Нашрияи Омӯзгор

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Истиқлолият яке аз омилҳои устувори ҷомеа буда, барои кишвари мо манзалати баланди давлатӣ, сулҳу субот ва ҷаҳонӣ ато намуд. Истиқлолият миллати куҳанбунёди тоҷикро болу пар бахшид ва аз нобудшавӣ наҷот дод:

Мурғро дар осмон раҳ бе қаноту бол нест,

Миллатеро давлате беҳтар зи истиқлол нест.

Бояд тазаккур дод, ки гузаштагони халқи тоҷик, аз сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ ва бузургони дигари миллат истиқлолиятро ҳамчун маҳаки асосии рушди ҷомеа ва ҳастию бақои миллат тасвир намуда, ба мавзӯи инсонгароӣ, хирадсолорӣ, эхтироми ҳамдигарии мардум, арҷгузорӣ ба арзишхои миллӣ, пойдории сулҳ ва дигар амалҳои ҳамидаи инсонӣ диққати хоса додаанд. Баъдтар ин мавзӯи ҳаётан муҳим дар асарҳои устодон Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, МирзоТурсунзода, Мирсаид Миршакар, соҳибсуханони саршиноси асрҳои бистум ва бистуякум ҳамаҷониба тақвият ёфтааст.

Шоира Сабзинаи Содиқиён Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомӣ, муждарасони сулҳ ва поягузори истиқлоли миллати тоҷик номида, қайд кардааст, ки маҳз ӯ истиқлолияти давлатиро дубора баъди садсолаҳо эҳё намудааст:

Ҳазорон сол баъди Оли Сомон боз бо сомон

Биёмад як сарафрозе ба фарру сурату иқбол.

Забони пур зи ваҳдат, дӯстиву сулҳи поянда

Ва истиқлоли тоҷикро дубора кард истиқбол.

Шоира Бадахшонро аз қудуми баракати истиқлолият ба як гӯшаи ободу зебо ва пешрафта ба қалам додааст:

Бадахшон тӯй дорад, тӯйи истиқлолу пирӯзӣ,

Бадахшон тӯй дорад, тӯйи ободии ин кишвар.

Бадахшон гулфишон чун як канориТоҷикистонам,

Садои дӯстӣ ояд зи ҳар кӯю зи ҳар манзар…

Самараи истиқлолияти давлатии кишвар аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон дар арсаи дунё чун давлати сулҳпарвар ва амну осуда  шинохта гардидааст.

Айни замон модули пойдор намудани сулҳу амонии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор дошта, дар мулкҳои даргир барои фурӯ нишондани низою ҷангҳо ва таъмини сулҳ аз он истифода бурда мешавад.

 Вазифаи муқаддаси кунунии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ мебошад.

С. Неққадамова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби № 31-и ноҳияи Роштқалъа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш