Нашрияи Омӯзгор

Хурофот - ифодагари ҷаҳолат

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Ҷавонон давомдиҳандагони кору пайкори калонсолон мебошанд. Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯзҳо баъзеи онҳо барои аз худ   кардани техникаву технологияи  муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи кишвар илмҳои барои кишварамон заруриро аз бар карда истодаанд. Албатта, ин раванд ба пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанду аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд.  Ва ин андеша дуруст аст, ки ҷавонони бешуғлу сатҳи донишашон пастро шомил кардан ба  равияҳои  барои кишвари мо хавфнок хеле осон мебошад. Маълум, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат бадбахтӣ меорад ва барои рушду тарақкиёти ҷомеа монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи солиму созанда ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будан таълиму тарбия кард.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла, Шарқи Наздик ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ гардиданд. Яъне, терроризму ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Дар ин маврид, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш (17.08. 2020) таъкид карданд: «Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо тероризми байналмилалӣ, радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад». Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон кору таълиму тарбия ва фаҳмондадиҳиро бояд ончунон ба роҳ монем, ки насли наврас ва ҷавонон бештар ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Тоҷикистони азиз шавқу завқ пайдо кунанд, аз оқибатҳои нохуши ифротгароию даҳшатафканӣ ва тероризми байналмилалию радикализму экстремизми динӣ бохабар бошанд ва дар мубориза бар зидди ин амалҳои харобиовар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

 

Низорамоҳ Тоҳирова,

директори мактаби №33-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш