагӣ-гарави саломатӣ», нақл аз рӯи расми дахлдор, порае шеър дар ситоиши тозагию озодагӣ ва ё накӯҳиши ифлоскорию танбалӣ амали хеле манфиатбор аст.

Саломатӣ сарвати бебаҳои ҳар як шахс аст ва комёбии одамон дар тамоми ҷанбаъҳо, аз ҷумла, дар таҳсил аз он вобастагии қавӣ дорад. Ин нуктаро хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ бояд хуб донанду дарк намоянд.

 

Матлуба КАРИМОВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №87-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш