Нашрияи Омӯзгор

Карикатура дар дарси таърих

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

«Карикатура» калимаи итолиёвӣ буда, маънои аз ҳад гузарониданро дорад. Карикатура, тасвирест, ки ҷиҳатҳои манфии шахс ё объектро бо мақсади ҳаҷв намудан ва фош кардан, қасдан ва ё мазҳакаомез аз будаш зиёдтар нишон медиҳад.

Яке аз шаклҳои маъруфтарини ҳаҷву шӯхӣ жанри санъати тасвирӣ ба шумор меравад. Карикатураро дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ё маишӣ офарида, ба он матни мухтасари пурмазмун илова мекунанд. Он таърихи қадима дорад. Унсурҳои карикатураро ҳанӯз дар боқимондаҳои папирусҳои Мисри Кадим, осори ҳайкалтарошӣ ва зарфҳои мусаввари Юнон, фрескаҳои Рими Қадим, муҷассамаҳои ороишии маъбадҳои асрҳои миёна ва минётураи китобҳо вохӯрдан мумкин аст. Таърих гувоҳ аст, ки инкишофи карикатура бо муборизаҳои шадиди  таърихӣ барои озодии миллӣ ва синфӣ алоқаи мустаҳкам  дорад.

Дар рушду инкишофи карикатура хизмати рассомон У.Хогарт, Ҷ.Гилрей (Британиёи Кабир), Ф.Гойя (Испания), О.Доме (Франсия), В.А.Серов, Б.М.Кстодиев, Я.ЕЛансере (Россия) калон аст. Дар мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ намунаҳои беҳтарини карикатураро Ф.Эллис (ИМА), Ж.Эффел (Франсия), Х.Бидструп (Дания) ва дигарон офаридаанд. Асарҳои беҳтарини карикатурии замони шӯравии В.Н.Дени, Д.С.Моор, М.М.Черемних, Кукриниксхо, Б.Е.Ефимов, Б.И.Пророков ва дигарон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Барои ташаккул ва инкишофи карикатура дар Тоҷикистон маҷаллаҳои ҳаҷвии «Машраб», «Мулло Мушфиқӣ», «Бигиз» (Сӯзан), «Ширинкор», «Мушфиқӣ» (солҳои 20-30-юм), «Оинаи ТоҷикТА» (дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Хорпуштак» (аз солҳои баъдиҷангӣ то ҳол) нақши хосае бозидаанд. Ҳаҷвнигорони тоҷик Ҳ.Расулов, П.Гейвандов, Б.Протасов, Д.Сафоев ва дигарон дар асарҳои худ ҷиҳатҳои манфӣ ва зарарноки ҷамъиятиро маҳкум ва фош мекунанд.

Карикатура имрӯзҳо хеле маъмул гардида, қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.  Ҳангоми кор бо карикатура дар дарсҳои таърих дар хонандагон образи ҳиссиётии замони омӯхташаванда пайдо мешавад. Хонандагон  дар асоси онҳо фикр карда метавонанд.  Муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ҳаматарафаи хонандагон саҳми бозасое доранд. Алалхусус, дар ҷараёни дарси таърих тавассути аёниятҳову воситаҳои нави муосир, аз ҷумла, карикатураҳо метавон ба фикрронӣ, дарккунӣ ва нуқтаи назари таърихиву сиёсии хонандагон таъсири мусбат расонд.

Истифодаи расмҳои ҳаҷвӣ дар баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва савияи дониши хонандагон аҳамияти калон дорад. Бахусус, дар ҷомеаи муосир, ки тамоми муносибатҳо аз муошират ва гузоштани эҳтиром нисбат ба атрофиён, ҳамкорон, шарикон ва ғайра ба вуқӯъ мепазирад, аз тарбияи инсон маншаъ мегирад. Дар шароити Тоҷикистон, ки воҳиди мустақил аст, соҳиби миллати соҳибтамаддун ва таъриху фарҳанги бой аст, тарбия бояд нақши хеле муассир дошта бошад, чун мо имрӯз муаррифгар ва меросдори миллати қадимаи ҷаҳон, тамаддуншинос ва фарҳангволо ҳастем. Дар ин раванд моро танҳо тарбия, бахусус, тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва тамаддунофарӣ метавонад сармашқи кор бошад.  Чун Тоҷикистон ҷавон аст, тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон бояд ки афзалияти махсусро соҳиб бошад.

 

Гулнора ҶАҲОНОВА,

 омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби №30, шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш