Нашрияи Омӯзгор

Пешгирӣ аз сироят

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Хуросон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории ҳамагири коронавирус ҳамарӯза тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мегарданд.  Дар 61 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 260 кг хокаи хлор, маҳлулҳои антисептикӣ (180 тонна, ҳар кадоме ба миқдори 650 мл) ва ниқоб (2675 дона) захира гардида, дар раванди таълим аз онҳо истифода карда мешавад. Аз тарафи мақомоти маҳаллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки ҳамарӯза вазъи риояи талаботи санитарӣ, нигоҳдории масофаи байниҳамдигарӣ, истифодаи ниқоб ва дигар маводи антисептикию безараргардонӣ аз ҷониби масъулин, омӯзгорон ва хонандагонро дар муассисаҳои таълимӣ назорат мебарад.  О.Шарифзода илова кард, ки дар шуъбаи маорифи ноҳия низ чунин маводи безараргардонӣ захира гардидааст. Баҳри баланд бардоштани маълумотнокии падару модарони хонандагон оид ба пешгирӣ аз сирояти вируси нав аз тарафи масъулини муассисаҳои таълимӣ як қатор чораҳо андешида шудаанд.

 

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш