Нашрияи Омӯзгор

Табиат бо об шукуфост

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Об дар табиат мавқеи муҳим дошта, ҳамзамон, шароити мусоид барои ҳаёти олами набототу ҳайвонот ва макроорганизмҳо фароҳам меоварад.

Об дар муҳити Замин, дар якҷоягӣ бо  дастаи сиркулятсионии атмосферии масофаҳои калон дар гардиши доимӣ қарор дорад. Сиркулятсияи об дар баҳрҳо (равиши баҳрӣ) ба гармии қабати атмосферӣ ва муовизаи намӣ боис мегардад.

Аз тарафи дигар, об чун омили тавонои геологӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Равандҳои геологии экзогении Замин бо фаъолияти об, ба монанди агенти эрозия) вобастагӣ дорад. Тақсим ва ҷудошавии ҷинсҳои кӯҳӣ, эрозияи хок, гузариш ва пасмондаи моддаҳо – равандҳои муҳими геологии бо об алоқаманд маҳсуб меёбанд.  Бештари моддаҳои органикии биосферӣ аз худ маводи фотосинтезиро боқӣ мемонанд, ки дар натиҷаи он растаниҳо энергияи рӯшноии офтобро истифода намуда, моддаҳои органикии бавуҷудомада дар таркиби худ гази карбон ва обро ташкил менамоянд.

Об ягона сарчашмаи оксиген буда, дар атмосфера ҳангоми ҷудо шудан аз ҳисоби  фотосинтез тавлид меёбад. Организми зинда, аз ҷумла, бадани инсон, ки 80% - и онро об ташкил менамояд, бидуни ин неъмати нодири табиат вуҷуд дошта наметавонад. Талафи 10-20% об дар организми инсон ба хатари марговар оварда мерасонад.

Об дар фаъолияти  ҳаётии инсон нақши муҳим мебозад, он бевосита ба ҳайси нӯшокӣ, барои анҷом додани корҳои хоҷагӣ, ба даст овардани маҳсулот ва маводи гуногуни хоҷагии халқ истифода мегардад. Он  арзиши рекреатсионии истироҳатӣ ва ҳамзамон, арзиши фарҳангии бузургро доро мебошад.

Дар табиат об чун намуди тозаи химиявӣ  вуҷуд надорад. Вай аз худ маҳлули мураккаби таркиби газҳо (дар мисоли O2, СO2, Н2S, CH4), моддаҳои органикӣ ва минералиро боқӣ мемонад.  Дар таркиби обҳои табиӣ элементҳои химиявии зиёд ёфт шудаанд. Обҳои  баҳрҳо ба ҳисоби миёна дорои 35г/дм (34,6 – 35,0%) намак   мебошанд. Қисмати асосии намакро хлоридҳо (88,7%), сулфат (10,8%) ва карбонатҳо (0,3%) ташкил менамоянд. Дар табиат обҳои минерализатсияшудаи боришоти атмосферӣ- обҳои тозаю шаффофи кӯҳӣ фоизи камтарин ҳисобида мешаванд.

 Оби тоза ҳиссаи хурдтаринро аз обҳои захиравии умумӣ дар табиат (наздик 2 фоизи гидросфера)  дорад. Оби тозаи ошомиданӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзаҳои зеризаминӣ ҷойгир шудааст. Захираи оби тоза аз рӯи  ҷойгиршавӣ нобаробар тақсим шудааст. Бо таъсири ин омил муаммои норасоии оби ошомиданӣ ба миён меояд.

 Дар замони муосир талабот ба об дар хоҷагии халқ, дар соҳаҳои калидии истеҳсолот, дар мисоли соҳаи саноат, бағоят зиёд аст. Аз таҷрибаҳо маълум аст, ки барои  коркарди  як тонна нафт тақрибан 60 тонна об, барои  тайёр намудани як тонна маҳсулоти шартии газвор 1100 тонна, барои истеҳсоли риштаи сунъӣ то 5000 тонна об масраф   мешавад. Ҳамзамон, барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, 1 тонна гандум  2 тонна об, шолӣ зиёда аз 25 тонна об сарф мегардад.

 Ҳамин тариқ, об арзиши  баландтарини ашёи хомро  касб кардааст, ки онро бо моддаи дигар иваз намудан ғайриимкон мебошад. Айни замон таъминот бо об яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар ҳаёти инсоният ба ҳисоб  меравад. Муаммои норасоии оби тоза бо таъсири якчанд сабаб, асосан аз зиёдшавии талаботи инсон ба оби  ошомиданӣ, тақсимоти нобаробари он аз рӯи вақт ва фазо, талафот ҳангоми кашонидан ва бад шудани сифати об аз ҳисоби ифлосшавии муҳити зист ба миён меояд.

Вазъи ифлосшавии оби тоза аз дуруст ба роҳ монда нашудани  ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳои истеҳсолӣ, алалхусус, дар мисоли корхонаҳои селлюлоза – коғаз, химиявӣ, хӯрокворӣ, металлургияи ранга, коркарди нафт, металлҳои сохтмонӣ,  мошинсозӣ ва ғайраҳо  вобастагӣ дорад.

Талаботи аҳолӣ ба оби тоза дар рӯи Замин ба андозаи 05-2% дар як сол зиёд мешавад. Баробари ин, мутаассифона, талафоти  оби тоза  сол то сол  зиёд шуда, афзоиши истифодаи он ба соҳаҳои зарурӣ алоқамандии зич дорад.

Кӯшишҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти хатарҳои бузурги дар соҳаи об мавҷуда исботи онанд, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аз масоили муҳимтарин маҳсуб ёфта, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир ва амали самарабахши якҷояро тақозо дорад.

 

Ҳаким Ғаюров,

муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ, номзади илмҳои физика ва

математика, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш