Нашрияи Омӯзгор

Рушди тафаккури техникӣ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъалаи омӯзиши илмҳои бунёдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки он ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунони босуръати кишвар иртиботи қавӣ дорад.

Бинобар ин, мо – омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи таълими фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Масъалаи ба фанҳои бунёдӣ ҷалб намудани хонандагонро аз зинаҳои поёнӣ оғоз бояд кард. Таҳқиқоту баррасиҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки ба кластери якум – фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ шумори ками довталабон ҳуҷҷат месупоранд. Бо дастури Пешвои миллат солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд ва давра ба давра ҳадафҳои судманд дар ин замина амалӣ хоҳанд гашт. Мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, бояд дар ин зинаи таҳсилот шавқу рағбати хонандагонро бо дарсҳои рангину таваҷҷуҳбарангез ба омӯзиши фанҳои дақиқ бедор намоем. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон аз усули муносибати босалоҳият  ба таълим кор мегиранд, ки ин раванд ба хонандагон мустақилияти бештар медиҳад ва омӯзгор зуд дарк мекунад, ки онҳо дар кадом самт истеъдод доранд. Татбиқи ин ҳадафро Пешвои миллат чунин арзёбӣ карданд: «Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад».

Масъалаи дигар, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошад. Имрӯз тамоми муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои  таълимӣ таъминанд ва аз омӯзгорон тақозо мешавад, ки дарсҳоро ҳадафмандона амалӣ намоянд. Ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ мушкил набуда, омӯзгорро мебояд шавқу рағбати онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳо бедор намояд. Кишвари азиз мо – Тоҷикистон  дорои сарватҳои табиӣ мебошад, ки барои кашфу истифодаи амалии онҳо мутахассисони ҳирфаию ихтироъкор заруранд  ва заминагузори он мактаб маҳсуб меёбад. Дар ин росто, Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Вале ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар соҳаҳои вобаста ба иктишофу ҷустуҷӯи боигариҳои мавҷуда ва истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорем».

Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур аст, ки бо дарсҳои рангину ҷолиб тафаккури техникии насли наврасро густариш бахшида, дар пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми босазо гузорем.

 

Бибимо ШАРИФОВА,

омӯзгори мактаби №36-и

ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш